Ифтихори шогирдон
Чоп шуд: 26/03/2022Ҳамасола фарорасии ҷашни Наврӯз ва рӯзи Фарҳанг баробар ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои муътабари фарҳангӣ – композитор, навозанда, дирижёр, омӯзгори маъруфи тоҷик, олим-муҳаққиқ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), профессор (2001), Аълочии фарҳанг (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (аз соли 1998) Ҷӯрахон Обидпур рост меояд.