Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо

Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу  тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».

Шаҳрошўб аз он сабаб навъ ё жанри шеърӣ ҳисоб мешавад, ки дар кадом қолаби назм навишта шудани он фарқ надорад. Он метавонад дар шакли рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, ғазал, қасида, маснавӣ, мухаммас ва ғайра навишта шавад. Жанри Шаҳрошўбро азмуни он муайян мекунад. Шарти асосӣ ва қонуни жанри шаҳрошўб он аст, ки мазмуну мундариҷаи он ба зиндагии воқеӣ ва касбу кори гурўҳу табақаҳои иҷтимоии шаҳр нигаронида мешавад. Ин гурўҳ метавонад ба ин ё он табақаи иҷтимоӣ мансуб бошад, чунонки як қисми шаҳрошўбҳо гурўҳи ақли санъатҳои ҳунармандӣ ва ҳаҷвияҳои шаҳрошўб, гурўҳи намояндагони табақаҳои ҳукмронро фаро гирифтаанд. Бояд гуфт, ки қисми асосии осоре, ки дар жанри шаҳрошўб гуфта шудаанд, ба тасвири ҳунармандон ва анвои касбу ҳунарҳо бахшида шудаанд. Ин ҳам бесабаб нест, зеро «асоси ҷомеа ва ҳаёти шаҳрҳои асримиёнагии моро ҳунармандон ва истеҳсолу фурўши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил мекард, шоирон низ дар таълифи шаҳрошўб, аз рўи мақсад ва вазифаи ин жанр бештар ба зиндагии ҳамин табақа муроҷиат мекарданд».

Аз ҷумлаи нахустин ашъори шаҳрошўб дар адабиёти форсу тоҷик 79 адад муқаттаоти шоири нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII Масъуди Саъди Салмон аст, ки ҳар яке ба тасвири касбу ҳунар ё сифату хислати муайяни инсонӣ бахшида шудааст. Намунаи рубоиёти шаҳрошўб дар асрҳои XII- XIII дар эҷодиёти Маҳастии Хуҷандӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ низ ба назар мерасад. Асрҳои XV-XVI дар таърихи шаҳрошўбнависӣ – давраи хеле пурмаҳсул ва авҷу камол маҳсуб мешавад. Дар ин давра силсилаи ғазалҳои шаҳрошўби Сайфии  Бухороӣ ба вуҷуд омадаанд, ки А. Н Болдирев онҳоро намунаҳои хуби ин жанр ҳисоб кардааст. Дар ҳамин давра шоирон Мавлоно Ҷамолиддин Огаҳӣ ва Мирмуҳаммад Ҳошим шаҳрошўбҳои ҳаҷвӣ дар шакли қасида эҷод кардаанд, ки ба қавли Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» ба мазмуни «мазаммати тамомии ҳукам, умаро, содот, уламо, ашроф ва аъёнии Ҳирот» бахшида шудааст. Хондамир матлаи ду қасидаи шаҳрошўби шоирони мазкурро овардааст. Аз ҷумла матлаи қасидаи Мирмуҳаммад Ҳошим чунин аст:

Шукри худо, ки қозии шаҳри Ҳарӣ наям,

Дар силки одамисифатон харе наям.

Бо назардошти он ки дар бораи ташаккул ва таҳаввули шаҳрошўб асари арзишманди донишманди эронӣ Аҳмад Гулчини Маонӣ таълиф гардидааст ва дар осори дигари таҳқиқӣ низ маълумоти зарурӣ метавон дар бораи ин жанр пайдо намуд, мо беш аз ин дар бораи сайри таърихии он таваққуф карданро лозим намедонем ва ба таҳлили шаҳрошўби Сайидо, ки ҳадафи аслии ин мақола аст, мепардозем.

Дар таърихи адабиёти тоҷик суннати шаҳрошўбнависиро Сайидои Насафӣ дар асри XVII, ба авҷи аъло расонида ва дар ин равиш на қабл аз ў ва на баъд аз вай касе дар шаҳрошўбнависӣ ба пояи вай набудааст. Дар ин мақола ҳадаф таҳлили шаҳрошўби Сайидо аз нигоҳи сабку услуб, маҳорати шоирӣ орояҳои адабӣ набуда, ҳадаф ҷанбаи мардумшиносӣ, яъне муайян намудани анвоъ ва теъдоди касбу ҳунарҳоест, ки дар шаҳрошўби Сайидо тасвир гардидаанд. Ба ҳайси маводи омўзиш ва таҳлил дар ин мақола матни илмӣ-интиқодии «Куллиёти осори

Сайидои Насафӣ», ки соли 1990 бо муқаддима ва тасҳеҳи Ҷобулқо Додалишоев чоп шудааст, интихоб карда шуд, зеро матнҳои ба табъ расонидаи А. Мирзоев, Ҳ Шанбезода [4] ва «Девони Сайидои Насафӣ» ноқис буда, тамоми ашъори Сайидоро дар бар нагирифтаанд.

Дар«Куллиёти осори Сайидои Насафӣ»  таҳти унвони «Шаҳрошўб» 410 байт шеърҳое ворид шудаанд, ки ҳам аз лиҳози вазн ва ҳам аз ҷиҳати қолаби шеърӣякранг нестанд. Онҳо дар аксари қолабҳои хурдҳаҷми назм аз қабили байт, қитъа, ғазал, маснавӣ ва амсоли онҳо таълиф шуда, ягонагии сохтори онҳоро чун як асари алоҳида мазмун ва ҳадафи шоир-тасвири анвои касбу ҳунар ва ҳунармандон таъмин намудааст.

Аз мутолиаи ашъори шаҳрошўби Сайидо, ки ба «Куллиёти осор»- и ў ворид шудааст, маълум мегардад, ки дар маҷмўъ 227 касбу ҳунар, машғулият ё сифату хислати инсонӣ тасвир карда шудааст. Дар шеърҳо соҳибони касбу ҳунарҳо шахсони муайян нестанд ва номи ҳеҷ кадоми онҳо зикр нашудааст. Шоир соҳибони касбу ҳунарҳоро бо алфози «дилбар», «нигор», «шўх», «моҳ», «бут» ва ғайра ном бурда, ба восилаи ҳазлу зарофат касбу ҳунар ё хислату сифати шахсии онҳоро тавсиф менамояд. Сайидо дар ҳар як шеъри худ истилоҳоти хоси касбу ҳунари муайянро истифода мебарад ва хонанда метавонад ба ин васила дар бораи касбу ҳунари тасвиршаванда тасаввурот пайдо кунад. Масалан, дар қитъае, ки ба васфи сартарош бахшида шудааст, бо алфозу таъбироти марбут ба ин касб аз қабили «теғ», «фўта», «мўй» ба назар мерасад:  

Теғ бар каф сартарошам қасди куштан кардааст,

Ошиқонро фўтаи зорӣ ба гардан кардааст.

Қисматаш ҳаргиз намегардад сари мўе зиёд,

Гарчи дар дўкони худ аз мўй хирман кардааст.

Ё худ дар фардбайте, ки ба танбўрнавоз бахшида шудааст, алфози хоси ин касб «танбўрӣ»,  «оҳанг», «парда» истифода гардидааст:

Гуфтамаш бо моҳи танбўрӣ «Чароӣ кў ба кў»,

Гуфт: « Оҳанги мухолиф шуд сухан дар парда гў».

  Касбу ҳунар ва машғулиятҳоеро, ки дар шаҳрошўби Сайидо тасвир шудаанд метавон ба се даста ҷудо намуд. Аввалан, касбу ҳунарҳое аз қабили хаймадўз, фассод, заҳтоб, собунпаз, дегрез, ҷилавдор, фўтабоф, сорбон, ғўзачин, қиссахон, хоркаш, дуктарош ва ғайра, ки дар замони Сайидо роиҷ будаанд ва имрўз аз байн рафтаанд. Сониян, касбу ҳунарҳое монанди шоликор, найнавоз, заргар, сартарош, қассоб, тоқидўз, мўзадўз, ошпаз, дуредгар, санбўсапаз, нонпаз, табиб ва амсоли онҳо, ки то замони мо расидаанд ва аз касбу ҳунарҳои маъмул ҳисоб меёбанд.

Гурўҳи сеюмро касбу ҳунарҳое ташкил медиҳанд, ки муддате дар байни мардуми мо аз байн рафта, имрўз аз нав эҳё ва роиҷ шудаанд. Масалан, касбу ҳунарҳо ва машғулиятҳое чун тарбузфурўш, нонфурўш, испандсўз, савдогар, шарбатфурўш, ҳалвогар, ҷуғротфурўш, ҳаммол, ҳезумфурўш пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ маъмул гардидаанд.

Аз ҷумлаи касбу ҳунарҳое, ки имрўз аз байн рафтааст, касби машксозӣ (халтаи чармин барои обгирӣ) мебошад, ки дар шаҳрошўби Сайидо чунин тасвир шудааст:

Эй дўстон зи шўхи машксоз алҳазар,

Дўкони ўст пур зи машкҳои гурбасар .

Дар фардбайти дигар Сайидо тасвири шахсе мекунад, ки шуғли ў испандсўзӣ будааст:

Дилбари испандсўзам оташамро кард тез,

То кунам дар хидмати ў пеши мардум ҷастухез.

Шуғли мазкур дар аҳди шўравӣ роиҷ набуд, вале дар даҳсолаҳои охир шахсонеро дидан мумкин аст, ки бо шуғли ҳазориспандсўзӣ машғуланд ва ҳазориспандро дар тобаҳо сўзонида дар кўчаву бозорҳо мегардонанд.

Бояд гуфт, ки бо шоҳиди шеърӣ зикр кардани тамоми ҳунарҳое, ки дар шаҳрошўби Сайидо тасвир шудаанд, имкони ғунҷоишро дар ин мақола надоранд.

Аз ин хотир, номи касбу ҳунарҳоеро, ки дар шаҳрошўб васф карда шудаанд, дар як феҳрист зикр менамоем, то имкони қазоват дар бораи анвои касбу ҳунарҳои роиҷ дар замони Сайидо тасаввури бештар пайдо гардад.

  Ашъори шаҳрошўби Сайидо аз якчанд ҷиҳат аҳамият ва арзиши назаррас дошта метавонад. Аввалан, шеърҳои ба касбу ҳунарҳо бахшидашуда, ки аз номи шоҳиди зиндаи он замон, яъне Сайидои Насафӣ гуфта шудаанд, барои муҳаққиқони риштаи таърих, мардумшиносӣ, санъатшиносӣ дар таҳқиқи марҳалаҳои таърихи касбу ҳунарҳои мардуми тоҷик маводи   фаровони илмӣ дода метавонад. Сониян, ба воситаи ашъори шаҳрошўби Сайидо ном ва истилоҳоти хоси касбу ҳунарҳое, ки дар асри XVII дар шаҳрҳои асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон роиҷ будаанд ва то замони мо боқӣ мондаанд, ҳамчун маводи таҳқиқ барои муҳаққиқони ҳунарҳои мардумӣ хидмат карда метавонанд. Ҳамчунин ашъори Сайидо дар тарғиби касбу ҳунар дар байни насли ҷавон ва бедор кардани эҳсоси меҳнатдўстӣ ва эҳтиром ба касбу ҳунар нақши муассир дошта метавонад.

Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки шаҳрошўби Сайидо натанҳо асари камназири адабӣ дар таърихи назми форсу тоҷик мебошад, балки бо мазмуну мундариҷаи худ маъхази мътамад ва гаронбаҳои илмӣ барои таҳқиқи таърихи таҳаввули касбу ҳунарҳои мардуми тоҷик дар асрҳои миёна ҳисоб мешавад.

Адабиёт

1. Болдирев А. Н. Зайниддин Восифӣ.- Сталинобод, 1957.

2. Девони Сайидои Насафӣ. Бо тасҳеҳ ва таълиқи Ҳасани Раҳбарӣ.-Теҳрон, 1382

3. Садрӣ Саъдиев. Адабиёти тоҷик дар асри XVII. – Душанбе, 1985.

4. Сайидои Насафӣ. Девони мунтахаб. Муаллифи сарсухан ва ба чоп тайёркунанда А. Мирзоев.- Сталинобод, 1944,

5. Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб. Бо муқаддима ва тавзеҳоти Ҳ. Шанбезода. – Душанбе, 1977.

6. Сайидои Насафӣ. Куллиёти осор. Матни илмӣ ва интиқодӣ бо муқаддима ва тасҳеҳи Ҷобулҳо Додалишоев.- Душанбе, 1990.

7. Хондамир. Ҳабибу-с-сияр. - Бомбай, 1857.

8. Шаҳрошўб дар шеъри форсӣ. Таълифи Аҳмад Гулчини Маонӣ.-Теҳрон, 1942.

Муаллиф А. Абдусатторов

Паёмномаи фарҳанг, 2014, 4 (28)