Ҳанӯз охирҳои асри 19 ва аввали асри 20 сайёҳони хориҷие, ки ба сарзамини тоҷикон ташриф меоварданд, аз зебоӣ, асилӣ ва рангорангии фарҳангу тамаддуни қадимии он дар тааҷҷуб буданд. Олими олмонӣ Рихард Карутц дар ибтидои қарни 20 навишта буд, ки: «чунин рангомезии ғайриро дар ҳаёти ҳеҷ кадом халқи дигари дунё вохӯрдан ғайриимкон мебошад». Дар ҳақиқат ҳамаи он рангорангӣ ва рангомезии бепоёнеро, ки натиҷаи маҳсули дасти ҳунармандони боистеъдод ва гулдасти тоҷик мебошад, дар ҳар хонадони онҳо дидан мумкин аст. Касбу ҳунар аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бо ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва анъаноти мардуми тоҷик алоқамандии зич дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромаду суханрониҳояшон қайд менамоянд, ки барои рушду такомул бахшидани касбу ҳунарҳои мардумӣ чораҳо андешида шавад. Баъди соҳибистиқлолии кишвар як қатор касбу ҳунарҳои халқии тоҷикон бо роҳу усулҳои гуногун инкишоф ёфтан гирифт. Дар даҳсолаи охир бо кӯмаку дастгирии бевоситаи сарвари давлат, Ҳукумати кишвар ва вазорату ташкилотҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳа омӯзишу таҳқиқотҳо гузаронида шуд. Дар натиҷа теъдоди зиёди ҳунармандони халқӣ, ки бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ сару кор доштанд, ба рӯйхат гирифта шуданд. Мақсади анҷом додани чунин пажӯҳишҳо пеш аз ҳама эҳёи касбу пешаҳои анъанавии тоҷикон ва дарёфти ҳунармандони ҷавон буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳар як шаҳр ё деҳоти мамлакат ҳунармандони соҳибтаҷрибаеро вохӯрдан мумкн аст, ки тавассути пешаи хеш мақому манзалати хосаеро молик гаштаанд. Албатта, ин қабил ҳунармандон пайваста ба омӯзонидану тарбия намудани ҳунармандони оянда-ҷавондухтарон сару кор дошта, бо ин васила ҳам ҳунарашонро ба наслҳои баъдӣ интиқол медиҳанд ва ҳам онро ҳифз менамоянд.
Занони деҳоти Тоҷикистон аз давраҳои пеш ба таҳияи намунаи маҳсулоти мухталиф, аз қабили адрасбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, ҷуроббофӣ, шерозабофӣ, мӯҳракашӣ, намадмолию сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, асрҳо боз маҳсули дасти эшон муаррифгари фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб дониста мешавад. Чунки ҳар сайёҳе, ки ба минтақаҳои дурдасти кишвар ташриф меорад, пеш аз ҳама ба ҳунарҳои анъанавӣ, урфу одат ва ҷашнҳои он ҷо таваҷҷуҳ менамояд. Боиси зикр аст, ки бо сабаби дар ҷашну маросим ва анъанаҳояшон ба таври васеъ истифода намудани анвои мухталифи маҳсулоти ҳунармандӣ мардуми деҳот ба ин ё он пеша шуғл меварзанд. Маҳз чунин расму русумҳои маҳаллӣ боис гардидааст, ки як қатор касбу пешаҳои қадимии тоҷикон то имрӯз боқӣ мондааст. Дар деҳаҳои ноҳияҳои гуногуни кишвар устодону ҳунармандони мумтозе зиёданд, ки анъанаҳои аҷдодии худро давом дода меоянд. Офаридани гулдӯзиву зардӯзӣ ва адрасҳои рангоранг, дӯхтани куртаву ҷомаҳои зебои нақшбандӣ ва амсоли инҳо дар онҳо имрӯз ҳам фаромӯш нашудааст. Ҳамаи он ганҷинаҳое, ки бо дасти занони ҳунарманд тайёр карда мешаванд, сарчашмае доранд, ки ҷараёни худро аз қаъри асрҳо гирифтааст.
Дар шароити кунунӣ низ аксари бонувони ҳунарманд ба фаъолияти касбу пешаҳои аҷдодӣ рӯ овардаанд. Зеро чунин иқдом дар соҳаи ҳунарҳои халқӣ пешравии намоёнеро ба вуҷуд меорад. Аммо ҳар як соҳа баробари муваффақиятҳояш як қатор камбудиҳоро низ дар бар гирифтааст. Гарчанде занону духтарони деҳоти ҷумҳурӣ барои давом додани пешаҳои қадимии ниёгон ва рушду такомули онҳо камар баста бошанд ҳам, баъзе монеаҳое мавҷуданд, ки садди роҳи эшон гардидаанд. Масалан, мушкилоти аз ҳама асосӣ барои ҳамаи ҳунармандон ин дастрасии ашёи хом аст. Бо сабаби кам шудани сатҳи чорводорӣ, аз худ кардани заминҳои бекорхобида, баланд будани нархи ашёи хом ва бахусус ворид гардидани маҳсулоти корхонаӣ фаъолияти ҳунармандони маҳаллӣ то як андоза маҳдуд гаштааст.
Мушкилоти дигаре, ки ба пешрафти бахше аз касбу ҳунарҳо халал мерасонад ва ё махсусияти миллии онро аз байн мебарад, ин ворид гардидани техникаву технологияи замонавӣ мебошад. Албатта, ҳунармандон дар ҳамаи асру замонҳо, алалхусус дар шароити имрӯза ба анъанаи қадимӣ тағйирот медароранд. Ин навоварию тағйирот, ки ба тақозои шароиту замон ба вуқӯъ омадааст, як бори дигар нишон медиҳад, ки санъат бояд ҳамоҳанги замон бошад. Масалан, таъсири техникаву технологияи ҳозиразамон ба навъҳои гуногуни касбу пешаҳои мардумӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Мутаасифона, аз як ҷиҳат ин барои пешбурди соҳа кӯмак расонад, аз ҷиҳати дигар мақому манзалати анъанаҳои асилро аз байн мебарад. Чунки таҳияи аксари маҳсулоте, ки тариқи технологияи муосир ба роҳ монда шудааст, аз ҷиҳати сифат ва хусусияти миллӣ коста менамоянд. Бахусус ҷавондухтарони ҳунарманд, ки мустақилона ба омода кардани маснуоти ҳунармандӣ машғуланд ба мазмуну мундариҷаи маҳсулот камтар таваҷҷуҳ медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳониро марҳилаи ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст, бидуни техникаву технологияи муосир пеш бурдани ягон соҳа ғайримкон аст. Вале набояд фаромӯш сохт, ки сайёҳон ва умуман донандагони арзишҳои волои фарҳангӣ бештар ба маҳсулоти пурмазмун ва ҷанбаи миллидошта таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Азбаски сайёҳон бисёртар ба деҳаҳои гуногуни кишвар сафар менамоянд, пешкаш кардани маҳсулоти асил ва сифатан хуб ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро хориҷиён бисёртар мардуми тоҷикро ба воситаи унсурҳои миллиашон, ки таҷассумгари фарҳангу тамаддуни гузаштагон аст, мешиносанд.
Ғайр аз ин ба фурӯш баровардан ва дастраси мизоҷони зиёд гардонидани дастранҷи занону духтарони ҳунарманди деҳот низ як мушкилоти ҷиддие ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки набудани мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ аз масъалаҳои муҳим дар кори бонувони ҳунарманд маҳсуб меёбад. Зеро ҳангоме ки маҳсули дасти ҳунарманд пайваста дар фурӯш бошад, вай аз ин гуна ҷараён доштани кораш рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Ва метавонад намунаҳои боз ҳам хубтару беҳтар ва босифатро рӯи кор орад. Вақте ғайр аз мардуми маҳаллии ниёздошта ва баъзе сайёҳони хориҷӣ харидори дигаре нест ҳунарманд нисбати пешаи интхобнамудааш дилсард мегардад. Бо ин гуна мушкилот аз байн рафтани касбу пешаҳои қадимӣ аз эҳтимол холӣ нест.
Азбаски чунин мушкилиҳо бештар ба мушоҳида мерасад, истеъдоде, ки ҳунарманд дар замири хеш мепарварад, оҳиста-оҳиста мемирад ва бо ҳамин тарз ҳунари ӯ ба ояндагон мерос намемонад. Дар ҳоле, ки одамон баъзе аз намунаи анвои ҳунармандиро на аз дӯкону мағозаҳои шаҳру вилоят, балки дар ягон деҳаи дурдаст аз хонаи ягон ҳунарманди соҳибтаҷриба пайдо мекунанд, ки ӯ фақат аз рӯи ҳавас ҳунари аҷдодиашро тарк накарда, то ҳол соатҳои бекориашро дар сари ин машғулият мегузаронад. Ин аст, ки намудҳои гуногуни ҳунари халқӣ аз авлод ба авлод, аз аср ба аср ба ёдгорӣ мегузарад ва ҳамчунин рушду такомул меёбад.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда буданд. Ин иқдоми наҷиб на фақат барои аз байн нарафтан ва эҳё гардидани қисме аз ҳунарҳои мардумӣ, балки барои дарёфти ҳунармандони ҷавон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҷониби ҳунармандони соҳибистеъдоду бомаҳорат тасдиқ карда шуд.
Барои боз ҳам густариш ва пурра амалӣ гардонидани ташаббуси дурандешона аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021 низ ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба тасвиб расид. Ибтикори пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар бесабаб набуда, бо мақсади рушду инкишоф додани соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва махсусан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва аз ҷиҳати дигар нигоҳ доштани намунаҳои мероси фарҳангии ниёгон ба роҳ монда шуд. Чунки касбу ҳунарҳои мардумӣ аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро дар худ таҷассум менамоянд. Намунаҳои барҷастаи навъи ҳунарҳои халқӣ барои тарбияи наврасону ҷавон ва муаррифии давлату миллат ба арсаи ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бонувон бештари касбу ҳунарҳоро дар шароити хона пеш мебаранд. Хушбахтона, баъди истиқлолияти кишвар як қатор Грантҳо барои ҷалби ҳунармандон ҷорӣ гардид, ки ба воситаи ин теъдоди зиёди ҳунармандон тавонистанд коргоҳҳои худро поя гузоранд. Тавре ки Сарвари давлат қайд намуданд фарҳанги маънавӣ ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик, ки «соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст», ҷузъи ҷудонашаванда ва як намунаи фарҳанги маънавӣ маҳсуб ёфта, бояд олимони соҳаҳои гуногунро ба худ ҷалб намояд. Ба ин далел, фаъолияти занони ҳунарманди деҳоти Тоҷикистон аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, омӯзишу таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи он вазифаи аввалиндараҷаи олимону мардумшиносон мебошад.
Носирова Лайло
Мудири бахши фарҳанги моддии
ПИТФИ