Ҳарир - хӯроки анъанавӣ ва тӯёнаи наҳори мардуми Дарғу Каздони ноҳияи Айнии Вилояти Суғд

Ҳарир, ордоб, гардоб, гардӣ, гардсӯз- бо ин номҳо дар манотиқи гуногуни кишвари азизамон хуроки субҳонае бо истифода аз равғану орд ва обу шир омода мегардад. Ҳарир ё худ ордоб хӯроки миҷозаш гарм буда, дар аксари манотиқи кӯҳистони кишвар мардум қариб ҳар рӯз онро тайёр мекунанд. одатан ҳарири бо шир тайёр шударо миҷозашро хунук медонанд ва ба беморони шуш, ки аз шамолкашӣ сар задааст, хӯрдани онро тавсия намедиҳанд. Одатан дар минтақаи Хатлон ҳарир ё худ ордобро бо истифода аз равғани растанӣ омода месозанд ва тарзи таҳияи аввалияи он аз таф додан ё худ сурх кардани орд дар равғани тафсон аст.

Дар вилояти Суғд низ мисли дигар манотиқи кишвар ҳарир хуроки милли ва анъанавии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ин хӯрок дар байни аҳолии ноҳияи айнӣ хусусан мардуми Дарғу Каздон бо як шукӯҳу шаҳомати махсус дар тӯю маъракаҳо аз ҷониби ошпазҳои моҳири одатан мард омода гардида, аз ҳарири дигар минтақаҳои кишвар фарқ мекунад. Ҳарири тӯйиро дар Дарғу Каздон одатан субҳи барвақти тӯй дар деги калони махсус, ки дар масҷиди умумии деҳа махсус барои пухтани ҳарири тӯйи нигаронида шудааст, мепазанд. Тарзи пухтани ҳарир низ махсус буда, алорағми дигар минтақаҳои кишвар дар он шири лова намешавад. Ошпас аввал бисмиллоҳ гӯён ба дег равған меандозад, баъд тақрибан 20-25 кг ордро бонувон бехта, барои ҳарир омода месозанд. Сипас дар нуқтаи дигари ҳавлӣ мардҳо 5-10 кг пиёзро тоза карда реза мекунанд ва то 5 кг равғани дунбаю гӯштро чоркунҷа реза мекунанд. сараввал дар равғани тафсон то дами сурх шудан пиёзу равғани дунба ва гуштро зирбонда, ордро илова месозанд ва вақти сурхча шудани маҳсулот ба дег оби ҷӯш рехта мекобанд. Махсусияти ҳарири ин манотиқ дар рехтани оби ҷӯш аст. Зеро агар дар он маҳсулот оби хунук резанд, гушт мисли резин қайиш ва бемаза мешавад. Бар замми ин пиёзи дохилаш шилқини часпак шуда, таъми дилгиркунанда ба худ касб мекунад. Ранги ҳарири тӯйии омодашуда, мисли тиллои сурхранг бояд шавад ва ба ҳар коса на камтар аз 4 буридагӣ гушту дунба андозанд. Одатан ҳарири тӯйиро сараввал дар маросими тӯйии «оши бачаҳо» ( дар ин ду маҳал расм аст, ки як руз ё якчанд соат пеш аз тӯй тӯйдор барои бачаҳо оши алоҳидае бо номи «оши бачаҳо» медиҳад, ки агар ин мароси дар саҳар шавад кӯдаконро ҳарир медиҳанд, агар нисфирӯзи ош. Дастархони кӯдакон мисли калонсолон пур аз нозу неъмат густурда мешавад, аммо фақат ва фақат барои кӯдакон ва дар ин қисмати маросим калонсолон даъват намешаванд. Хусусияти баргузории ин марҳилаи тӯй дар он аст, ки дар тӯйи асоси кӯдакон ба тӯй намеоянд ва галоғула намекунанду ба калонсолон халал намерасонанд. Яъне қисмати аввали дилхоҳ тӯйи Дарғу каздон пурра барои кӯдакони ин ду деҳ аст ва танҳо пас аз додани оши бачаҳо тӯйдор тӯйи асосиро шурӯъ мекунад) дода мешавад. Чун ба эътиқоди ин мардум агар ҳариррро сараввал бачаҳо нӯши ҷон кунанд, навхонадорон зуд фарзанддор шуда, сербачу кач мешаванд ва ҳар қадар ки бачаҳо зиёд дар ҳаррири наҳорӣ ҷамъ шаванд, ҳамон қадар фариштаҳо зиёдтар барои хушбахтии ин оила даст ба дуо меистанд. Махсусияти фарқкунандаи ҳарири ин ду деҳа аз дигар минтақаҳои кишвар чунончӣ дар боло ишора шуд, дар доштани гушту пиёз ва равғани дунба мебошад, ки дар дигар манотиқи кишвар ин тарзи пухт ба назар намерасад. Ва махсусияти сеюм дар илова накардани шир бар он аст. Чун аз қадим мардуми тоҷик, ҳатто ибни Сино омехтаи гушту ширро нолозим ва ҳатто зараровар барои саломатӣ медонад. Шояд бо сабаби ҷой доштани гушту дунба иловаи ширро дар ҳарир мардуми ин минтақа ғайриқобилиқабул меҳисобанд. Дар ҳар сурат ҳарири ин минтақа хеше хуштамъ ва хушхур мебошад ва дар байни мардум роиҷ аст, ки ҳатто дар ҳолатҳои маъмулӣ низ бо доштани имкониятҳои молӣ ҳатман ҳарири ҳар хонаводаи ин ду деҳа бо гушту пиёз омода шуда, ба ҳар хӯранда лаззати нотакрору фаромӯшнашавандаро мебахшашд.

Фарангиси Ф, ходими калони илмии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

 

барчасп: