Ҳарир - хӯроки анъанавӣ ва тӯёнаи наҳори мардуми Дарғу Каздони ноҳияи Айнии Вилояти Суғд
Чоп шуд: 10/03/2022Ҳарир, ордоб, гардоб, гардӣ, гардсӯз- бо ин номҳо дар манотиқи гуногуни кишвари азизамон хуроки субҳонае бо истифода аз равғану орд ва обу шир омода мегардад. Ҳарир ё худ ордоб хӯроки миҷозаш гарм буда, дар аксари манотиқи кӯҳистони кишвар мардум қариб ҳар рӯз онро тайёр мекунанд. одатан ҳарири бо шир тайёр шударо миҷозашро хунук медонанд ва ба беморони шуш, ки аз шамолкашӣ сар задааст...