Зиёратгоҳи Лангар-ота дар ноҳияи Спитамен

Зиёратгоҳи Лангар-ота дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар қатори дигар ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ мазору зиёратгоҳҳо аз қабили Ҷигдалик-ота дар ҷамоати Турсун Ӯлҷабоев, Ҷабборқул-ота дар ҷамоати шаҳраки А. Ҷомӣи Навкат, Кӯктунлик-ота ва Лангар-ота дар ҷамоати деҳоти Тағояк ва дигар қалъаву мавзеҳои дигар низ мавҷуданд.  Аз  номгузории зиёратгоҳҳо маълум аст, ин шахсиятҳо аз тоҷикон набуда ба воситаҳои гуногун дар ин мавзеъҳо дафн гардидаанд.

Дар ҷараёни экспедитсия мо дар бораи мазори Лангар-ота маълумот гирифтем, ки хеле ҷолиб аст. Ин зиёратгоҳ монанди дигар зиёратгоҳҳо ба худ таъриху ривоятҳо дорад. Дар бораи мазори Лангар-ота низ ривоят ва ё қиссаҳое бофтаанд, ки хусусияти диннӣ  дорад. Бештари нақлу ривоятҳои дар бораи ин шахсият ба вуҷудомада муъҷизанокиро ифода мекунад.

Дар дохили мақбараи Лангар-ота, ки дар байни қабристони деҳаи Лангар воқеъ аст, аз чор тарафи он ба монанди меҳроб (пештоқе, ки дар масҷид аст ва ба тарафи он намоз мегузоранд) равоқ гузошта шудааст. Бархе аз зиёраткунандагон ба он назаранд, ки месазад ба чор тараф дар дохили он намоз гузорид. Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, мусалмонон танҳо ба як тараф намоз мегузоранд, ки ин ҳам ҳамон хонаи Каъба аст. Аз чунин ақидаҳои мардум бармеояд, ки Лангар-ота шахсияти бениҳоят бузург аст. Албатта, ин бовару эътиқод нисбат ба шахсияти Лангар-ота мебошад ва дар атрофи вай ҳар гуна қиссаву ривоятҳо вуҷуд дорад.

Мувофиқи нақли Ҳомидхонов Ғанихон (соли тав. 1951) мутаваллии мазори Лангар-ота номи аслиаш Абдураҳмон-ота ибни Иброҳим-ота ибни Исмоил-ота миёни мардум бо номи Лангар-ота машҳур аст. Абдураҳмон-ота (Лангар-ота) дар охирҳои асри 14 дар деҳаи Сайрами имрӯза вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба дунё омадааст. Дар нақлҳо гуфта мешавад, ки гузаштагони Лангар-ота барои таблиғи ислом аз тарафҳои Арабистон ба ин ҷойҳо омада бошанд. Яке аз фарзандони Исмоил-ота, яъне бобои Абдураҳмон-ота – Хоҷа Аҳмади Ясавӣ мебошад, ки дар Туркистон бо номи «Султон-ул-орифин» машҳур буд. Имрӯзҳо қабраш зиёратгоҳи мардуми Осиёи Миёна мебошад.

Шаҷараи Лангар-ота аз тарафи модарӣ ба шайхи забардаст Хоҷа Зайнулобиддин мерасад. Яке аз мазорҳои Хоҷа  Зайнулобиддин имрӯз дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо номи  Имом Зайнулобиддин воқеъ мебошад. Имом Зайналобиддин яке аз набераи ҳазрати Алӣ ва яке аз абераҳои паёмбари ислом мебошад. Зайналобиддин тахаллуси ӯ буда, номи аслиаш Алӣ мебошад. Ҳамин тариқ шохаҳои авлодии Лангар-отаро ба паёмбар бурда мерасонанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ аксарияти бузургоне, ки имрӯзҳо қабрашон зиёратгоҳи умум гаштааст, дар гузашта дини исломро ба ҳамасрони худ таблиғу ташвиқ мекардаанд ва Лангар-ота низ яке аз мубаллиғони дини  ислом ба шумор меравад.

 Дар замони худаш Абдураҳмон-ота олими бузург ва зоҳиди поксиришт буда, бо каромотҳояш машҳур шуда будааст. Мавсуф барои таълими дини ислом бо шогирдону муридҳояш ба сафар мебарояд. Баъди чанд замоне саломатии шайх бад мешавад ва ба шогирдонаш васият мекунад, ки вафоти ман наздик аст. Вақте ки ман аз дунё реҳлат кунам, ҷасади маро ба шутури сафед нишонда, шутурро раҳо кунед. Агар шутур маротибаи севум дар куҷое, ки нишинад маро дар ҳамон ҷо дафн кунед. Васияти пири худро муридон бо сардории Кӯктӯнли-ота анҷом медиҳанд. Шутур аввал дар мавзеи “Оллобароз”, дуввум дар “Тӯячукар” ва маротибаи севум дар “Лангар” мешинад. Бояд ёдовар шавем, мавзеи “Оллобароз” ва  “Тӯячукар” дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир аст ва худи ноҳияи Спитамен бо ин ҷумҳурӣ ҳаммарз аст. Ва ниҳоят шайхи бузургро дар ҳамин мавзеъ дафн мекунанд, ки ин мазор бо номи “Лангар-ота” маъмул мегардад ва имрӯзҳо ин мавзеъ ба яке аз зиёратгоҳҳои мардумони эҳтиёҷманду ихлосманд табдил ёфтааст.

Кӯктунли-ота яке аз шогирдони пешқадами Лангар-ота буда, номашро ҳеҷ кас намедонистааст. Сабаби ном гирифтани “Кӯктун”-ро мутаввалии мазори Лангар-ота чунин шарҳ медиҳад: баъди дафн кардани пири худ Кӯктунли-ота дар ин ҷо мемонад. Шайх яке аз рӯзҳои фасли тобистон як дона харбузаро  гирифта ба хонааш, ки дар болои кӯҳ каме дуртар аз мақбараи устодаш буд, мебарояд барои тановул кардан. Ҳазрат харбузаро  карҷ реза карда хӯрданӣ будааст, ки ин ҳангом лашкари куффор пайдо мегардад. Сипас аз Худо илтиҷо мекунад, ки гирифтори душман нагардонад. Ва ба пушти хонааш мегузарад бо  ҳамин ӯро касе намебинад. Вақте душманон ба хона медароянд, харбуза ба санг мубаддал гардидааст. Мутавалии мазор илова карда мегӯяд, ки сангҳои харбузамонанд то ба наздикӣ дар ҳамон ҷо буд.

Баъзеҳо ривоят мекунанд, ки гӯё ба таги замин рафта бошад, баъди ин воқеа мардум мебинанд, ки як порча латтаи кабуд дар замин руст мондааст. Ин кас “кӯктунли”, яъне ҷомакабуд будаанд, гӯён овазаҳо мебароранд. Ин мақбара дар ин минтақа бо номи Кӯктӯнли-ота машҳур мегардад.  Дар бораи Кӯктӯнли-ота ривояте ҳаст, ки гӯё дар замонҳои Амир Темури ланг ба вуқӯъ омадааст. Лашкари Амир Темур бо мақсади ҷанг ба Хитой лашкар мекашад ва ҳангоми убур аз ин минтақа ин мақбараи Лангар-отаро бо ҳамроҳии лашкараш зиёрат мекунад. Кӯктӯнли-ота бо каромоташ аз як коса таом тамоми лашкари амир ва аз як банд алаф тамоми аспҳои лашкариёнашро таъмин мекунад. Баъди ин каромот Амир Темур амр мекунад, ки дар бозгашт мақбараи пири ин шайхро месозад ва ба ваъдааш вафо мекунад. Мувофиқи нақлҳо мақбараи Лангар-отаро Амир Темур сохтааст. 

Ҳамин тариқ, мақбараи устоду шогирд ҷои зиёрати мардуми омма мегардад. Имрӯзҳо мардум аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва ҳатто берун аз он барои зиёрат меоянд. Масалан, ба мазори Кӯктӯнли-ота барои шифоталабӣ меоянд, ба ақидаи эшон хоки ин мазор баро бемориҳои пӯст, озах ва сурфаи кабудак шифо аст. Хоки мазорро лой карда ба захмҳо мегузоранд ва зуд шифо меёбанд.

Ба мазори Лангар-ота барои талаби фарзанд, кушоиши кор, кушоиши бахт ва ҳар навъ эҳтиёҷот меоянд. Бино ба нақли мутаваллии мазори Лангар-ота мардум пеш фақат рӯзҳои чоршанбе ва шанбе меомаданд, ҳоло бошад ҳар рӯз ба зиёрат меоянд.  Баъзан нону кулча, чалпак, фатир, мавиз ва ҳатто пул оварда хайр мекунанд. Фарзандҳояшонро оварда дуо мехонанд. Вақте ки Амир Темур мақбараи ин шахсиятро месозад дар болои сараш як санги дарозрӯяеро бо навиштаҷоти арабӣ мегузорад ва бо мурури замон одамон онро ба гаҳвора монанд мекунад. Ин санг то соли 2009 будааст ва баъдтар гум шудааст. Мардум як санги мармари ба ҳамин монандро оварда бо болояш як латтаеро партофта ин гаҳвора аст, мегӯянд. Имрӯзҳо ашхоси фарзандталаб  ба зиёрат рафта онро меҷунбонад, то ки фарзанддор шавад, ин албатта, афсонае беш нест. Аммо мардум ин чизро қабул кардаанд.

Ба таври хулоса бояд ёдовар гардид, ки шумораи чунин зиёратгоҳҳо дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд ва дар атрофашон нақлу ривоятҳо низ вуҷуд доранд.   Ин гуна нақлу ривоятҳо метавонад барои ғанӣ гардонидани унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ саҳм дошта бошанд.

Холмуродов Зафар

барчасп: