Лухтак як намуди бозичае мебошад, ки аз давраҳои пеш барои бозӣ кардани духтаракон таҳия карда мешуд. Аз замонҳои пеш то имрўз барои ҳар як духтарча аз ҷониби модару модаркалонашон лухтакҳои гуногун сохта мешавад. Духтаракон бо истифодаи лухтакҳо бозиҳои рангину шавқовареро иҷро менамоянд. Бозии аз ҳама маъмулии кўдакону наврасон ин лухтакбозӣ мебошад, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар бо номи зочабозӣ низ машҳур буда, бо ҳунари лўхтаксозӣ алоқамандии зич дорад.
Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» шарҳи муфассали лухтакбозӣ оварда шудааст: «Зочабозӣ, лухтакбозӣ, яке аз намудҳои театри анъанавии халқи тоҷик, ки аз давраҳои қадим дар байни мардуми Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Конибодом, Исфараву Истаравшану Ғончӣ ва ғайра маъмул буд»[1].
Чуноне ки Д.Раҳимов дар мақолаи хеш қайд намудааст, намудҳои гуногуни лўхтакҳо дар иҷро намудани бозиҳои мухталифи духтаракон васеъ истифода мегардад. «Дар фарҳанги мардуми тоҷик лўхтакҳо навъҳои мухталиф дошта, дар контекстҳои гуногун мавриди корбурд қарор мегиранд. Анвои лўхтак, зоча, одамча, аъҷуба, хўса, ашаглон ва бозичаҳои дигар, қабл аз ҳама, ҷиҳати саргармӣ дар байни кўдакон, барои намоишҳои театри суннатии зочабозӣ ва чодархаёл, корбурди лўхтакҳо дар маросимҳои мавсимӣ ва маишӣ-иҷтимоӣ истифода мешаванд»[2].
Ин қабил бозиҳо боис мегардад, ки як қатор бонувони ҳунарманд ба сохтану омода намудани лухтакҳои гуногун майлу рағбат дошта бошанд. Болтаева Вилоят (с.т. 1961) сокини кўчаи Ҳамза 3-и ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен буда, ба ҳунари лухтаксозӣ машғул аст. Ҳангоми мусоҳиба бо ин бонуи ҳунар оиди лухтаку лухтаксозӣ маълумотҳои хело ҷолиб ҷамъоварӣ гардид. Ў ҳангоми чокдўзӣ кардани модараш дар паҳлўяш нишаста касби дўзандагиро омўхтааст. Завқи беандоза нисбати дўзандагӣ сабабгорӣ лухтаксоз шудани Болтаева Вилоят гардид. Дар ҷараёни суҳбат ин ҳунарманд мегўяд, ки «агар ман бо дипломи гирифтаи хеш соҳиби нон гашта бошам ҳам, лекин сўзани дасти худро дипломи тиллогин дар ҳаётам меномам, чунки бо ин сўзан дар тамоми ҷаҳон номам муаррифӣ гаштааст».
Дар замони пеш аз чўб лухтак сохта, болояшро бо матоъҳои гуногун мепўшониданд ва аз тугма чашм месохтанд. Имрўзҳо на ҳамаи ҳунармандон аз чунин тарз истифода мекунанд. Болтаева Вилоят бошад, ба ҷойи чўб зарфи махсуси пластикӣ (боклашка) – ро истифода менамояд, ки барои рост истодани лухтак хеле мувофиқ аст. Дар шаҳри Хуҷанд дар давраҳои қадим лухтакро бо риштаҳои ранга ороиш медоданд. Мувофиқи ривояти сокинони маҳаллӣ рўи инсон аз нуқтаи назари ислом бояд пинҳон бошад, ки ин ба давраи ашёпарастӣ рафта мерасад. Ба он хотир чеҳраи лухтакро чоркунҷа ва чашмонашро аз тугма оро медоданд, ки гўё рўи шахс бояд аз чашми бад эмин бошад.
Барои сохтани лухтак пеш аз ҳама маҳсулоти зарурӣ - бискоза (мачалка), карсет, сим, матоъ, риштаҳои ранга, сўзан мебошад. Ҳангоми омода кардани лухтак ҳар як маҳсулот нақши вазифаи махсуси худро дорад. Гарчанде маҳсулоти барои лухтаксозӣ даркорӣ ба назар ночиз намояд ҳам, аммо дар маҷмўъ он як шакли маснуоти комилро ифода мекунад. Тарзи омода кардани лухтакро дар курсҳои омўзишӣ, ки аз ҷониби Болтаева В. сурат мегирад, ба хонандагон чунин меомўзонад: расми ҳар як лухтаки месохтаро дар варақ тасвир карда, тавассути қаламҳои ранга ороиш медиҳанд. Баъди тайёр шудани расм аз рўи он бо воситаи маҳсулоти номбаркарда сохтани лухтакро шурўъ мекунанд. Болтаева Вилоят ҳангоми сохтани лухтак матоъҳои нисбатан рушантар (хусусан сафед) - ро бисёртар истифода менамояд. Чунки дар матои сафед тасвир кардани чеҳраи лухтак ба василаи ришта ё ранг осонтар аст. Симои лухтакҳои сохтаи ин бонуи ҳунар бештар бо риштаҳои ранга ороиш дода шудааст.
Қолаби лўхтакро аз сим тайёр карда сару дасташро алоҳида сохта пайваст мекунад. Баъдан пойафзол ва дигар либосҳояшро андоза карда медўзад. Тибқи гуфтаи Болтева В. дар намоишу чорабиниҳо барои рост истодани лўхтак дар таги пояш зарфи пластикӣ (баклашка)-ро гаҷ пур карда мемондаанд. Барои дўхтани ҳар як лухтак таърихро назар карда, вобаста ба он чеҳраву сару либоси лухтакро меофаранд. Ин ҳунарманд ҳам вобаста ба забону халқу миллатҳо лухтакҳои гуногунро месозад. Ҳар яки он инъикосгари урфу одат, анъанаву маросим буда, бо сару либоси хос зебу зинат дода шудааст.
Ҳунарманди мавсуф бештар дар муассисаҳои томактабӣ кор ва фаъолият намуда, яъне барои кўдакону наврасон намудҳои гуногуни лухтакро тайёр мекунад. Бешў бисёртар дар боғчаҳо ҳуҷраҳои кўдаконро бо бозичаҳо оро медиҳад. Аз ҳунари худ ба мураббияҳо меомўзонад. Ғайр аз ин, маҳсулоти тайёрнамудаи ўро дар боғчаҳои бачагона, бозорҳои маҳаллӣ ва шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.
Ба туфайли ҳунараш дар озмуну фестивалҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ фаъолона ширкат варзида, намунаҳои ҳунари дасти хешро барои тамошобинон пешкаш менамояд. Масалан, соли 2000 – ум ҳангоми иштирок дар озмуни байни бонувони ҳунарманд (Народный ремесло женщины) намояндагони ташкилоти ғайридавлатии «Факт» аз ҳунарҳои дастии Вилоятхон дидан намуда, ҳамкории хешро дар ин самт пешниҳод менамоянд. Пешниҳоди ташкилоти мазкур барои рушду такомули лухтаксозӣ имконияти хубе гардид. Сабаби ҷойи намоёнро ишғол кардани Болтаева В. пеш аз ҳама дар он буд, ки маҳсулоти тайёрнамудаи ин ҳунарманд бештар ҷанбаи миллӣ дошт. Ҳар як лухтаке, ки ў месохт, бо тарзу усули хоси мардуми тоҷик ороиш ёфта буд. Мақсади ташкилоти ғайридавлатии «Факт» бошад, ҷалб кардани бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ буд, ки ташкилоти мазкур аз соли 2000 – ум то соли 2006 фаъолият намудааст. Муттасадиёни ташкилоти номбурда дар минтақаи вилояти Суғд Иронов Равшан ва Маҷидова Кибриё буданд, ки миёни занону духтарони ҳунарманд семинару тренингҳо мегузарониданд.
Тибқи иттилои ҳунарманд Болтаева В. дар маркази Хуҷанд бо иштироки намояндагони хориҷӣ (аз Фаронса ва дигар давлатҳо) соли 2003 озмуни «Армуғони миллӣ» байни ҳунармандони боистеъдод баргузор гардид. Мақсади озмун аз он иборат буд, ки халқ, яъне ҳунармандон аз худашон ягон армуғонеро пешниҳод намоянд. Дар ин озмун ин бонуи ҳунарманд лухтаки 5 сантиметраеро сохта пешкаш намуд, ки намояндагони озмун ин ҳунари волоро дида, баҳои хело хуб дода чунин гуфтаанд: «Это первая ласточка из Таджикистан». Барои сайёҳон армуғон чи қадаре хурд бошад, ҳамон қадар арзиши калонтар дорад, чунки онҳо бештар ба армуғони нисбатан дурдтар ва хусусияти миллӣ доштаро қабул доранд.
Ҳамин тариқ, Болтаева Вилоят пайваста дар озмунҳои байналхалқӣ иштирок карда, соҳиби диплому сертификатҳои гуногун гаштааст. Соли 2006 дар шаҳри Бишкек ҳамчун иштирокчии озмун лухтакчаҳои сохтаашро ба намоиш гузошт, ки дар натиҷа соҳиби дипломи «Золотой наследи» гардид. Ҳунарманди мавсуф кушиш дорад, бо ташкилоти «Ороста», ки ба ҳунари қуроқдўзӣ сару кор доранд, ҳамкорӣ намуда, маҳсулоташро ба хориҷи кишвар бештар интиқол намояд.
Хулоса, ҳунари лўхтаксозӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик мавқеи махсус дошта, аз ҷониби модару модаркалонҳо баҳри истифодаи духтаракони хурдсол дар бозиҳои мухталиф, намоишҳои театрӣ ва ғайра сохта мешавад.
Каримова Гулзира