Таҷрибаҳои суннатии обёрии мардуми Рашт

Об муъҷизаи гаронбаҳо ва манбаи пайдоиши ҳаёт буда, дар баробариоташу ҳаво ва хок яке аз унсурҳои асосии ҳастии олам шуморида мешавад. Ин неъмати илоҳӣ бо ҳастии худ курраи Заминро сарсабзу хуррам мегардонад.Мавҷудияти ин неъмати бузург  ба ҳастии инсоният, ҳайвоноту наботот ва рустаниҳо  алоқамандии зич доранд.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Миллали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Ин иқдоми наҷиб дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гашт ва кулли мардуми сайёраро ба он роҳнамун месозад, ки аз об ва дигар неъматҳои табиат оқилонаистифода баранд.

Об дар зиндагии инсон рамзи тозагӣ ва покизагӣ мебошад. Миёни халқи тоҷик мақолу таъбирҳои «Обу ободонӣ», «Об – рўшноӣ», «Об – сарчашмаи ҳаёт» ба ҳамин монанд ҳикматҳо хеле серистеъмоланд.Обро дар тамоми оламва дар ҳар давру замон муқаддас медоранду эҳтиром мекунанд.

Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кўшиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат мавзеъҳои серобро интихоб намоянд. Тоҷикон дар тўли таърихи чандинҳазорсола дар обод кардани боғу роғ ва заминҳои кишт яке аз халқиятҳоимеҳнаткаш пазируфта шудаанд. Албатта дар ин самт пеш аз ҳама онҳо аз донишу таҷрибаҳои хеш истифода менамуданд.

Халқи тоҷик аз қадимулайём бештар ба деҳқониву кишоварзӣ шуғли беандоза дошта, зиндагии худро бо ҳамин васила таъмин менамуд. Ва барои рушди касбу ҳунари худ таҷрибаҳои гуногунро истифода мебурд. Дар ин росто яке аз таҷрибаҳои аввалиндараҷаионҳо обёрӣ намудан ба қитъаҳои заминашон буд.Барои обёрӣ намудан ба заминҳои хушк бештар кишоварзону боғбонон даст мезаданд. Дар байни мардум обёрӣ ба заминҳои корам ба таври ҳашар бештар сурат мегирифт. Мардум тавассути белу каланд ва ҳар гуна асбобҳои зарурӣ ҷўй канда,ба сари заминҳояшон об меоварданд.

Дар давоми экспедитсияи мардумшиносӣ дар водии Рашт ба ин мавзўъ низ таваҷҷуҳ намудем. Бо кишоварзону деҳқонон дар мавриди обёрии суннатии мардуми кўҳистон суҳбатҳо ороста, маълумотҳои ҷолибе пайдо кардем.Бино ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳабибулло Олимов (сокини деҳаи Навдии ҷ.д. Навдӣ),анъанаи обёрӣ бо тариқи ҳашардар байни мардум имрўзҳо ҳам роиҷ аст. Дар идомаи суҳбати худ мегўяд, одитарин анъана миёни мардуми кишоварз дар баҳорон қабл аз мавсими кишту кор ҷўйҳо ва рўдхонаҳоро тоза кардан аст. Мардуми водии Рашт бештар ба боғпарварӣ ва зироаткорӣ машғул буда, хароҷоти рўзгори худро аз ҳамин ҳисоб таъмин менамоянд.

Вақте ки ба ҳавлии Ҳабибулло Олимов ворид гардидем, полизу боғҳои ўро тамошо кардем, таваҷҷуҳи моро бештар лўлаи оби ширину мусаффо, ки рост аз чашма кашида оварда шуда буд, ба худ ҷалб намуд. Ҳар як хонаи сокинони ноҳияи Рашттавассути қубурҳо обёрӣ карда шудааст, ки ин обҳо аз чашмаҳое, ки дарбаландкўҳҳо ҷойгиранд, сарчашма мегиранд.

Барои муқоисаи таҷрибаҳои обёрии мардуми водии Рашт дар гузашта ва вазъи имрўзаи онҳо ба китоби «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» муроҷиат намудем ва хулоса баровардем, ки ҳанўз ҳам аз ҳамон таҷрибаҳои суннатии аҷдодонашон бо туфайли пешравии технологияи навин, истифода мебаранд.

Сарчашмаҳои асосии обёрии сунъӣ барои заминҳои корам тавассути дарё ва ҷўйҳо аз пиряхҳои кўҳҳои Қаротегин, Пётри 1 ва Дарвоз ҷорӣ мешаванд. Баъзан обҳои чашмаҳои хурд бо ҳам пайваста, дар натиҷа рўдҳои калонро ташкил медиҳанд. Дар баъзе маврид ҷараёни дарёҳо ва ҷўйҳои калонро бо санг, чим, шохҳои дарахт ва ғайраҳо мебанданд, ки «деволи ғав» ном дорад. Аз чунин дамбаҳо, обанборҳо – «ғав» ба вуҷуд меоянд ва аз онҳо обро ба ҷўйҳои обёришаванда сар медиҳанд, ки саршавии ҷўйҳоро «парчобгаҳ», «сарбандгаҳ» ё «сари ҷуйбор» меноманд.  Дар бисёри парчобгаҳҳо барои  каму зиёд кардани об тахтаҳоро истифода мебаранд, ки ҳангоми обро ба рўдҳо сар додан, «обгардонӣ» ва дар анҷоми обмонӣ пеши роҳи обро, ки бастанд «обро парчоб мекунанд» мегўянд.

Дар шароити имрўза кишоварзон дар заминҳое, ки иқлимашон хушк аст, усули дигареро барои захира намудани об корбаст менамоянд, ки усули мазкур бо роҳи захиракунӣ ё ҳавзсозӣ мебошад. Як қисмати заминҳое, ки дар пастӣ монанди ҳавз ҳастанд, гирди онро бо марзаҳо девор мегиранд ва обҳоеро, ки дар натиҷаи боридани зиёди барфу борон ё ба тариқи обёрӣ карданпур мешаванд, нигоҳ медоранд. Ҳангоми зарурат обҳои захирашударо барои шодоб намудани заминҳои кишт истифода мебаранд.

Барои ба зироатҳо об додан, аз як ё ду даҳанаи асосӣ онро ба ҷўякҳои полезравона мекунанд. Миқдори даҳанаҳо вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин ва вақту соати обмонӣ ба заминҳо ба шароити обу ҳаво, намнокии хок ва омилҳои дигар вобаста мебошад.

Аз рўи таҷрибаҳои суннатӣ тамоми иншоотҳои обёрикунандаро бо роҳи худҷоришавӣ месозанд, ки дар ҳар минтақа номҳои гуногун доранд; «ҷўй», «ҷўйбор», «ариқ», вобаста ба ҳаҷмашон ба «ҷўи калон», «рўд»,  «ҷўи хурд», «ариқча» ва ғайраҳо тақсим мешуданд.

Тарз ва усули обмонии заминҳои корам қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар як хел буда, то имрўз аз рўи ҳамон анъанаҳои қадима заминҳоро об медиҳанд. Ва ҳар як усулу таҷрибаи обмонӣ барои аз ҳамдигар фарқ кардан, ба худ ном доранд. Чи тавре дар китоби «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» нигошта шудааст: «Обмонии якумро дар Қаротегину Дарвоз – якоба, хокоба, бандбурӣ, овкашак, обмонии дувумро – дуоба, лаҳмоб, обгардон, обмонии сеюмро – сеоба, чорумро – чороба, панҷумро – панҷоба ва ғайра меноманд»

Доир ба обмонии заминҳои корам ва пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳои табиӣхалқи тоҷик аз замонҳои пеш таҷрибаву усулҳои суннатиро ба кор мебурданд, ки имрўзҳо ҳам дар ҳар гўшаву канори мамлакат миёни боғбонон ва кишоварзон дидан мумкин аст.

Усули дигаре дар соҳаи боғдорӣ ва кишоварзӣ таҷрибаи яхобмонӣ мебошад. Дар гузашта яхобмониро деҳқонон ва боғбонҳо истифода мебурданд. Дарахтоне, ки дар асоси боронҳои пай дар пай шира зада, оҳиста-оҳиста ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд бо усули яхобмонӣ дарахтонро аз маҳвшавӣ халос мекарданд. Таҷрибаи яхобмонӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар қариб як хел аст. Ҳангоми хушксолӣ ё наборидани барф дар фасли зимистон боғбонҳо бехи дарахтонро кофта чуқуриҳоро бо об пур мекунанд. Шабона, ки ҳаво сард гашт, ҳатман оби бехи дарахтон ях мекунад. Сардии ях ба реша ва пояи дарахтҳо таъсир расонида, ҳашароти зараррасонро нобуд месозад. Хусусияти дигари яхобмонӣ пешгирӣ намудан аз бедоршавии бармаҳали табиат мебошад. Дар айёми гарму хушк омадани зимистон дарахтҳо зуд бедор мешаванд, ки паёмади хуб надорад. Дар натиҷаи боридани барфи бемаврид дарахтонро сармо зада, аз ҳосил мемононад.

Чунин усулро кишоварзон низ ба кор мебаранд, масалан, ҳангоме кидар зимистон хушксолӣ ояд, деҳқонон ба заминҳои кишт об мемонанд, шабона ҳаво сард гашта, заминҳо ях мекунанд. Ҳашаротҳои зараррасоне, ки дар зери замин ҷой гирифтаанд, дар сардии он тоб наоварда нобуд мешаванд. Ин таҷриба ба хотирисерҳосил ва осеб нарасидан ба зироат ба кор бурда мешавад. Чунин таҷрибаро дар шўразаминҳо низ анҷом медиҳанд. Аммо он ба мақсади тоза кардани заминҳо аз шўрӣ ва намак мебошад, масалан, пеш аз кишт кардан, аввал об мемонанд, ки намаки даруни замин хориҷ шавад.Баъди тоза кардан метавонанд ягон навъи зироат бикоранд, чунки дар шўразаминҳо кишт кардан имкон надорад.

Дар иртибот ба таҷрибаҳои обёрӣ ба деҳаву заминҳои хушк миёни мардум нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки ин ҷо ба тариқи намуна яке аз онҳоро зикр мекунем.

Дар замонҳои пеш аз Инқилоби Октябр дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвози имрўза як шайхе бо номи Мирзо зиндагӣ мекард. Ва аҳолии деҳа аз нарасидани об танқисӣ мекашиданд. Як шаб шайх хоб мебинад, ки ба деҳааш об овардааст. Саҳар хобашро ба ҳамдеҳагонаш нақл карда, онҳоро даъват мекунад, ки ҳар чи зудтар аз пайи обёрӣ шаванд. Азбаски деҳаашон дар баландӣ қарор дошту ҷойи об меовардаашон дар пастӣ, мардум сухани шайхро бо тамасхур қабул карданд. Шайх суханашро идома дода мегўяд, ман фаши саллаамро кушода, то он ҷое, ки тамом шавад, роҳ меравам ва аз ҳамон ҷо об меорем. Ҳамдеҳагонаш ба ҳолаш механданду ба ў хитоб карда мегўянд: «Мирзо накан ҷун», яъне зўри беҳуда назан.Аммо як ду нафар ихлосмандонаш ба ў эътимод мекунанду аз пасаш равон мешаванд.

Ҳамин тариқ, аз он ҷое фаши саллааш тамом мешавад, обро ба деҳааш меоранд. Мардум обро дида ҳайрон мешаванд, дарҳол гўсфандеро дар саргаҳи ҷўй сар зада қурбонӣ мекунанд. Ва ба шайх изҳори сипос карда, «Мирзо нек анҷум» мегўянд, яъне оқибати кори Мирзо ба некӣ анҷом ёфт. Ҳоло ҳам сокинони деҳ аз он ҷўй об менўшанду истифода мебаранд, ки номи он ҷўй «Мирзонеканҷум» мебошад. [1]

Ҳикояти дар боло зикргардида характери ахлоқӣ дошта, мардумро баякҷоягӣ, ҳамдилӣ ва меҳнати софдилона даъват мекунад. Бори дигар нишон медиҳад, ки натиҷаи ҳар як кушишу заҳмат роҳат буда ва ҳар шахс метавонад тавассути сайъу талош ба мақсади дар пеш гузоштааш бирасад.

Имрўзҳо дар аксари минтақаҳо усули обёрикуниро тавассути чархофалаки обкашӣниз мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин усулро метавон обёрикунии сунъӣ номид. Ин тарзи обкаширо бештар ҳангоми обёрӣ аз дарёҳо ва ҷўйҳо ба кор мебаранд.«Чархофалак, чархи махсусест, ки барои обро ба сатҳи баландтари замин баровардан дар ҷўю дарёчаҳо насб карда мешавад. Чарх аз парраҳо иборат буда, дар ҳар парра зарфи обгирӣ баста шудааст. Парраҳои чархро об тела карда, чархофалакро тоб медиҳад, зарфҳое, ки бо парраҳо ба об медароянд, пур аз об шуда, берун меоянд. Дар қисмати мобайни чарх охурчае пайваст шудааст, ки оби зарфҳо ба он мерезад. Об аз охур ба новдон мерезад ва аз новдон ба ҷўйчаи матлуб равона мегардад».  Ин навъи обёрӣ яке аз намудҳои интиқоли оби дарёҳову ҷўйҳо ба заминҳое мебошад, ки ниёз ба об доранд.

Дар маҷмўъ, таҷрибаҳои суннатии обёрӣ як ҷузъи фарҳанги мардум мебошад. Чунин донишу малака ва таҷрибаҳоро мактабе номид, ки насли имрўза ва ояндаро дар роҳимеҳнатдўстӣ ва истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат тарбият намуда, ба ободу зебо гардонидани кишвар мусоидат мекунад.

 

 

Холмуродов Зафар

мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

 

 

[1] Гўянда Қодиров Саидҷон, (соли тав. 1981) сокини деҳаи Кеврони н. Дарвоз.

барчасп: