Шодбошӣ

Имрӯз ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Арбоби ҳунар, оҳангсози шинохта, барандаи ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур дар қатори ҷашнҳои бузурги миллӣ – Ҷашни Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг, мавлуд доранд. Аҳли кормандони Пажӯҳӣшгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот устодро ба ин санаи фархунда сидқан шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва дар корҳои илмиву эҷодиашон барору комёбӣ таманно менамоянд. 80 соли пурбаракат, ки пайваста бо эчод сипарӣ гаштааст, муборак бошад, Устоди азиз. Ба умратон ҳаштод соли дигар хоҳонем. Бори дигар чашни хуҷастаи мелод муборак!

Обидпур (Обидов) Ҷӯрахон (тав. 20. 3. 1940, деҳаи Бедаки ноҳ. Муъминободи вил. Хатлон), омӯзгори барҷаста, навозанда (рубоби қошқарӣ), дирижёр, композитор, олим – муҳаққиқи тоҷик. Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), профессор (2001), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000), Барандаи ҷоизаи иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ (2019). С. 1960 омӯзишгоҳи мусиқии ш. Сталинобод (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови ш. Душанбе) ва 1965 фак-таи созҳои халқии Консерваторияи давлатии ш. Тошкандро бо ихтисосҳои рубоби қошғарӣ (уст. С. Зокиров, С. Тахалов) ва дирижёри оркестри созҳои халқӣ (уст. Ф. Назаров) хатм намудааст. Ҳамчунин дар Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои ш. Москва (1974), Консерваторияи давлатии Киев ба номи П. И. Чайковский (1989) бозомӯзӣ намудааст. С. – ҳои  1965-69 муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва муассисаҳои таълимӣ, муовини сардори Раёсати санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷ., С. – ҳои 1969-70 дирижёри оркестри созҳои халқии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радио, 1970-72 директори омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов). С. – ҳои 1972-73 омӯзгори калони кафедраи созҳои оркестрӣ ва созҳои халқии Институти давлатии педагогӣ ба номи Т. Шевченко (ҳоз. ДДОТ ба номи С. Айнӣ), 1973-2003 омӯзгори калон (аз с. 1986 дотсент, аз с. 2001 профессор; С. – ҳои 1989-94 ва 2000-2003 мудири кафедра)-и Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода, 2003-05 мудири кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, 2005-09 профессори кафедраи ансамбли мусиқии мардумии ДДСТ ба номи М. Турсунзода. Аз с. 2009 мудири шуъба ва аз с. 2016 ходими пешбари шуъбаи муассисаҳои таълимии ПИТФИ фаъолият дорад. Аз с. 2000 нафақагирӣ шахсӣ, аз с. 1998 узви ИК Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти профессор Ҷӯрахон Обидпур гуногунҷабҳа буда, дар ҳар самт ӯ ҳиссагузору навовар мебошад. Дар тӯли беш аз 40 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар инкишофи санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси созҳои миллӣ (рубобҳои қошғарӣ, бадахшӣ, прима) яке аз омӯзгорони пешбару варзида мебошад. Ӯ нахустин профессори соҳа мебошад, ки 34 нафар (32 рубобнавоз ва 2 дирижёр) шогирдро тарбия намудааст. Аз ҷумла 22 нафари онҳо соҳиби тахассуси «навозанда дар консертҳо» гардидаанд. 11 нафар шогирдони Ҷӯрахон Обидпур дар озмунҳои байниҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ иштирок варзида, лауреату дипломант гаштаанд: Улмасов Х. (Боку – 1986, Душанбе – 1986, 1990), Матхолов А. (Теҳрон – 1994, Душанбе – 2000, «Гран при»), Файзуллоев Ф. (Бишкек – 1978), Нормуҳаммадов А. (Душанбе – 1986), Каримов Ҷ. (Душанбе – 1990), Мирзоева Ш. (Молдова, Кишинёв – 2004) ва ғ. Ҷӯрахон Обидпур аз ҷумлаи ҳамон санъаткоронест, ки дар ин бахш аввалин дастури таълимии «Дарси рубоб»-ро таълиф намуд, ки он с. 1969 аз чоп баромад. Китоби мазкур муддати 13 сол дастури таълимии ягона барои кули созҳои халқии тоҷикӣ буд. Ҳамчунин ӯ муаллифи чандин китобҳои дарсӣ («Дарси рубоб», 1969, 1982, «Мактаби омӯзиши чанг» бо ҳаммуаллифии Ш. Ҳоҷиев, 2010), дастуру маҷмӯаҳо («Чаманоро», 1986, «Савтҳои борбадӣ», 1990, «Этюдҳои хушоҳанг», 1996, «Гулбонги рубоб», 2000, «Савту навои рубоб», 2014 ва ғ.), барномаҳои таълимӣ («Рубоби қошғарӣ» барои мактабҳои олӣ, 1986, «Рубоби қошғарӣ ва бадахшӣ» барои мактабҳои мусиқӣ, 1988, «Рубоби прима» барои мактаби олӣ, 1988) мебошад. Инчунин Ҷӯрахон Обидпур муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-омавӣ мебошад. Чунин заҳмату машаққатҳо буд, ки С. 2000 дар Озмуни III-ми ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқии тоҷикӣ, бахшида ба «Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ» Ҷӯрахон Обидпур бори дувум «Муаллими беҳтарини сол» дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.

Ҷӯрахон Обидпур с. – ҳои 1965-90 ҳамчун якканавози сози рубоб дар ҷумҳурӣ машҳур буд. Дар тӯли 25 сол ӯ ба тарғибу ташвиқи асарҳои композиторони тоҷик машғул шуда, дар радифи созҳои машҳур, ба мисли скрипка, виолончел, флейта, кларнет, гобой рубобро ҳамчун сози якканавозӣ дар байни мардум машҳур сохт. Бо номераҳои якканавозӣ ба воситаи телевизион, дар вохӯриҳои композиторон муассисаҳои таълимӣ, заводу фабрикаҳо мунтазам ҳунарнамоӣ мекард. С. 1975 (18 апрел) консерти якканавозии Ҷӯрахон Обидпур дар як шуъба (45-50 дақ.), ки дар толори консертии ДДСТ ба номи М. Турсунзода баргузор гардид, нахустин консерт дар таърихи навозандагии созҳои миллии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ӯ аввалин иҷрокунандаи кулли асарҳои тозаэҷоди композиторони тоҷик барои рубоб мебошад. Аз ҷумла «Фалак» ва «Насими кӯҳсор»-и А. Одинаев, «Рақси помирӣ»-и Ф. Баҳор, «Фантазия» ва «Савти рубоб»-и Х. Абдуллоев, фантазияҳои «Гулсуман» ва «Нози Дилбар»-и Ҷ. Обидпур ва ғ. Мавсуф 17-асари композиторони гуногунро бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ ва фортепиано дар фонди тиллоии радиои тоҷик сабт намудааст (ниг. Неъматулло Ҳалимов. Соҳибҳунар. – Душанбе: Эр-граф, 2010. – С. 112-121). Репертуари консертии Ҷӯрахон Обидпур – ро зиёда аз 60 асари гуногунмазмуни композиторони тоҷик, классики русу Ғарб ва муосири ИДМ дар бар мегирифт.

Ҷӯрахон Обидпур дар баробари ромишгар буданаш, инчунин дирижёри моҳир низ мебошад. Ӯ с. – ҳои 1969-70 вазифаи дирижёри оркестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радиошунавониро ба уҳда дошт. Дар ин муддат О. 26 суруду пиесаҳои композиторони мухталифро бо оркестри созҳои халқӣ дирижёрӣ намуда, дар фонди радиои тоҷик сабт кардааст. Ҳамчунин дар ин самт ӯ беш аз 100 асари гуногунҳаҷмро барои ин оркестр таҳия (инструментовка) ва табдил додааст. С. – ҳои 1975-85 Ҷӯрахон Обидпур бо ташабуси худ оркестри созҳои халқии донишҷӯёни фак-таи мусиқӣ – омӯзгории Донишкадаи санъатро ташкил карда, дирижёрӣ ва роҳбарии онро муддати 10 сол ба ӯҳда дошт. Дар бораи санъати дирижёрии Ҷӯрахон Обидпур Ҳунарпешаи халқии СССР, проф. Ҳанифа Мавлонова чунин қайд намудааст: «Ҷӯрахон Обидпур истеъдоди фавқулодаи дирижёрӣ дошта, дар назди пулти дирижёрӣ дар обурангдиҳӣ ва итоат кардани оркестр ба овоз ва нафасгирии овозхонӣ ҳамто надорад, ки ин сифатҳо на дар ҳамаи дирижёрҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ман якчанд бор бо роҳбарии ӯ дар оркестри номбурда сурудҳои гуногунрангро иҷро кардам» (Ҳалимов Н. Соҳибҳунар. – Душанбе: Эр-грф, 2010. – С. 48).

Паҳлуи дигари фаъолияти эҷодии Ҷӯрахон Обидпур оҳангсозӣ аст. Ӯ дар ин бахш худомӯз буда, зиёда аз 100 суруд эҷод намудааст: бо ҳамовозии ансамбли созҳои миллӣ ки мавзӯи бештари онҳо ишқ мебошад («Кош медидам туро», «Парвози дил», «Диламро машкан», «Эй дил», «Мапӯшон рӯйро», «Ишқ», «Хобам наомад», «Сарвиноз», «Медонам», «Оташи ишқ», «Ашки дил» ва ғ.), сурудҳои эстрадӣ («Тоҷикистон», «Ватан», «Бути тоҷик», «Ташна», «Гул», «Бе ёр, чунӣ?», «Гуҳари ишқ», «Дил куҷо буд» ва ғ.), сурудҳо бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ («Дил», «Ҷудо дил», «Дило, аз ишқ лабрезӣ», «Сияҳчашмак» ва ғ.). Ду сюитаи овозию рақсӣ ба шеърҳои Салими Хатлонӣ. Асарҳои созӣ (фантазияҳои «Гулсуман» барои рубоб бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ, «Нози дилбар» барои рубоб ва фортепиано, ҳарду бо ҳаммуаллифии К. Тушинок), пиесаҳои «Наргис», «Савти Борбад», «Навои Бедак»-ҳар се барои ансамбли рубобнавозон ва якчанд пиесаҳои хурд барои рубоб ва фортепиано ва ғ. 21 этюдҳои хушоҳанг, ки с. 1966 аз тарафи нашриёти «Маориф» бо номи «Этюдҳои хушоҳанг» чоп шуд. Сурудҳои бачагонаи Ҷӯрахон Обидпур дар ин бахш мавқеи босазое доранд. Ӯ зиёда аз 100 суруди бачагона (сини томактабӣ ва мактабӣ) эҷод намудааст, ки ҳама дар шакли китобу маҷмӯа аз чоп барормадаанд: «Ману тарона», (2005), «Боғчаи мо» (2007), «Шодии дил» (2012), китобҳои дарсии Суруд ва мусиқӣ  (синфи 4 – 2007, 2014, 2018; синфи 1 – 2008, 2015, 2018) ва ғ. Ҷӯрахон Обидпур ягона композитори муосир аст, ки ба 14 шеъри худаш оҳанг бастааст. Сурудҳои бачагонаи «Бузғола», «Алла», «Барфак», «Фасли баҳор», «Соли нав», «Китоб», «Меҳргон», «Гули лола», «Боғча» ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Сурудҳои эҷодкардаи Ҷӯрахон Обидпур аз ҷониби овозхонони шинохтаи ҷумҳурӣ Н. Рауфова, М. Эргашева, Н. Раҳматова, С. Қосимова, Д. Холов, М. Набиева, Т. Муҳиддинов, М. Ҳамроқулова, Б. Маҳмадқулов, А. Мирраҷабов, С. Нуруллоев ва диг. иҷро гардида, дар фонди тиллоии радиои тоҷик сабт шудаанд.

Вазншиносӣ дар эҷодиёти Ҷӯрахон Обидпур мавқеи хосе дорад. «Вазншиносӣ, мусиқишиносӣ ва шеърнависӣ – ин се маҳфум ба ҳам пайвастанд», мегӯяд Ҷӯрахон Обидпур Ӯ ба ақидаи як зумра олимон такя карда, комил набудани вазни арӯзро ба шеъри тоҷикӣ бо далелу бурҳон исбот мекунад ва дар ин бахш се рисолаи мусиқӣ таълиф менамояд: «Шеър оҳанг аст» (2002), «Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» (2008) ва «Кашшофӣ» дар шеъри устод Рӯдакӣ» (маҷаллаи «Душанбе», 2016 №7,8). Яъне Ҷӯрахон Обидпур таъкид мекунад, ки «шеър дар пояи ритм (усул)-и мусиқӣ иншо мешавад, чунки тақти мусиқиву шеър якхелаанд» (ҳамон ҷо).

Ҷӯрахон Обидпур дар корҳои ташкилӣ – методӣ низ фаъол буда, дар чандин озмунҳои байниҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба сифати аъзо, муовини раис ва раиси ҳакамон фаъолона ширкат варзидааст. Аз ҷумла дар озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» (Душанбе – 1996) аъзо ва августи с. 2004 (ш. Кӯлоб) раиси ҳакамон буд. С. 1979 Ҷӯрахон Обидпур ансамбли рубобнавозонро дар Донишкадаи санъат ташкил кард ва тӯли 21 сол бо ин ансамбл дар чорабиниҳои донишкада мунтазам баромад кардааст. Аз репертуари ансамбл 8 пиеса ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик сабт гардидааст. С. – ҳои 1990, 1998, 1999 ва 2000 роҳбари бадеии консертҳои ҳисоботии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо гардиданд, ба ӯҳда дошт ва ғ.

Ҷӯрахон Обидпур табъи шоирӣ низ дорад ва дар жанрҳои гуногун – маснавӣ, қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва ғ. зиёда аз 1000 мисраъ шеър эҷод намудааст.

Ҷӯрахон Обидпур ба сифати якканавоз ба кишварҳоихориҷӣ – Полша (1972), Россия (Хонаи умумииттифоқии композиторони Москва, 1972, 1978, 1988) сафари ҳунарӣ намудааст.

Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. (1958) ва Грамотаҳои фахрии Вазорати маданияти СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

барчасп: