Анъанаи ширнавбат (певоз) дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд

Бонувони тоҷик бо мақсади осон гардидани корашон ва натиҷаи хуб гирифтан дар аксари корҳои рўзгор усули шарикиро пеша менамоянд. Бо ин васила ба роҳ мондани иддае аз корҳои занон ба манфиати ҳамаи онҳо буда, тифоқӣ, якдилӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ҳамдигарро ба вуҷуд меорад. Яке аз чунин амалҳо, ки таҷрибаи чандинсола дошта, то имрўз дар байни занони кўҳистони Тоҷикистон боқӣ мондааст, ин анъанаи ширнавбат мебошад. Ширнавбат аслан дар байни заноне, ки гову буз ва гўсфанди ҷўшо доранд, барои дар якҷоягӣ истифода намудани маҳсулоти ширӣ доир карда мешавад.

Мувофиқи иттлои Д. Раҳимӣ ширнавбат ё худ певоз як навъ анъанае мебошад, ки мансуб ба занон аст. Ширнавбат асосан миёни занони маҳалҳои кўҳистон ба миқдори 6-8 баъзан 10 нафар зани як кўча ё маҳалла, ки шири говҳояшон нисбатан камтар бошад, байни худ маслиҳат карда, ширкати одии табодули ширро ташкил мекарданд. Ширнавбатро бонувон бо мақсади дар якҷоягӣ пўхтани шир ва дар ҳаҷми бештар ҷурғоту чакка гирифтан ва захираи маҳсулоти хушки ширӣ (қурут, қаймоқ) ташкил медиҳанд. Одатан занони ҳар як маҳалла баъди говҳояшон зоидан гурўҳ-гурўҳ шуда анъанаи ширнавбатро ба роҳ мемонанд.

Тавре аз таҷрибаҳо маълум аст, марҳилаи зоиши аксари молҳо охирҳои тирамоҳ ва аввали зимистон сурат мегирад. Барои ҳамин, мавсими ширнавбат дар ноҳияҳои минтақаи Суғд бисёртар охирҳои зимистон ва аввалҳои баҳор сурат мегирад. Тибқи маслиҳати пешакӣ аз бонувони муайяни маҳал ё гузар ҳар кадоме дар вақти гуногун (вақте ки говаш зоид) ба анъанаи ширнавбат ҳамроҳ шудан мегиранд. Чунки бонувони ҳар як маҳал дар доираи муайян бо ҳамдигар анъанаи ширнавбатро ташкил медоданд. Вобаста ба ин масъала дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» Д. Раҳимӣ чунин ибрози назар кардааст: «Тартиби навбатгирӣ байни занон тахминӣ набуд. Дар баъзе ҷойҳо шахсе, ки гови гови зиёди ҷўшо дошт, певозро оғоз мекард. Аммо усули аз поин ба боло бештар маъмул буд. Чунки бо ин роҳ занҳо мехостанд, ки шири говҳояшон аз кам ба бисёр табдил шавад». Яъне касе ки шири камтар дорад ширнавбат аз ҳамон нафар оғоз мегардад. Вале дар шароити кунунӣ миёни занони деҳотҳои Тоҷикистон ташкил намудани ширнавбат аксар вақт аз нафаре, ки говаш аз ҳама пеш зоидааст оғоз мегардад. Чунки ў нафарони дигарро интизор мешавад ва ҳамин тавр ҳар кадом ки говаш зоид ҳамроҳ шудани мегиранд.

Боиси зикр аст, ки дар бисёре аз деҳаҳои вилояти Суғд марҳилаи доир намудани ширнавбат бо як тарз сурат мегирад. Ҳар нафаре, ки бори аввал шир мебарад, дар даруни шираш чанд барги алафи сабзро меандозад, ки ин рамзи сериву пуррӣ ва фаровонҳосилиро ифода менамояд. Нафаре, ки бори нахуст ба хонааш шариконаш шир меоранд (певоз навбати ҳамон нафар бошад), ҳангоми аз дарвоза даромадани шариконаш ва вақти рафтанашон пеш-пеши пояшон яке аз аъзоёни оила об мепошад, то шири говашон мисли об равон бошад. Ин анъана ҳамасола як бор такрор меёбад. Дар китоби «Фарҳанги моддии тоҷикони болооби Зарафшон» оварда шудааст, ки: «Дар водии Зарафшон рўзи якуми ширнавбат ба гурўҳи певозчиён бурак бирён мекарданд». Дар замони муосир ҳар касе, ки рўзи якуми навбати певозаш ҳаст, ба шировардагон оши палав омода мекунад. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо занҳои деҳа баъди бурдани шир ҳангоми баргаштан ба хотири холӣ набурдани зарфашон соҳибхона дар он як ҳисса нон мегузорад. Мувофиқи бовару эътиқоди мардум зарфе, ки дар он маҳсулоти ширӣ бурда мешавад, ҳангоми бозпас гардонидан холӣ фиристодани он раво набудааст.

Қисмати асосии ширнавбат ҳисобу китоб намудани миқдори ширҳои овардаи ҳар кадоме аз бонувон мебошад. Одатан ҳар субҳу шом анъанаи ширнавбат анҷом дода мешавад. Ширҳои овардаи ҳам шомгоҳиро ва ҳам субҳро як нафар зан аз байни аъзоён ҳисоб намуда дар дафтаре қайд кардан мегирад. Вақте ки саҳарӣ ҳама занон ширро оварданд, ба воситаи як зарфи махсус (асосан сатили як нафарашонро барои санҷидани шир бо нишонаҳои муайян рақамгузорӣ мекунанд) зани таъйингардида ширҳоро ҳисоб мекунад. Ва мувофиқи ширҳои ҳисобнамуда маълум месозанд, ки рўзи дигар певоз навбати кадоми онҳост. Чуноне ки дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ишора шудааст, дар водии Рашт, Ҳисор, Айнӣ ва бархе аз навоҳии дигар миқдори ширро ба воситаи «кўзаи махсус» ва ё «нишоначўб» муайян мекардаанд. Вале дар деҳотҳои Истаравшану Мастчоҳ, Шаҳристону Деваштич дар даруни сатил ё зарфи яке аз занҳо тавассути ранг (краска) ду қатор нуқта-нуқта, ки яке аз аввал то охири сатил (танҳо ба андоза 1,5-2 см ҷой мемонад халос) дигаре аз поён то нисфи он барои муайян кардани шир нишонӣ гузошта мешавад. Нуқтаҳои аз аввал то охири сатил гузоштаро «кук» ва нуқтаҳои камтарашро «кандагӣ» мегўянд. Шахсе, ки шираш доимо зиёд аст бо нишонаи кук ва шири камтар бо кандагӣ ҳисоб карда мешавад. Нафаре, ки қарзи шахси шираш бисёрро баробар карда наметавонад, чанд бор ба ҳамон одам навбати шир дода қарзашро баробар мекунад ва баъд навбати певоз ба ў муяссар мешавад. Дар ин гуна ҳисоб намуданҳо ҳаққи ҳеҷ кас ба касе намеравад, танҳо бо ширҳоро якҷоя пухтан ҷурғоту чаккаро дар ҳаҷми зиёдтар гирфтан ин амалҳоро ба анҷом мерасонанд. Агар нафароне ҳастанд, ки ширҳояшон баробар якеяш дигаронро канда метавонаду дигараш не як нафараш аз ҳсоби қарздорони дгар медиҳад, то навбати певозро тезтар расад. Ҳангоми ҳисоб кардани зани певозчӣ. Агар ҳисоби шир аз меъёри кук зиёд бошад (яъне кук натобад) онро «ҳамсоярав» мегўянд.

Носирова Лайло

мудири бахши

фарҳанги моддӣ

барчасп: