Малика Қаландарова

Аз ҷумлаи маъруфтарин раққосаҳои кишвар буд, ки дар даврони Шӯравӣ шуҳрати беандоза дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Амрико рахти сафар баст ва имрӯз ҳам муқими он кишвар аст.
     Калонтарова Мазол Яшуваевна 2-уми феврали соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1973), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1976), Артисткаи  халқии СССР (1984),  дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ (1984).
Аз соли 1965 то 1990 раққсосаи  ансамбли «Лола» буд. Истеъдоди  амиқи дарки мусиқиро дошт, аз қаҳри садо хислатҳои нодири қаҳрамононашро пайдо мекард. Бо ҳаракатҳои нозуки даст, парвозҳои  зариф, ишораҳои латиф диққатро ҷалб мекард. Аз печутоби  нозукадояш мардум дар толор ба шавқ меомад, гўё танҳо суробест бо ҳазор ҷилвагарӣ суруди фараҳбахши шодиро месарояд.
Ба ҳар зарб, ҳар бам, ҳар савт, ба ҳар авҷу фирор азои баданаш  мутаносиб меларзид. Ба гумон мусиқӣ аз пайкараш мегузарад.
Шодии дилашро бо рақс баён менамуд, худро дар олами ширини афсонаҳо медид, афсонаҳое, ки  зеботарин ва шевотарин   лаҳзаҳои кору зиндагии ҳамзамононро дар худ таҷассум  менамуд. Собит месохт, ки рақс зебоист ва хурушу туғёни дил маҳз аз зебоист. Ў рақси мардуми моро шаҳр ба шаҳр, қитъа ба қитъа бурд.
Дар дили  ҳаводорони  арғушт изтироби  аз шодию фараҳ андохт. «Духтари хандон», «Мор», «Гули бахт», »Шодиёна», «Духтари кўҳсор», «Баёти  панҷ» барин рақсҳои тоҷикияш  нотакроранд.
Ҳоло муқими ИМА ҳаст, вале лаҳзае аз рақси тоҷикӣ ҷудо нест. Дар он кишвар ансамбли рақсӣ созмон додааст, ки арғушти тоҷикӣ  ва дигар халқҳои Шарқ дар барномааш  асосианд.

Баргирифта аз Донишномаи “Арбобони фарҳанги тоҷик”,
таҳияи Ёрмуҳаммади Сучонӣ,
интишори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

барчасп: