Ҳунаркада

Ярма- хӯроки наврӯзӣ ва «борони раҳмат»-и деҳаи Каздон

Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.

барчасп: 

Оши турш- хӯроки тобистонаи мардуми Панҷакент

Мардуми Панҷакентро одатан бо оши палови паҳлавонияшон мешиносанд. Аммо ин навбат диққати моро хӯроки дигар ва ғалатии ин шаҳр ҷалб намуд. Ин хӯроки тобистона оши турш (туруш) ном дошта, бо пиёз, биринҷ гӯшт ,занҷабил ва мурчи кӯфта ва туршак ...

барчасп: 

ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ШИРАВОРИИ ТОҶИКОН

Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои  аҷдодӣ  буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯюу маъракаҳо ва дигар ҷашну маросимҳо бо анвоъи  васеъаш  таҳия карда мешавад. Маъмултарин шириниҳои анъанавӣ ҳалво, қандалот, нишолло ва набот мебошанд, ки миёни мардуми тоҷик хеле серистеъмол ҳастанд. Ин намуди шириниҳоро қариб дар саросари кишвар омода мекунанд.

барчасп: 

Гулоб. Суннати ниёгонро бояд эҳё кард

Гулоб ва гулобгирӣ низ яке аз ойинҳои қадимаи мардуми тоҷику форс аст. Вале, мутаассифона, солҳост, ки истеҳсоли  он дар кишвари мо  ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ҳол он ки дар китоби «Қонун» - и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барои дармони амрози мухталиф ба истеъмоли гули хушк ё гулоб ва дигар арақиёт таъкид шудааст.Чун гулоб дар байни мардуми тоҷик хеле маъмул ва мустаъмал буд, бинобар ин, чи дар осори шоирони...

барчасп: 

Кошикорӣ, эҳёи ин ҳунари ниёгон аз манфиат холӣ нест

Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибтикори наҷибест аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ...

барчасп: 

Ҳарир - хӯроки анъанавӣ ва тӯёнаи наҳори мардуми Дарғу Каздони ноҳияи Айнии Вилояти Суғд

Ҳарир, ордоб, гардоб, гардӣ, гардсӯз- бо ин номҳо дар манотиқи гуногуни кишвари азизамон хуроки субҳонае бо истифода аз равғану орд ва обу шир омода мегардад. Ҳарир ё худ ордоб хӯроки миҷозаш гарм буда, дар аксари манотиқи кӯҳистони кишвар мардум қариб ҳар рӯз онро тайёр мекунанд. одатан ҳарири бо шир тайёр шударо миҷозашро хунук медонанд ва ба беморони шуш, ки аз шамолкашӣ сар задааст...

барчасп: 

Вазъи ҳунари оҳангарӣ дар кишвар

Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад ва аз қадимулайём халқи тоҷик ба маҳсулоти ин навъи ҳунармандӣ ниёз доранд. Зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва ба ин монандро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метавон гуфт ки зиёда аз 100 номгӯи ашёҳо ва асбобҳо аз ҷониби оҳангарон омода карда мешавад.Шахсе, ки ин навъи ҳунарро ба худ касб намудааст, оҳангар мегӯянд.

барчасп: 

Таҷрибаҳои моҳидорӣ дар байни мардуми Мурғоб

Ноҳияи Мурғоб яке аз минтақаҳои баландтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, зиндагии мардуми ин ноҳия нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз чанд ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар натиҷаи экспедитсияи мардумшиносӣ хуб мушоҳида гардид, ки шароитҳои номуносиб дар ин минтақа таъсири худро расонидааст.

барчасп: 

Страницы