Ҳунаркада
Анъанаи ширнавбат (певоз) дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд
Чоп шуд: 15/04/2020Бонувони тоҷик бо мақсади осон гардидани корашон ва натиҷаи хуб гирифтан дар аксари корҳои рўзгор усули шарикиро пеша менамоянд. Бо ин васила ба роҳ мондани иддае аз корҳои занон ба манфиати ҳамаи онҳо буда, тифоқӣ, якдилӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ҳамдигарро ба вуҷуд меорад. Яке аз чунин амалҳо, ки таҷрибаи чандинсола дошта, то имрўз дар байни занони кўҳистони Тоҷикистон боқӣ мондааст, ин анъанаи ширнавбат мебошад.
Ғалмундӣ
Чоп шуд: 08/04/2020Таомҳои миллии тоҷикӣ тибқи шароит ва ананаҳои миллӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Тақрибан ҳар як вилоят таомҳои махсуси хуро доранд, ки дар дигар ноҳияҳо вуҷуд надоранд. Баробари хўрокҳои маъмулӣ ба монанди палов, шўрбо барак, лағмон, самбўса, мошкичирӣ боз хўрокҳое ҳастанд, ки онҳо танҳо хоси як ноҳия ё вилоят мебошанд. Тарзи пухтан ва тайёр кардани онҳо дар бисёр маҳалҳои Точикистон технологияи гуногуни худро доранд.
Таҷрибаҳои суннатии обёрии мардуми Рашт
Чоп шуд: 03/03/2020Об муъҷизаи гаронбаҳо ва манбаи пайдоиши ҳаёт буда, дар баробариоташу ҳаво ва хок яке аз унсурҳои асосии ҳастии олам шуморида мешавад. Ин неъмати илоҳӣ бо ҳастии худ курраи Заминро сарсабзу хуррам мегардонад.Мавҷудияти ин неъмати бузург ба ҳастии инсоният, ҳайвоноту наботот ва рустаниҳо алоқамандии зич доранд.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Миллали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи
Ҳунари аробачасозӣ дар Исфара
Чоп шуд: 03/03/2020Аз қадимулайём дар байни мардуми тоҷик барои солиму бардам тарбия ёфтан ва бозидани кўдак, бозичаҳое сохта мешуданд, ки онҳоро кўдакон бо шавқу завқи зиёд истифода мебурданд. Ин гуна бозичаҳо бо назардошти ҷисман солим будани кўдак ва ба завқ омаданашон тайёр мегардиданд. Бинобар ин ҳунармандон кўшиш мекарданд, ки бозичаҳои кўдакона зебо сохта шаванд ва кўдакро ба худ ҷалб карда тавонанд. Дар аксар ковишҳои археологӣ бозичаҳое пайдо шудаанд, ки аз гилу лой сохта шуда, барои бозии кўдакон пешбинӣ шудаанд.
Рақс бо табақ ва ё даъват ба оши палав
Чоп шуд: 03/03/2020Баробар бо дигар касбу ҳунарҳои суннатӣ, аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дўзандагию бофандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсу сурудхонии анъанавӣ низ маъмуланд, ки муҳаққиқон ин бахши фарҳанги миллиро “санъати иҷроӣ” номидаанд. Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки аз ҷониби олимони ПИТФИ таҳия шудааст, ин бахш бо номи “Санъати иҷроӣ” ва рақамгузории B000 зикр шуда, дар он беш аз 103 унсури фарҳанги ғайримоддӣ ба таври мухтасар шарҳ ёфтаанд.
Фатирмаска ҳамчун таоми миллӣ
Чоп шуд: 29/02/2020Як навъ таоми миллии мардуми тоҷик фатирмаска мебошад, ки аз замонҳои пеш то ҳол дар байни мардуми тоҷик маъмул буда, дар баъзе ҷо онро “чанголӣ” ном мебаранд. Фатирмаска асосан таоми зимистона мебошад, ки занон бештар вақт баъди пухтани фатир онро омода мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо фатирмаскаро дар мавсими пухтани харбуза низ тайёр мекунанд.
Дар китоби ДФМТ шарҳи мухтасари фатирмаска оварда шудааст:
Лухтаксозӣ дар Спитамен
Чоп шуд: 29/02/2020Лухтак як намуди бозичае мебошад, ки аз давраҳои пеш барои бозӣ кардани духтаракон таҳия карда мешуд. Аз замонҳои пеш то имрўз барои ҳар як духтарча аз ҷониби модару модаркалонашон лухтакҳои гуногун сохта мешавад. Духтаракон бо истифодаи лухтакҳо бозиҳои рангину шавқовареро иҷро менамоянд. Бозии аз ҳама маъмулии кўдакону наврасон ин лухтакбозӣ мебошад, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар бо номи зочабозӣ низ машҳур буда, бо ҳунари лўхтаксозӣ алоқамандии зич дорад.
Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» шарҳи муфассали лухтакбозӣ
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- 11
- …
- следующая ›
- последняя »