Таҷрибаҳои боғдории мардуми Рашт

Боғдорӣ яке аз пешаҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (нашри 2018) дар бахши касбу ҳунарҳои мардумӣ, таҳти рақами Е029 ба қайд гирифта шудааст.  Махсусан барои мардуми кўҳистон ин касб василаи асосии рўзгузаронӣ мебошад. Барои ба даст овардани ҳосили хуб ба ҳар дарахт нигоҳубини алоҳида лозим аст ва ба ибораи худи боғбонҳо «дарахтонро мисли фарзанд бояд дўст дошт ва парвариш намуд».

Водии Рашт яке аз минтақаҳои номдору муввафақ дар соҳаи боғдорӣ дар кишвар ба шумор меравад. Мо низ зимни сафари хидматӣ ба водии Рашт оид ба нозукиҳои ин ҳунари анъанавӣ ба қадри имкон маълумот гирдоварӣ намудем.

Дар ҷараёни сафари корӣ мо бо якчанд нафар боғбон ба таври алоҳидагӣ ҳамсуҳбат гардидем. Аз ҷумла, Шарипов Ширинҷон аз деҳаи Муллобароти ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт, Мирзошои Акобир деҳаи Ялдимичи ҳамин ҷамоат ва чанде дигар. Аммо маълумоти нисбатан комилро аз як боғпарвари ҷавон Наимов Изатулло, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шайхи Валии ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт гирифтем.  Изатулло новобаста аз он, ки ҳамагӣ 30 сол дорад, аллакай беш аз 8 сол мешавад, ки ба нигоҳубини дарахтони боғи назди ҳавлиашон машғул гардида, дар ин самт дастовардҳои зиёде дорад. Дарахтони ў нисбат ба боғи дигар ҳамсояҳо тафовут доранд. Зеро ў бештари вақти хешро ба нигоҳубини дарахтон мегузаронад. Ба гуфтаи ў, «ҳар дарахти боғ мисли фарзанд азиз аст ва парвариши онҳо аз кўдак ҳам нозуктар мебошад». Дар бораи усули нигоҳубини дарахтон ва ниҳолҳои боғаш маълумоти мухтасар дод. Дар боғи ў дарахтони себ, нок, муруд, зардолу, олу, шафтолу, гелос, олуболу, қараолу ҷой доранд. Дарахтони номбурда ҳар кадоме вобаста ба мавсим барои ў фоида меоранд. Аз дарахтони себ 12 навъи он дар боғаш мавҷуд аст, ки ҳар кадоме дар мавсими имсола ба қадри даркорӣ бор овардаанд. Вобаста ба иқлими деҳа Изатулло дар боғи назди ҳавлиаш 8 навъи  нок ва 6 навъи зардолуро шинонда нигоҳубин намудааст. Ў иброз дошт, ки албатта навъҳои зардолуву нок зиёданд аммо ба шароити деҳаи мо чандон мутобиқ нестанд.

          Ниҳолшинонӣ. Зимни сўҳбат бо ў ва умуман дигар боғбонҳои ин минтақа дар бораи фаъолияти боғбонӣ ва донишу таҷрибаҳои он маълумоти пурра гирифтем. Бинобар гуфтаи деҳконон ниҳолшинонӣ мавсими муайян дорад ва онро наметавон ҳар лаҳзаи барои худ мувофиқ шинонид. Яъне аксари ниҳолҳоро ё охири тирамоҳ вақте, ки замин аз афзоиш мемонад ва ё аввали фасли баҳор ҳангоме, ки ниҳолҳо карахт мебошанд, шинондан лозим аст. Маъмулан дарахтон дар гармхонаҳо парвариш ёфта, пас аз се-чорсолагӣ ба боғҳо интиқол дода мешаванд. Яъне дарахтонро ниҳолпарварон дар гармхонаҳо аз дона сабзонида, парвариш карда, пас аз ниҳолча шуданашон ба фурўш мебароранд. Изатулло ҳам барои таҷрибаи кори хеш дар боғи ҳавлӣ гармхонаи хурдакаке сохтааст ва чандин тан ниҳолҳои парваридаи худашро аллакай ба боғаш интиқол додааст. Ў мегўяд, ки ниҳолҳои зардолу ва ноке, ки дар гармхонаи назди ҳавлиаш парвариш кардааст, зуд калон шуданд. Ба андешаи ў сабаб дар он аст, ки аллакай онҳо ба ҳамин боду ҳаво мутобиқанд.

  1. Ба ғайр аз ниҳолшинонӣ яке аз усули зиёд кардани навъи ниҳол пайванди онҳо мебошад. Яъне бо роҳи пайвандкунӣ навъи меваҳо дар ин минтақа зиёдтар мегарданд. Ба гуфтаи боғбонҳои ин минтақа сабаби асосии ба вуҷуд омадани пайвандкунӣ дар он аст, ки ниҳолҳои дар манотиқи нисбатан гармтар парварида, дар иқлими водии Рашт кам мутобиқат мекунанд. «Мо аввал ниҳолҳоро харида дар боғамон мешинонем. Баъд аз ҳосил доданашон муайян мегардад, ки чи гуна ниҳол аст. Агар меваи чандон хуб надошта бошад, зуд онро пайванд мекунем. Зеро дарахтро аз нав канда ҷояш ниҳол шинонидан муҳлати зиёдро талаб менамояд. Камаш 6-7 сол лозим меояд, ки як дарахт аз донак парвариш ёфта, бор оварад. Аз ин рў, усули пайванд дар дарахти сабзи тайёр хеле мувофиқ аст ва базудӣ сабзида бор медиҳад. Маъмулист, ки ҳар як дарахтро вобаста ба мевааш пайванд кардан лозим аст. Ба дарахти себ бояд ҳатман себ пайванд карда шавад. Масалан, ба дарахти нок себ ва ё ба зардолу шафтолу пайванд кардан мумкин нест. Пири деҳқонҳо ҳазрати Бобои Одам ин навъ пайвандро иҷозат надодааст. Махсусан ба дарахти бемева пайванд кардани дарахти мевадор гуноҳи азим аст. На ҳар кас пайванд карда метавонад. Касе, ки таҷриба дораду аз ягон деҳқон дасти пир гирифта бошад, пайвандҳояш зуд месабзанд. Ҳатто дар як-ду сол қад кашида, мева медиҳанд, иброз намуд Изатулло.

Усулҳои пайванди ниҳол зиёданд, аммо дар водии Рашт пас аз ҳамсуҳбат гардидан бо ҳунармандон чанде аз онҳо ва мавсими иҷрои онҳоро махсус пурсон гардидем. Масалан, навчапайванд, кундапайванд, баргпайванд ё нойчапайванд ва пулпайванд.

  • усули пайвандест, ки аслан дар аввалҳои фасли баҳор, вақте, ки дарахт нав бедор шуда истодааст, сурат мегард. Боғбон аз дархати дилхоҳаш тахминан 4-5 см шохчае, ки иборат аз се-чор муғча аст бурида, нўгашро тез мекунад. Сипас аз ниҳоле, ки чандон меваи хуб надорад, ягон навчаи борик ва ба қадри ҳамин пайванди тайёр кардаашро рост мебурад. Буриш бояд аз мавзеъи муғчадор сурат гирад, зеро маҳз ҳамин мавзеъ барои зуд амал кардан мувофиқ мебошад. Сипас аз миёни навчаи бурида бо корд ба миқдори тахминан 0,5-0,7 см навчаро боз рост кафонида, пайванди нўгаш тезкардашударо ба дохилаш мегузоранд ва каме лой молида бо ягон лата нозукона мебанданд, то ин ки дар вақти бориши борон ё шамол ҷудо шуда наафтад.

Усули пайванди дигар кундапайванд мебошад, ки он ҳам дар аввалҳои фасли баҳор сурат мегирад. Боғбондарахтеро, ки чандон самараи хуб надорад, тахминан 50-80 см болотар аз замин бо арра рост мебурад ва аз ниҳоли ба дилаш мувофиқ ду ва ё чаҳор навчаи пайвандворӣ гирифта, нўгҳояшонро аз ду тараф бо корд тез менамояд. навчаҳои пайвандворӣ бояд 10-15 см дароз набошанд ва навчаҳое бошанд, ки ҳамагӣ як сол пеш афзоиш ёфтаанд. Чунин навчаҳо барои зуд сабзиш ёфтану барқарор шудан мусоидат мекунанд. Баъдан боғбон бо нўги искана чор қисмати кундаи буридаро оҳиста мекафонад. Боядки қисматҳои кафонида аз тарафи беруни кунда ва пўст наздик бошанд. Ҳатто бояд чунон нозук кафонад, ки пўст ҷудо нашавад ва осеб набинад. Сипас навчаҳоро дар ҷойҳои сўрохкардашуда гузошта гирдашонро бо плёнка баста дохилашон каме лой мегузоранд. Лой барои зуд инкишоф ёфтани пайвандҳо хизмат мекунад.

Баъзеҳо дарахтро якбора набурида, усули кундапайвандро дар ҳар шохаи дарахт ба таври алоҳидагӣ мегузаронанд ва ҳатто дар як дарахт чанд навъи себ ва ё нокро пайванд менамоянд. Масалан, ҳангоми сафар дар боғи боғбони пуртаҷриба Мирзошои Акобир дарахти себеро вохўрдем, ки дар он 18 навъи себ мавҷуд буд. Аҷибии кор дар он буд, ки аз ин дарахт аз охири моҳи май сар карда то боридани барф себ хўрдан мумкин аст. Яъне ў чунин себҳоеро дар ин дарахт пайванд кардааст, ки вобаста ба мавсимҳои гуногун пухта мерасанд.

  • ё нойчапайванд усули пайвандест, ки дар фасли тобистон, вақте ки тамоми дарахтон пурра инкишоф ёфта, барг ва ҳатто мева доранд, гузаронида мешавад. Чунин пайвандро на ҳар деҳқон карда метавонад. Усули иҷрои ин навъи пайванд чунин аст: «Навчаи борики дарахте, ки ҳосили хуб дораду барои мо мувофиқ аст, рост бурида мегирем. Ғафсии қутри навча набояд аз 1 см зиёд бошад, зеро ҷудо кардани пўсти навчаҳои ғафстар душвор аст. Баъдан дар навчаи шохи дарахте, ки дар он пайванд гузаронида шавад интихоб менамоем. Ғафсии навчаи пайванд мешуда ҳам бояд ба навчаи буридаамон баробар бошад. Нўги ин навчаро ҳам бурида мепартоем. Аз навчаи пайвандворӣ як қисми муайянеро, ки иборат аз ду ва ё се барг аст, тахминан ба андозаи 3-4 см танҳо пўсташро бо корд гирд мебурем, баъдан онро оҳиста-оҳиста бо даст ҷунбонида ковок мекунем ва танҳо пўсташро кашида аз навча ҷудо мекунем. Ҳамин миқдор пўсту баргро аз навчаи дарахти пайвандшаванда ҷудо карда мегирем ва ин пўсти авваларо оҳиста ба ҷои вай медарорем. Ин амал бояд зуд иҷро гардад, то ин ки оби ҳам навчаи пайвандшаванда ва ҳам пўсти пайвандӣ напарад. Дар охир нўги навчаро каме лой молида, муваққатан мебандем то ин, ки ба зудӣ сабзида афзоиш ёбад. Ин навъи пайвандро баргпайванд ё нойчапайванд меноманд».
  • навъи содаи пайванд мебошад, аммо нисбати дигар пайвандҳо каме нозуктар буда, иҷрои онро на ҳар деҳқон ба уҳда мегирад. Ба гуфтаи деҳқонони водии Рашт агар шахс воқеан аз уҳдаи ин навъи пайванд барояд, онро ҳам дар аввали фасли баҳор ва ҳам дар тобистон, умуман то вақте ки дарахт дар инкишоф аст, гузаронидан мумкин аст. Фарқияти ин навъи пайванд аз навчапайванд ва кундапайванду нойчапайванд дар он аст, ки навчаҳои пайвандшавандаи ба якдигар баробарро интихоб карда, танҳо як паҳлуяшонро бо корд бурида, болои ҳам мисли рав ё пул мегузоранд. Яъне буриш бояд тахминан 1 см ба тариқи амудӣ сурат гирад ва навчаи пайвандӣ на бояд аз 8-10 см дароз бошад. Дигар ин ки навчаҳои пайвандшаванда бояд тарзе болои ҳам гузошта шаванд, ки нойчаҳои обгузарашон ба ҳам мувофиқ афтад. Дар охир боз ҳамон усули молидани лой ва бастани муваққатӣ бо латта ва ё плёнка иҷро мегардад.

Доир ба усули пайванди ниҳолҳо бояд ҳаминро қайд намуд, ки шохчаҳои барои пайванд интихобшаванда ҳатман аз ҷои буғумҳо яъне, қисматҳое, ки соли афзоиши навчаро муайян менамоянд, интихоб мешаванд. Дигар ин ки вобаста ба бовару эътиқодҳо дар водии Рашт шахси пайвандгар ҳангоми пайвандкунӣ бояд «бо пойи таҳорат» бошад, то ин ки пайвандҳои кардааш ба зудӣ сабзида инкишоф ёбанд. Яъне ба андешаи деҳқонони водии Рашт «боғдорӣ ҳам мисли дигар пешаҳо пири худро дорад ва набояд онро хор кард ва нопок нигоҳ дошт».

  1. Ба ғайр аз пайвандкунӣ барои гирифтани ҳосили хуб  ҳамасола бояд шохҳои зиёдатии дарахтон бурида шаванд. Буридани шохҳои дарахтон низ роҳу усули махсус дошта дар мавсимҳои муайян иҷро мегардад. Инсон наметавонад дар мавриди дилхоҳ шохи дарахтонро бибурад. Ба ақидаи мардуми водии Рашт «буридани шохи дарахти мевадиҳанда дар вақти инкишоф ва баргкарданаш бисёр гуноҳи азим аст. Инсоне, ки дарахти мевадорро дар тобистон мебурад бебаҳра (бенасл) мегардад». Аслан шохҳои зиёдатии дарахтонро дар охири фасли тирамоҳ вақте ки баргҳои дарахтон пурра мерезанду дарахтон карахт мешаванд ва аввали фасли баҳор замоне, ки дарахтон инкишоф наёфтаанд, буридан лозим. Яъне дар давраи карахтии дарахт, дар фасли сармо.

Шохбурӣ ҳам усули махсуси худро дорад, ки на ҳар кас аз уҳдаи он баромада метавонад. Шохҳои байни дарахтон, ки барои баромадан ба болои себ дар мавсими себчинӣ халал мерасонанд, низ бурида мешаванд. Инчунин, навчаҳои аз ҳад дарозшуда, ки чидани себ аз онҳо душвор аст, бояд бурида шаванд. Деҳқонони асил онҳоро тарзе шохбурӣ менамоянд, ки дарахтони онҳо курашакл мегарданд, ки табиати боғро зебо мегардонад. Мақсади асосии шохбурӣ агар аз як ҷиҳат барои ба тартиб даровардани дарахтон бошад, аз тарафи дигар барои ҳосили хуб додани дарахтон мусоидат мекунад. Ба гуфтаи боғбонҳо агар шохи дарахтон каму ботартиб бошанд, ҳосили дарахтон низ калону бенуқсон мешавад. Инчунин аз ҷойҳои буридашуда бо таъсири боришоти барфу борон касалиҳои мева гум мешудааст. Дар маҷмўъ, шохбурии дарахтон низ дар доираи донишу таҷрибаҳои мардумӣ сурат мегирад.

 Дору ва порудиҳии дарахтон ҳам яке аз самтҳои асосии пешаи боғдорӣ ба шумор меравад. Бино ба гуфтаҳои деҳқонони таҷрибадор, «солҳои пештар барои дарахтон доруҳои зиёд мавҷуд набуданд. Танҳо дар замони Шўравӣ барои кирм накардани меваҳо ҳар сол як маротиба доруе бо номи «рагор» истифода мешуд. Аммо барои зуд инкишоф намудан ва меваи хуб додани дарахтон ба онҳо пору медодем. Аслан поруи гўсфанд бо сабаби гарм будани таркибаш барои дарахтон истифода мешуд. Бояд гуфт, ки порудиҳӣ ҳам мавсими муайян дорад. Он ҳам ба мисли шохбурӣ ҳангоми карахт будани замин дар охири фасли тирамоҳ ва ё аввали фасли баҳор сурат мегирад.

Барои порудиҳӣ аввал бехи дарахтонро бо бел нарм мекунанд, сипас поруро ба бехи дарахтон мерезанд. Яъне пору асосан ба решаи дарахтон дода мешавад. Пору ҳам андозаи муайян дорад. Масалан, барои як дарахти тахминан 5-6 сола додани ҳамагӣ як сатил пору кифоя аст. Аз ҳад зиёд додани пору метавонад дарахтро хушконад. Барои он махсус дар ҳамин мавсим пору дода мешавад, ки ҳангоми бедор шудани замин дарахт оҳиста-оҳиста аз пору ғизо гирифта, хуб инкишоф ёбад.

Дар мавриди дорудиҳӣ бошад, гуфтан мумкин аст, ки имрўзҳо барои дарахтон доруҳои кимиёвии зиёде истеҳсол ва истифода мешаванд. Ба ақидаи боғдорон бо таъсири технологияи гуногун вазъи экологӣ низ чандон тоза нест ва агар аз чунин доруҳо истифода набаранд, гирифтани ҳосили хуб ғайриимкон аст. Инчунин деҳқонон бар он ақидаанд, ки «аз ҷониби давлатҳои тараққикарда аввал навъи касал ва ё вирусро паҳн карда, сипас доруҳоро истеҳсол намуда, ба фурўш мебароранд. Албатта ин талаботи замон аст ва хоҳу нохоҳ моро низ зарур аст, ки аз онҳо истифода барем».

Таҷрибаи дигари боғдорӣ яхобмонии дарахтон мебошад. Ҳанўз аз давраҳои пеш усули яхобмониро деҳқонон таҷриба намудаву истифода мебурдаанд. Деҳқонон дар фасли зимистон дарахтони боғеро, ки касалҳои пўсти дарахт ва ё мева доранд, инчунин ҳашароти гуногун меваҳоро зарар мерасонанд, бо ҳамин усул табобат мекардаанд. Дарахтоне, ки бештар шира гирифта, ҳатто меваҳояшон ширинтар мешаванд, оҳиста-оҳиста ба касалиҳои гуногун, ки асосашон таъсири ҳашаротҳо мебошанд, дучор мешаванд. Аз ин рў, бо маслиҳати куҳансолони рўзгордида бо усули яхобмонӣ табобат мешаванд. Яхобмонӣ чунин аст: «Дар фасли зимистон бехи дарахтонро кушод кофта чуқуриҳоро аз об пур мекунанд. Ин амал дар мавсими сардии ҳарораташ аз сифр поёнтар иҷро мегардад. Зеро бояд об ҳатман ях карда истад. Сардии ях ба реша ва пояи дарахтон таъсир расонида, ҳашароти зараррасонро мекушад. Табиист, ки дар фасли зимистон бо сабаби сардии ҳаво ҳашаротҳо ба зери хок, яъне ба решаи дарахтон медароянд. Чунки таркиби хок дар фасли сармо нисбатан гарм мебошад. Оби ба бехи дарахтон рехташуда, рўзона каме об шуда ба таркиби реша ворид мешавад. Шабона аз нав сард ва ях шуда, ҳашаротро несту нобуд мекунад».

Аз ҳама кори муҳим дар таҷрибаҳои боғдорӣ чидани меваҳо ва усули захираи онҳо мебошад. Тамоми меваҳоро мардуми водии Рашт бо усули оддӣ, яъне бо даст мечинанд. Меваҳои рехтаю латхўрда то вақти даркорӣ намеистад. Зеро онҳо зуд вайрон шуда, меваҳои солимро низ ба пўсонидан оварда мерасонанд. Чунин меваҳоро ҳарчи зудтар ё бо нархи арзон мефурўшанд ва ё барои хўроки чорво истифода мебаранд.

Мардуми водии Рашт асосан меваҳояшонро барои фасли зимистон захира менамоянд. Меваҳои аксари боғҳои онҳо низ тирамоҳӣ ва ё барои зимистон мебошад. Аммо бо вуҷуди он дигар навъ меваҳои тобистона низ дар боғҳои мардуми ин водӣ парвариш меёбанд.

Усули захира аслан бо ду роҳ – хушконидани меваҳо ва нигаҳдории меваҳои тар дар хонаҳои махсус сурат мегирад. Мевахушкониро дар фасли тобистон ва аз меваҳои тобистона иҷро мекунанд. Барои хушконидан меваҳои зардолу, олуболу, себ ва муруд истифода мешавад. Хушконидан низ дар ин минтақа сирф табиӣ ва бидуни ягон навъ дору сурат мегирад. Аммо меваҳои себу мурудро бо шакли буридан мехушконанд. Аз меваҳои хушконидашуда дар фасли зимистон нўшоба омода намуда, истеъмол мекунанд.

Меваи тарро аслан дар мобайни фасли тирамоҳ – моҳи октябр чида, дар хонаҳои махсус нигаҳдорӣ мекунанд. Хонаҳои барои себу мева захиракуниро дар водии Рашт себхона меноманд, ки онҳо дорои тоқу рафҳои махсус мебошанд. Зеро ҳар навъи меваҳо дар чунин себхонаҳо ҷойи муайяни худро доранд. Мардуми водии Рашт меваро дар себхонаҳо оҳиста рехта, ба гурўҳҳо ҷудо менамоянд. Яъне аксаран калону хурди онро вақти чидан ҷудо намуда, сипас барои фурўхтан захира мекунанд. Бояд гуфт, ки себро дар себхонаҳо болои ҳам зиёд намерезанд. Баландии себи рехташуда бояд то 40-50 см бошад. Чунки метавонад ҳангоми бисёр истоданаш мулоим шуда боиси пўсидани меваҳо шавад. Ҳарорати гармии себхонаҳо низ ҳамеша муътадил нигоҳ дошта мешавад. Барои себ ва ё меваи захирашуда ҳароратиаз 5 то 10 дараҷа гармӣ кифоя аст. Агар ҳаво аз ҳад зиёд гарм шавад, дару тирезаҳоро кушода ҳатто ба воситаи асбобҳои барқии сардидиҳанда ҳарораташро поин мефуроранд. Ё баръакс агар ҳаво сард шавад зуд бо роҳу усулҳои гуногун себхонаро гарм месозанд.

Дар гармии аз ҳад зиёд меваҳо зуд пухта мулоим мешаванд ва дер намеистанд. Аммо дар сардии аз ҳад зиёд мева ях карда, баъди дубора об шудани яхаш зуд сиёҳ шуда ба пўсидан шурўъ мекунанд. Бояд гуфт, ки яке аз манбаҳои асосии рўзгузаронии мардуми водии Рашт аз ҳисоби боғҳояшон мебошад. Аз ин рў, қариб ҳар нафар дар нигоҳубини дарахтон ва ё захираи меваҳо таҷрибаи кофӣ дорад. Меваҳои ин водӣ то аввалҳои моҳи апрел дар себхонаҳо нигаҳбонӣ карда мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар бозорҳои ҷумҳурӣ, алалхусус, бозорҳои пойтахт меваҳои тару тозаи ватанӣқариб дар ҳамаи фасли сол фаровон аст. Ҳанўз аз замони Шуравӣ меваи водии Рашт сифат ва арзиши ба худ хосро доро буда, ба истилоҳи мардум ҳамеша «бозоргузар» мебошад.

Дар маҷмўъ, метавон гуфт, ки пешаи боғдорӣ ҳам ба мисли дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ – кирмакпарварӣ, занбўрпарварӣ, ғаллакорӣ ва амсоли инҳо фарогири бовару ақида ва донишу таҷрибаҳои зиёди қадимаи ниёгон ба вуҷуд омадаву то имрўз идома дорад. Он ҳам ба мисли дигар ҳунарҳои мардумӣ пири худро дораду мардуми ҳар минтақа бо ихлосу самимият ба он таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рў, бояд ҷанбаҳои фарҳангии он, ки аз замонҳои хеле қадим ба ҳаёти иҷтимоии мардум алоқаманд гардидаанд, аз ҷониби муҳаққиқон таҳлилу баррасӣ гарданд. Табиист, ки зери ҳар як ривояту панд ва донишу таҷрибаҳои мардуми куҳансол ҳазорон сиру асрор нуҳуфтааст, ки насли навин аз онҳо бехабаранд ва ё майли шунидану ба онҳо такя намуданро надоранд. Мо муҳаққиқонро зарур аст, ки барои ба насли оянда боқӣ гузоштани фарҳанги асили ниёгони хеш ҳарчи бештар аз пайи ҷустуҷў ва таҳлилу баррасии ҳикмати халқ бошем.

Аминов Абдулфаттоҳ,

номзади илмҳои филологӣ,

мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

 

барчасп: