Шодбошӣ
Чоп шуд: 20/03/2020Имрӯз ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Арбоби ҳунар, оҳангсози шинохта, барандаи ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур дар қатори ҷашнҳои бузурги миллӣ – Ҷашни Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг, мавлуд доранд. Аҳли кормандони Пажӯҳӣшгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот устодро ба ин санаи фархунда сидқан шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва дар корҳои илмиву эҷодиашон барору комёбӣ таманно менамоянд.