Саидқул Билолов

     Аз ҷумлаи сарояндагони навсаро ва соҳибмактаб аст. Ҳарчанд намояндаи мардум дар парламон буд ва сарварии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба ӯҳда дошт, аз курсии парламон боз ба ҳамон дастаи “Дарё” баргашт, вале рӯ ба сиёсат наовард. Ҳатто замоне ҳам, ки парламоннишин буд, ҳарфаш бӯи сиёсат надошт.
     Мавлудаш 5-уми декабри соли 1953 будааст ва макони таваллуди ӯ ноҳияи Данғара. Вале касе нашунидааст, ки аз данғарагӣ будан нозад. Худро шахсияти эътирофшуда медонад ва чун зиёии рушанфикр мансубият ба як маҳалро қабул надорад.  
     Маълумоташ олист.  Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст ва аввалин рӯзҳои фаъолияти кориашро дар ҳамин Донишкада оғоз намудааст. Баъдан як муддат  дар мактаб-интернати ба номи Малика Собирова фаъолият кардааст.
     Аз бунёдгузорон ва роҳбарони  ансамбли овозадори “Дарё”-и назди Кумитаи давлатии радио ва телевизион аст.  
     Чуноне ишора рафт, соли 2002 аз ҳавзаи интихоботии рақами 2 Исмоили Сомонӣ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 2 интихоб шудааст ва муддати чор сол  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон будааст.
     Аз ҷумлаи сарояндагони ашъори Бозор Собир аст ва шояд касе мисли Саидқул Билолов аз шеърҳои марғуби ин шоири соҳибшӯҳрат тарона насохта бошад.
     Пеш аз эълони Истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо устод Бозор шабнишиниҳои муштараки шеъру тарона барпо кардааст. Бозор Собир ҳам боре гуфт: “Ҳеҷ шоири тоҷик ба ҳадди Саидқул Билолов шеъд аз ёд намедонад”. Ва дар ин гуфтаҳо шаке нест. Дар ҳақиқат Саидқул Билолов аз донандагони хуби шеъри гузашта ва имрӯза аст. Дафтари эҷодаш саршор аз ашъори шоирони бузури форсу тоҷик аст ва аз удабои муосир бештар аз Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Камол Насрулло ва дигарон шеърҳо интихоб кардааст. Дар ин замон кам сарояндагоне дорем, ки  мисли Саидқул Билолов маънирас бошанд.  
     Тӯли чанд соли охир сурудҳо дар мавзӯъҳои ватанпарастии Саидқул Билолов гимни телевизиони Тоҷикистон шудааст, ки коргардонҳо клипҳои ҷолибе рӯи таронаҳояш наворбардорӣ кардаанд ва онҳо  дар фосилаи барнома то барнома садо медиҳанд.  
     Таронаи марғубе бар шеъри “Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд”-и Бозор Собир сохт ва ансамбл ба ҳадде ҷолиб суруд, ки иддае хостори ба суруди миллӣ табдил додани он шуданд.
     Корманди Шоистаи Фарҳанг ва дорандаи унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
     Оиладор аст, соҳиби чор фарзанди ба балоғатрасида мебошад.

барчасп: