Рақс бо табақ ва ё даъват ба оши палав

Баробар бо дигар касбу ҳунарҳои суннатӣ, аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дўзандагию бофандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсу сурудхонии анъанавӣ низ маъмуланд, ки муҳаққиқон ин бахши фарҳанги миллиро “санъати иҷроӣ” номидаанд. Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки аз ҷониби олимони ПИТФИ таҳия шудааст, ин бахш  бо номи “Санъати иҷроӣ” ва рақамгузории B000 зикр шуда, дар он беш аз 103 унсури фарҳанги ғайримоддӣ ба таври мухтасар шарҳ ёфтаанд. Донишмандону санъатшиносон ҳам рақс ва ҳам сурудҳои халқии тоҷикиро аз минтақаҳои гуногуни кишвар гирдоварӣ намуда, дар бораи қисми зиёди онҳо фикру андешаҳои хешро баён намудаанд. Як қисми сурудҳои халқӣ ба нота гирифта шуда, рақсҳои анъанавӣ, ки дар байни халқ бо номҳои махсус мавҷуданд, аз ҷиҳати сабку услуб ва тарзи иҷро шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.

Аммо бо таъсири техника ва технологияи ҷадид, ҳамзамон бо омезиш ёфтани фарҳанги дигар қавму миллатҳо ба фарҳанги суннатии мо бархе аз бахшҳои фарҳангӣ, аз ҷумла рақсҳои қадимаи анъанавӣ аз байн рафта истодаанд. Аз таҳлилу натиҷагирӣ ва мушоҳидаҳои муҳаққиқон бармеояд, ки солҳои охир насли нав, умуман, ба рақсҳои анъанавии тоҷикӣ завқ надоранд. Намунаи рақсҳои зебои тоҷикӣ, махсусан рақсҳои мардонаро аҳён-аҳён дар байни калонсолон мушоҳида кардан мумкин асту халос.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар қатори омўзиши дигар бахшҳои фарҳанги миллӣ ба санъати иҷроӣ низ таваҷҷуҳ намудем. Дар қасри фарҳанги ноҳия бо хоҳиши мо барномаи консертии кормандони бахши фарҳанг баргузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи мазкур баробар бо сурудҳои эстрадӣ то кунун ҳунармандон  суруду рақсҳои фолклориро низ иҷро менамоянд. Дар назди қасри фарҳанг ансамбли этнографӣ-фолклории «Гулдаста» фаъолият менамояд. Тамоми барномаи консертии аз ҷониби ин даста иҷронамуда, бароямон писанд омад. Аммо беш аз ҳама диққати моро иҷрои рақси мардонаи «Рақс бо табақҳо» ва ё бо истилоҳи худи ҳунарманд «Даъват ба оши палав» ба худ ҷалб намуд. Ҳунарманд, таҳти садои доира бо маҳорати олӣ «Рақс бо табақҳо»-ро иҷро намуд. Мавриди зикр аст, ки «Рақс бо табақҳо» рақси қадима буда, то кунун дар аз ҷониби ихлосмандон каму беш иҷро мегардад, аммо ба “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” он ворид нашудааст. Дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» мақолае бо номи «Арғишти ошпазӣ» дарҷ гардида, доир ба тарзи иҷрои рақси ошпазӣ мухтасар маълумот дода шудааст. Дар мақолаи мазкур ишора мешавад, ки ин рақс ҳам аз ҷониби мардон ва ҳам аз ҷониби занон иҷро шуда, дар он тарзи пухтани оши палав ва ё оши бурида бо ҳаракатҳо нишон дода мешавад. Инчунин, гуфта мешавад, ки дар мавриди рақсидан ҳунарманд ба даст табақи чўбин ва ё сафолинро гирифта мерақсад, ки гўё дар он ош бошад. [Муфассалтар ниг.: 25, с. 48-49].

 Чуноне зикр шуд, дар шароити имрўза аксари рақсҳои асили мардона, ки бештари онҳо бо ҳаракатҳои чусту чолокона ва намоиши қудрату тавоноӣ иҷро мегардиданд, дар ҳоли азбайнравӣ қарор доранд. Аз ин рў, мо бо ҳунарманд Рустамов Маҳмадраҷаб аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (соли саваллудаш 1959 маълумоташ олӣ) ҳамсуҳбат гардида, тасмим гирифтем, ки дар бораи «Рақс бо табақҳо» ва ё «Рақси даъват ба оши палав» маълумот бидиҳем.

 Тарзи иҷрои «Рақси даъват ба ошхўрӣ» чунин аст: ҳунарманд таҳти зарби доира дар даст табақ ба саҳна баромада ба ҳаракатҳои зебо ва ишораи даст ба дохили табақ гирди саҳна рақскунон чарх мезанад. Ҳангоми чарх задан табақ болои кафи дасти рост гузошта шудааст ва ў бо пои рост ҷаҳида рақс менамояд. Табақро ҳангоми рақсидан гоҳо аз зери бағал тоб дода мегузаронад, ки гўё, даруни он ош бошад ва тарзе онро чарх мезанонад, ки табақ рост меистаду чаппа намешавад. Ҳангоми чархидан оҳиста онро болои сар мегузорад ва тавассути зарби доира боз тезтар мечархад. Дар вақти чархидан дастон ба ду ҷониб кушода ва каме боло бардошта мешавад. Табақ озод ва бидуни доштан бо дастон болои сар меистад. Сипас бо ҳаракати сар каме миёнашро хам намуда, табақро ба пушти сар ва болои шонаҳо мефурорад. Ин амал ҳам чархзанон ва бе ёрии дастон моҳирона иҷро мешавад.

Баъд аз каме рақсидан табақро дар пеши саҳна, паҳлуи ду табақи дигар, ки қаблан он ҷо истодаанд, мегузорад. Зарби доира суст мешавад ва ҳунарманд бо ишораҳои аҷиби сарҷунбонию чашмонаш, гўё, бўи чизеро эҳсос карда лаззат мебарад. Баъдан бо садои зарби маҳини доира ба болои деги ош рафта, сарпўши онро бо ишора бардошта, ба як тараф мегузорад. Дубора аз бўйи ош лаззат бурда, сарашро ба боло мебардорад. Ин дафъа тавассути амалҳои ҷолиб ба даст кафгир гирифта, деги ошро мекобад. Ин амалҳо тарзе иҷро мешавад, ки таббохон деги ошро пас аз дамхўрӣ мекушоянд. Баъдан табақро ба даст гирифта бо дасти дигар ба он ош мебардорад. Аслан ҳангоми иҷрои ин рақс танҳо табақ воқеан вуҷуд дораду халос. Дегу кафгир ва ошро ҳунарманд танҳо тавассути ишора нишон медиҳад, вале онҳо дар асл вуҷуд надоранд. Шояд аз ҳамин сабаб аксаран онро “Рақс бо табақ” меноманд.

Пас аз кашидани ош табақро ба пеши саҳна оварда мегузорад. Дубора тавассути ҳаракатҳои шўхиомез  ба тамошобинон ишораи даъват ба ошхўрӣ менамояд. Ин амалро ба чанд ҷониб нигоҳ карда иҷро мекунад. Ҳунарманд чолокона пас аз даъват аз рўи анъанаи ошхўрии қадима ва сабки нишаст дар назди дастурхон дузону зада, остинҳояшро бармезанад ва аввал, гўё, гўштҳои болои ошро пора намуда, барои хўрдан тайёр мекунад. Тавъам бо зарби доира ба зери ҳар луқмааш аввал гўшт гузошта, тика карда ош хўрдан мегирад. Пас аз ҳар луқма сари худро ҷунбонида, лаззат бурдан мегирад. Лозим бо ёдоварист, ки ҳунарманд чунон ин амалҳоро зебо иҷро мекунад, ки бинанда гумон мекунад, ки ў дар ҳақиқат ош хўрда истода бошад.

Амали ошхўрӣ чанд лаҳза иҷро мегардад ва тахминан баъд аз 10-15 луқма онро ҷамъбаст мекунад. Дар охири ишораи ошхўрӣ кафи дасти росташро гирди табақ тоб дода, биринҷу равғанҳои атрофи табақро тоза карда, дасташро ҷониби даҳон оварда, онро лесида, тоза мекунад. Ин дафъа дастонашро ба болои шикам бурда молиш медиҳад. Ин амал сер шудани раққосро нишон медиҳад. Сипас ў аз ҷой мехезад ва зарби доира оҳиста-оҳиста тез шудан мегирад ва рақси чолоконаи ҳунарманд оғоз мешавад. Ў аввал тавассути рақсҳои ҷолиб ва хурсандона аз сер шуданаш дарак медиҳад. Рақс дар атрофи табақи оши сурат мегирад. Ҳатто дастонашро ба пешобағал ба монанди оғўш гирифтан кушода, ишораи пур шудани ишкамашро менамояд.

Баъдан ҳунарманд табақро бардошта, рақс мекунад. Ў аввал табақашро ба даст гирифта, гоҳ ба рост ва гоҳ ба чап чарх зада, бо ишораи калла ва китфҳояш рақсидан мегирад. Раққос табақро гоҳ ба болои сар ва гоҳ пушти сар болои шонаҳо гузошта чарх мезанад. Баъд аз чанд муддат рақсидан, табақи авваларо бо як даст дошта, аз замин дуюм табақро бардошта мерақсад. Рақс бо ду табақ бо зарби нисбатан тезтар иҷро мешавад. Дар ин амал ҳам аслан пайҳо ва сару гардан нақш мебозанд. Ҳунарманд дастонашро, ки ба рўи каф табақҳо гузошта шудаанд ,бо таги каш моҳирона чарх мезанонад. Ҳар як ҳаракати ў бисёр олӣ ва нозук иҷро мегардад, ки табақҳо дар дасти вай рост меистанд. Дар ин асно аз рўи ишораҳо муайян кардан мумкин аст, ки табақҳо, гўё, пур аз ош бошанд. Албатта ҳаҷми табақҳо чандон калон набуда, диаметрашон тахминан 35-40 см аст. Аз ин рў, ба ҳар тараф чарх занонидани онҳо на он қадар душвор мебошад.

Боз баъди чанд лаҳза рақсидан яке аз табақҳоро болои сар гузошта, табақи сеюмро аз замин мебардорад. Ин маротиб ҳунарманд бо се табақ мерақсад. Чуноне зикр гардид як табақ болои сар ва ду табақ дар дастон ҳунарманд моҳирона ба рақс медарояд. Дар мавриди рақсидан бо се табақ садои зарби доира хеле тез мешавад. Ҳунарманд аввал тавассути китфу пойҳо ва ҳаракатҳои имову ишораҳо ба ду тарафи саҳна рақскунон ҳаракат кардан мегирад. Баъдан боз ҳама садои зарби доира тезтар мешавад ва ҳунарманд ба чархзанӣ медарояд. Дар охир зарби доира тез шудан мегирад ва ў чархзанон ишораи таъзим мекунад ва хамин тавр аз саҳна мебараояд. Рақси мазкур тавассути зарби 6/8 якӣ иҷро мешавад.

   Аз рўи тарз ва усули иҷро рақси табақ ба гурўҳи рақсҳои ҳаҷвӣ шомил мешавад. Яъне асоси рақс ҳазломез буда, он тавассути имову ишораҳо иҷро мегардад. Худи ҳунарманд низ иброз намуд, ки он рақси ишоратӣ буда, аслан ҳазломез иҷро мегардад. Бино ба гуфтаи ҳунарманд Рустамов Маҳмадраҷаб ў ин рақс ва рақсҳои дигари ҳаҷвиро дар чорабиниҳои зиёди фарҳангии ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмиллалӣ борҳо иҷро намудааст. Инчунин, то ҳол мардум ба суроғаш омада аз ў хоҳиш менамоянд, ки дар маъракаҳои хурсандӣ, махсусан дар тўйҳояшон онро иҷро намояд.

Рустамов Маҳмадраҷаб аз рўи иҷрои ин ва дигар рақсҳои ҳазломези мардона сазовори ифтихорнома ва мукофотҳои махсус гардидааст. Аз ҷумла барои иштирок ва сазовори ҷойи аввал гардидан дар Фестивали эҷодиёти умумихалқӣ дар шаҳри Москва соли 2002 бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз шудааст. Соли 2017 ў барои таълими дарси рақс дар мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст. Ў ҳанўз аз замони Иттиҳоди Шўравӣ бо иҷрои рақсҳои мазҳакавиаш машҳур будааст. Чунончӣ соли 1982 дар барномаи телевизионии «Чойхонаи Мушфиқӣ» иштирок намуда будааст. Соли 1987 дар Фестивали байналхалқии фолклорӣ дар назди Кремли шаҳри Москва; соли 1988 дар Фестивали «Сабти тиллоӣ»-и Рақсҳои беҳтарини халқҳои ИҶШС боз ҳам дар шаҳри Москва ва соли 1991 дар Фестивали фолклории мардумони кўҳистон дар шаҳри Закомпанияи Полша ҳунарнамоӣ  намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Иловатан ҳанўз аз даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳамасола дар фестивалҳои ҷумҳуриявии «Бўстон» ва «Андалеб» ширкат намуда, борҳо соҳиби ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ шудааст.

Рустамов Маҳмадраҷаб феълан дар бахши фарҳанг ва ҳамзамон дар мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ба ҳайси муаллими рақс фаъолият менамояд. Ў пайваста барои эҳёи рақсҳои асили мардона кўшиш менамояд ва дар ин ҷода аллакай чанд шогирд низ омода намудааст.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсҳои саҳнавии ишоратӣ хеле зиёданд, ки муҳаққиқон Н. Нурҷонов, Н. Қличева, З. Казакова, Ш. Абдураҳмонова, Ф. Аюбҷонова ва дигарон дар бораи онҳо фикру андешаҳояшонро иброз намудаанд. Чунончӣ, пантомимаҳои юрмон, рақси уқоб, рақси кабк, рақс бо корд, рақс бо таёқ ва ғайра, ки асоси мазмуни онҳо ҷасорату матонати мардонагиро инъикос намуда, аз ҷониби мардон дар қадим иҷро мешуданд. Лозим ба ёдоварист, ки феълан қисми зиёди рақсҳои номбурда дар ҳоли аз байнравӣ қарор доранд. Мутаасифона, аз ҷониби мардон низ имрўзҳо рақсҳои нозук ва монанд ба ҳаракатҳои рақсҳои занона иҷро мегардад. Бинобар ин ҳам ҳунармандон ва ҳам муҳаққиқонро зарур аст, ки ба таҳқиқу омўзиши чунин рақсҳо ва умуман санъати иҷроии мардум машғул гардида, онҳоро эҳё ва ба насли имрўза муаррифӣ намоянд. Зеро маҳз тавассути омўзишу таҳқиқ ва иҷрои пайваста онҳоро ба насли навин пешкаш намуда, аз нав эҳё кардан мумкин аст.

Аминов Абдулфаттоҳ,

номзади илмҳои филологӣ

Мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

 

барчасп: