Ҳунари аробачасозӣ дар Исфара

Аз қадимулайём дар  байни мардуми тоҷик барои солиму бардам тарбия ёфтан ва бозидани кўдак, бозичаҳое сохта мешуданд, ки онҳоро кўдакон бо шавқу завқи зиёд истифода мебурданд. Ин гуна бозичаҳо бо назардошти ҷисман солим будани кўдак ва ба завқ омаданашон тайёр мегардиданд. Бинобар ин ҳунармандон кўшиш мекарданд, ки бозичаҳои кўдакона зебо сохта шаванд ва кўдакро ба худ ҷалб карда тавонанд. Дар аксар ковишҳои археологӣ бозичаҳое пайдо шудаанд, ки аз гилу лой сохта шуда, барои бозии кўдакон пешбинӣ шудаанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки талаботҳои ҷисмонӣ ва зеҳнии кўдакон дар замонҳои қадим ҳам эътибори калон доштааст. Ин суннатҳои миллӣ дар тўли ҳазорсолаҳо идома ёфта, аз қаъри асрҳо то замони мо омада расидаанд. Баъзе навъҳои бозичаҳои кўдакона тамоман фаромўш шуда бошанд ҳам, вале то имрўз ҳунармандон барои кўдакон бозичаҳое месозанд, ки онҳо барои рушди ақлонӣ ва ҷисмонии кўдак хеле муҳим ҳастанд. Яъне бо бозичаи зебо ба ҳайрат овардани кўдак хеле зарур аст, зеро таъаҷҷуб ба дониш роҳ мекушояд ва кўдак аз тариқи ҳайрат ба худ олами наверо кашф мекунад. Бо назардошти хусусиятҳои синну соли кўдак сохтани бозичаҳо ба роҳ монда шуда буданд.  Хушбахтона ҳанўз ҳам дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сохтани бозичаҳои кўдакона дар асоси суннатҳои қадима идома доранд. Баъзеи онҳо танҳо дар як ноҳия ё деҳа боқӣ мондаанд. Ба ин аробачаи кўдаконае ки ҳунармандони шаҳри Исфара тайёр мекунанд гувоҳӣ медиҳад. Аробача асосан барои зудтар роҳгардиро ёд гирифтани кўдакони гаваккаш (чорпоягард, чорғовак) сохта мешаванд. Кўдакон дар ин синну сол кўшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар роҳгардиро ёд гиранд. Ва ин талаботи ҷисмонии кўдак аз ҷониби калонсолон дастгирии ҳаматарафа ёфтааст. Бинобар ин бо ҳар роҳе ба вай кўмак расонидан зарур аст ва худи роҳ гаштани кўдак як шодии бузурги оила мебошад. Барои зудтар роҳравиро ёд гирифтани кўдакон дар шаҳри Исфара ҳунармандони маҳаллӣ аробачаи хеле пурнақшу нигоре месозанд, ки аз замонҳои қадим маъмул будааст. Аробача аз чор ғилдираки (чархак) чўбӣ сохта мешаванд. Ин ғилдиракчаҳо ба тахтаи чоркунҷаи нобаробар, пешаш камбар ва пасаш сербар пайваст карда мешавад. Инчунин дар пеш ду сутун ва аз болои онҳо дастқаппак насб карда мешавад, ки кўдак рост истода ба он такякунон аробачаро тела медиҳад ва худаш низ аз паси он қадам мегузорад. Вақте ки кўдак аввалин маротиба қадаммониро омўхта, пояш қавитар мегардад, ба ў лозим медонанд, ки аз ин гуна аробачаҳо истифода барад. Аробача имконият медиҳад, ки координатсияи (тавозуни) кўдак устувортар гашта, рост истодан ва  қадамҳоро гузоштан ба кўдак мадад мерасонад. Чунин аробача шавқи кўдакро оварда ўро ҳавасманд мекунад, ки ҳарчи зудтар рост истодан ва роҳравиро омўзад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи қисмҳои аробача бо нақшу нигори зебо ва рангҳои гуногун, инчунин ба ҷуз рангҳо бо лак пўшида шуда ба бозича ҷилои махсус мебахшад. Ин рангҳо бештар аз гулҳо, меваҳо истеҳсол карда шуда, дар худ унсурҳои кимиёвии зараровар надоранд. Умуман аробача аз маҳсулоти тозаи табиӣ сохта шуда, ба саломатии кўдак зиён намерасонад. Тахтаҳои чоркунҷа, ду сутун ва дастқаппак бо мехҳо пайваст мегарданд, ки ҳунармандон ҳамаи масолеҳи аробачаро суфта мекунанд, то ин ки ба ҷисми нозуки кўдак осеб нарасад. Бо гуфтаи ҳунарманд Исмонов Зарифҷон (с/т 18.11.1996 м/миёна, ҷ.д Навгилем, кўчаи Дукчии ш. Исфара) ин аробача аз «хадулька» ё «хадунок»-и ҳозиразамон бо он фарқ мекунад, ки дар ин кўдак намешинад, балки бо пояш рост истода, бо дастонаш аробачаро тела медиҳад. То хеле хуб аз худ кардани ин хатту ҳаракат калонсолон ба кўдак ёрӣ мерасонанд. Ин гуна аробачаҳоро асосан ҳунармандони чўбтарош тайёр ва омада мекунанд, ки мо онро дар шахсияти хонаводаи Исмоновҳо (Исмонов Анварҷон с/т1962, Исмонов Хуршедҷон с/т1993, Исмонов Ўрмонҷон с/т1973, Исмонов Назирҷон с/т1973, Исмонов Мансурҷон с/т1963 ва Исмонов Музаффарҷон (с/т 1973) дар шаҳри Исфари вилояти Суғд дарёфт кардем.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи ҳунармандон аз ҷумла аробачаи бачагона ҳанўз аҳамияти худро гум накардааст ва харидорони зиёде дорад, ки нархи онҳо 40-60 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳамин гуна аробача сохта мешавад, ки дар он кўдак метавонад дар дохилли аробача рост истода тавонад. Яъне ба аробача боз се чўби дигар пайваст карда мешавад, ки онҳо аз қади кўдак пасттар буда, кўдак бемалол метавонад дар ҳамаи қисмҳои он рост истад. Ин аробача ҳам чор чарх дорад ва кўдак мустақилана метавонад онро худаш рост истода ба ҳаракат орад. Дар рўзҳои аввал кўдакро зери назорат мегирифтанд. Вақте ки кўдак рост хеста истодан ва ҳаракат додани аробачаро аз худ мекард, он вақт модарон бештар дилпурона бо кору бори хона машғул мешуданд. Ин намуди аробача ба кўдак имконият медод, ки ҳам рост истодан ва ҳам қадам заданро мустақилона ёд гирад. Дар хусуси вуҷуд доштани ин гуна аробачаҳо муҳаққиқ Носирова Л. шаҳодат медиҳад. Яъне ў ин гуна аробачаро дар баъзе вилояти Хатлон ва ноҳияи Деваштич мушоҳида намудааст. Маълум мешавад, ки дар баъзе вилоятҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сохтани чунин аробачаҳо барои кўдакон хеле маъмул будааст ва то ҳанўз боқӣ мондааст. Мақсад аз сохтани чунин аробачаҳо дар он аст, ки тавассути он кўдакон рост истодан, инчуни қадам заданро ёд гиранд. Аробчае ки дар вилояти Хатлон маъмул аст боз кўдаконро аз афтидан нигоҳ медорад, инчунин аз осеб дидан ҳифз мекардааст.

Сарфи назар дар саноат истеҳсол шудани чунин ашёҳо ва истифода бурдани онҳо дар рўзгор хеле маъмул бошад ҳам, вале ҳунарҳои халқӣ, алалхусус, ҳунари чўбтарошон дар рузгори имрўзаи мо ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз байн нарафтани ин ҳунар далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик ба суннатҳои қадимаи худ эътиқоди калон доранд ва онро идома медиҳанд. Давом додани ин ҳунари мардумии вилояти Суғди шаҳри Исфара ва вилояти Хатлон (минтақаи Кўлоб) нишон медиҳад, ки ҳунари чўбтарошӣ ва сохтани ашёҳои рўзгор аз ҷумла, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, ҷевонсозӣ, нонпар (мурғпар), шонаи чўбӣ, хомтахта,(оштахта), тирак (ухлоқ), ҷўба, табақтарошӣ ва ғайра идома ёфта, ҳамарўза дар рўзгори мардум ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

        Аттоев Шодрўз

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

барчасп: