Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсииЛола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшонон чеб-базай, ё чеб раққосӣ номдошта, онро мардҳо иҷро мекунанд. Ин рақс таҳти саддои доира ё созҳои дигари мусиқӣ иҷрошуда, ба жанри рақс бо ашё таалуқ дорад.  Иҷрокунанда дар ҳар дасташ ду қошуқи чўбиро бо ангуштонаш нигоҳ дошта, ба рақс медарояд. Дар вақти рақс мувофиқи бо зарбу усули мусиқӣ дастҳо бо қошуқҳо ҳаракатҳои гуногунро иҷро мекунанд. Раққос, ҳамеша қошуқҳоро ба ҳам зада, таҳти садои зарби онҳо чарх меравад, гоҳ хамшуда, ҳарактҳои мавзунро иҷро мекунад.

Рақси қошуқбозӣ натанҳо вазифаи шақшақаи чўбинро иҷро намуда, ба рақс зарбу усули хоссе мебахшад, балки мазмуни ҳаракатҳои гуногуни меҳнати ва маиширо низ таҷассум мекунад.

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсии “Лола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 44.

барчасп: