Абармардони созу наво: БОРБАДИ МАРВАЗӢ

Аз ин сӯ Борбад чун булбули маст,
Зи дигар сӯ Накисо чанг бар даст.
Низомӣ
    

     Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надошта. Ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард.
     Борбад (тақр. 585 – 89, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмўи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ аст. Вай бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.
     Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсӣ-тоҷикии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (солҳои ҳукмронӣ 592 – 628) буд.
     Асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омўхтааст. Фаъолияти омўзишӣ ва ҳунарандўзиаш асосан дар Марв (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони Сосониён буд, ҷараён гирифтааст. Мувофиқи ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии тоҷикӣ, арманӣ (Ал-Ҷоҳиз, 775 – 818; Ибни Хурдбеҳ, ваф. 912; Масъудӣ, ваф. 957; Ибни Муқаффаъ, 721 – 757; Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, 897 – 967 ва дигарон) хонаводаи Борбад тақрибан солҳои 588 – 90 ба ин шаҳр кўчидааст.
     Вай аз овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омўхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногунмавзўи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «транак» (tranak – тарона), «чикамак» (chikamak – чакома), «срут» (srut – суруд), «патвожа» (patwajak) ва ғайра асарҳо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад.
     Асари силсилавии мусиқии Борбад «Хусравонӣ» («Срот-и Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» – «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмўи мўҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми эронӣ ва умуман Шарқ мебошад. Ин асар маҷмўи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590 – 628) бахшида шудааст.
     Борбад инчунин силсилаи дигари мусиқиро бо номи «Сраишник» – Srayishnik сохтааст, ки дар сурудҳои он табиат, сиришту тақдири инсон, корнамоии паҳлавонон ва ғайра ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хаттӣ («Китоб-ут-тоҷ»-и Ал-Ҷоҳиз) ин силсила бо номи «Сарвад Ҳунавак» – Sarwad hunawak (сурудҳои хушоҳанг, замзамаи сохту таркибан ситоишӣ) бештар ёд шуда, дар ташаккули маҷмўи мусиқии тавсифии минбаъда нақши муассир доштааст.
     Борбад дар дарбори шоҳаншоҳони сосонӣ ба мартабаи «сарвар», «шоҳи ромишгарон» мерасад.
     Фаъолияти эҷодии Борбад дар дарбор дар ҳамкорӣ бо мусиқидонон, ҳунарвароне чун Накисо, Саркаб, Бомшод, Ромтин, Озодвори Ҷангӣ, Гесўи Навогар рангину пурбор гузашта, маҷмўи зиёди суруду оҳангҳои маросимию мавсимӣ эҷод менамояд. Дар адабиёти илмии мусиқии форсии тоҷикӣ ва арабизабон (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тусӣ ва дигарон) намунаи барҷастаи таснифоти устодонаи мусиқиро дар мисоли маҷмўаи силсилаи Борбад «Тариқат-ул-қадимия», «Тариқат-ал-фаҳлизия», «Форсиёт», «Форсивонсуруд» натиҷагирӣ кардаанд.
     Оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Борбад дар манобеи хаттии тоисломӣ, давраи исломии асрҳои миёна тавсифоти зиёд зикр ёфта, аз шўҳрат ва маҳорати эҷодию иҷроиаш бисёр сухан меравад. Ўро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равияи устодонаи иҷроӣ ва ғайра донистаанд.
     Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шўъба, гўша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, ҳафтдастгоҳ, шашмақом) гардидаанд.
     Дар сарчашмаҳои хаттии таърихию адабӣ (фарҳангҳои форсии тоҷикӣ, достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ ва ғайра) ному адади сӣ лаҳни Борбад ба таври гуногун омада ва номҳои асосии он тибқи манобеи хаттии мусиқӣ ва манзумаи маликушшуаро Баҳор чунин аст: “Ороиши Хуршед”, “Оини Ҷамшед”, “Аврангӣ”, “Боғи Ширин”. “Тахти Тоқдис”, “Ҳуққаи Ковус”, “Роҳу рӯҳ”, “Фаррухрӯз”, “Ромиши ҷон”, “Сабз дар сабз”, “Сарвистон”, “Сарви сиҳӣ”, “Шодурвони Марворид”, “Шабдиз”, “Қуфли румӣ”, “Ганҷи бодовард”, “Ганҷи сӯхта”, “Кини Эраҷ”, “Кини Сиёвуш”, “Моҳ бар куҳон”, “Мушкдона”, “Марвои нек”, “Мушкмолӣ”, “Меҳргонӣ”, “Ноқус”, “Навбаҳорӣ”, “Нӯшинлабон”, “Нимрӯз”, “Нахчиргон”, “Ганҷи гов”.
     Сӣ лаҳн ва дигар таснифоти Борбад воқеоти таърихӣ, фарҳангӣ, ҷашну маросимҳо, корномаю ҷаҳонкушоиҳо, саргузашти родмардони таърихи бостони мардуми эрониро баён намудаанд.
     Борбад ба сифати устоди фарҳангистони ( ramishsray) ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гурўҳҳои ҳунарӣ, коргузории гурўҳҳо (мусиқии дарборӣ, мусиқии ҳарбӣ, мусиқии маросимӣ, мусиқии размӣ, мусиқии базмӣ ва ғайра) хидмати шоиста намуда, барои ҳар гурўҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст. Ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбаре дошт, ки онро «хуррамбош» (xwarambach) ва ё «хуниёкиҳ» (huniyakih), «хуниёакар» (huniyakar – роҳбари мусиқӣ) мегуфтанд. « Сарпарастии ҳамаи дастаҳои созию овозиро Борбад ба ўҳда дошт ва ин рутбаро “гасангуфт” (qasanqoft), гасанрийшниҳ» (qasansrayishnih, яъне сарвару раҳнамои сурудгўён, навозандагон) меномиданд. Борбад дар вусъати ҳунарии дастаҳои касбии иҷроии беруназдарбории замони Сосониён бо номи «гасаник» – qasanik (сурудгўён), «гасангуфт» (qasanqoft), «гавасан» (qavasan), гавасансроишан (qavasansrayishan – мутрибон, устодони сароянда, мусанниф), «равиустадан» (raviystadan – гўяндагони достонҳои таърихию ҳамосӣ), «нивакустадан» (nivaqystfdan – сознавозон, оҳангсозон, сароянда – навозанда) ва дигар табақаю гурўҳҳои мусиқӣ низ саҳми хоси эҷодию иҷроӣ доштааст.
     Низоми мусиқии мураттабнамудаи Борбад дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъуляти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Борбад инчунин дар табақабандии овозҳои иҷроӣ, яъне занона (зананик– zananik) ва мардона (марикавач – mardikawach) асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Масалан, барои занони овозхон бо номи «Таҳнис» (Tahnis) асарҳо офаридааст.
      Образ, шахсият ва мероси мусиқии ӯ дар осори хаттии форсию арабизабон зиёд ба қалам омада (достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, ғазалу қасоиди классикони форс-тоҷик ва араб), рисолаҳои назариявӣ, таълифоти қомусӣ (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тўсӣ, Қайси Розӣ ва дигарон) ба нақши ў дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд додаанд. Ҳамчунин дар донишномаҳою тадқиқоти назариявии замони шўравӣ, пажўҳишгарони Аврупо доир ба саҳми Борбад дар бунёди маҷмўи силсилавии мусиқӣ, хоса санъати мақомхонӣ натиҷагириҳои ҷолиб рўи кор омадаанд, ки ин хулосаҳо бар пояи ахбори мўътамади хаттии замони Сосониён ва баъдӣ тавзеҳ шудаанд.
     Баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад, инчунин яке аз сабк, шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъаноти эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дорад ва он бо номи «марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрўз дар анъаноти мусиқии тоҷикон барҷост. Шахсият ва осори Борбад чун хориқаи бузурги ҳунарӣ мавриди баррасии аҳли таҳқиқ, ҳунару адаби ҳар давру замон будааст.
     Соли 1985 дар ш. Душанбе 1400-солагии зардўзи Борбад ҷашн гирифта шуд. Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо ба номи ӯ номгузорӣ ва доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.

Адабиёте, ки метавон руҷуъ кард:
Визго Т., Музыкальные инструменти Средней Азии, М., 1980.
Винаградов В., Классические традиции иранской музыки, М., 1982.
Абдулло Ориёпур, Борбади ромишгар, Д., 1989.
Борбад, эпоха и традиции культуры, Д., 198.
Борбаднома, Д., 1989; Раҷабов А.
Сарнавишти хунёгар, Д., 1989; ҳамон муаллиф.
Борбад ва замони ў, Д., 2004; ҳамон муаллиф.
Традиции классической музыкальной културы эпохи Сасанидов, Д., 2005.
Борбад: эпоха, традиции и наваторство, Д., 2010.
Донишномаи ҷаҳони ислом, ҳарфи б, ҷузваи дуввум, Теҳрон, 1371.

 

барчасп: