Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм, Тавилдара, Кўлоб ва вилояти Суғд занон таҳти зарби доира иҷро мекунанд. Рақс бо кўза дар шаклҳои якнафара, дунафара ва гурўҳӣ рақсида мешавад. Дар Бадахшон ин рақсро таҳти оҳанги «Раҳпо» иҷро мекунанд. Дар Кўлоб ва водии Рашт рақси мазкур зери садои созҳои мусиқӣ ва сурудхонӣ иҷро мегардад.

Дар варианти суғдӣ раққосаҳо бо кўза таҳти навозиши доира мерақсанд. Раққосае  кўзаро дар китфаш гузошта оҳиста – оҳиста рақсро оғоз мекунад. Ў кўзаро гоҳ дар ин ва гоҳ дар он китфаш гузошта бо сари чашма барои гирифтани об меравад. Духтар дар назди чашмаи об кўзаро гузошта худро орову торо дода дасту рўяшро шуста, мўйҳояшро ҳамвор мекунад. Дар назди чашма бо дугонаҳояш  ва ё бо ҷавони дўстдоштааш  рақскунон мулоқот мекунад. Дар охир ба кўза об гирифта, рақскунон ба хона бармегардад.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон иҷро менамуданд. Раққос дар кўза чанд дона чормағз андохта, онро алвонҷ дода, ҳаракатҳои рақсиро иҷро мекунад. Чормағзҳои  даруни кўза дар вақти рақс садо медоданд. Баъзе раққосон бо кўзаи холӣ мерақсиданд ва онро ба боло партофта, банди дастҳоро тоб дода, боз кўзаро ба даст мегирифтанд. Ин рақс унсурҳои жонглёриро дошт. Раққос кўзаро гоҳ дар ин ва гоҳ дар он китфаш мегузошт. Ў баъзан кўзаро  дар рўбарўяш бо ду дасташ дошта, ба ин тарафу он тараф  чарх мерафт, гоҳ менишаст ва мехест. Дар ин рақси мардона суруд, рақс, пантомима ва унсурҳои жонглёрӣ ба ҳам пайваст шуданд.

Дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Кўлоб рақс бо кўзаро занон иҷро мекунанд. Ҳаракатҳои банди даст, чархзанӣ ва ҳаракатҳои дигар қомату зебоӣ, чолокии иҷрокунандаро тасвир менамоянд.

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Дар замони муосир ин рақс бо номҳои «Кўзабозӣ», «Рақс бо кўза», «Вохурӣ» ва ғайра тавассути дастаҳои ҳаваскорӣ ба саҳна гузошта мешаванд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр – граф, 2017. – 280 с.

 

 

барчасп: