Тарғиби гӯшаҳои ҷашнӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон (дар мисоли ҷашни Наврӯз)
Чоп шуд: 18/03/2022Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик дорои давлтдории миллӣ гардида, дар ин асно эҳё намудани як қатор ҷашнҳои хусусияти таърихӣ- фарҳангӣ дошта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифт. Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳани мардуми тоҷик буда, инсонҳоро ба гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек даъват намуда, ба ин васила, дар ниҳоди онҳо нисбат ба якдигар меҳру шафқат, дӯст доштани табиатро бедор мекунад.