Таъсири омилҳо дар раванди тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон

Вазъи имрӯзаи раванди тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ҷустани роҳҳои навӣ кориро тақозо дорад. Дар ин раванд истифода бурдан аз ҳамаи роҳҳои нави корӣ самаранокии кори моро ба маротиб таъсирбахш намуда, ба ноил шудан ба ҳадафҳои худ, яъне тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон оварда мерасонад.

Ахлоқ ҷисмати таркибии фарҳанги берунаи шахс ва ҷомеа мебошад.

Дар вақти таълим ва тарбия омилҳое вуҷуд доранд, ки дар баъзан ҳолатҳо ба шахс таъсири манфӣ расонида, ба ҳолати равонии ӯ изи худро мегузоранд.

Аз ҷумла:

  • сатҳи зиндагии шахсӣ. Оила таҳти таъсири истеҳсолот, муносибатҳои ҷамъиятӣ, дараҷа ва инкишофи фарҳанг тағйир ёфта, ин омилҳо ба ташаккули шахсият таъсири худро мерасонанд.

Иқтисодиёти ҳар оила аз буҷет, даромад ва хароҷоти он вобаста буда, сатҳи зиндагии аъзоёни оиларо инъикос мекунад.

Чунин ақидае вуҷуд дорад, ки дар оилаҳои муваффақ праблемаҳои психологӣ вуҷуд надоранд. Онҳо(праблемаҳои психологӣ) танҳо дар оилаҳои носолим ва камбизоат вуҷуд доранд. Аммо аксар ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар оилаҳои муваффақ низ ин мушкилот ба чашм мерасад. 

  • урфу одат ва анъанаҳо. Ҳар як халқият урфу одат ва анъанаҳои хоси худро доро мебошад. Ва ин омилҳо ба тарбияи шахсони алоҳида ва гурӯҳӣ  таъсири худро мерасонанд ва дар ниҳоди онҳо тарзи муносибат, масъулият, меҳр, якдигарфаҳмӣ, самимӣ, бахшида тавонистан ва ташаббускориро парвариш медиҳанд.
  • воситаҳои ахбори умум. Таъсири воситаҳои ахбори умум ба ташаккули шахс бисёр калон аст. Асосан дар зери мафҳуми воситаҳои ахбори умум маҷалла, рӯзнома, телевизион, радио, интернет дониста мешавад.

Бояд қайд кард, ки таъсири тарбиявии воситаҳои ахбори умум ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам ҷиҳатҳои манфӣ доранд.

Ҷиҳатҳои мусбати ВАО дар он зоҳир мегардад, ки моро аз ахбороти имрӯзаи ҷаҳон ошно месозанд, фазои холиро пур мекунанд, бо барномаҳои шавқовар ва маърифатӣ вақти истироҳатро хушу гуворо мегузаронанд ва ғайра. 

Таъсирҳои манфии ВАО асосан ба психикаи инсон бештар аст. Масалан, дар шахс нутқи сухан коста мегардад, муошират кам мешавад, аз ҳақиқати ҳаётӣ инсонро дур месозад, шахс дигар китобро ба даст намегирад, бераҳмӣ дар ӯ дида мешавад, таваҷҷуҳи вай ба таълим кам ба чашм мерасад, фаъолияти заиф ва пайдоиши вобастагӣ ба интернет дар ӯ зиёда мегардад;    

  • хусусият ва сифатҳои фардии шахс. Хусусиятҳои шахс дар тули ҳаёт ташаккул ёфта, моҳияти фардии ӯро ҷилвагар месозад. Ба онҳо дохил мешаванд: хислат, табъ, рафтор, гуфтор, имову ишора, тафаккур, қобилият, маҳорат ва ғайра.  

Агар ба ҷаҳони имрӯза дар самти таълиму тарбия назар афканем ба мушоҳида мерасад, ки сатҳи одамони камсавод дар ҷаҳон афзуда истодааст, зеро суръати афзоиши аҳолӣ нисбати сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ бештар гардидааст. Аз ин ру, бештари наврасон ва ҷавонон аз набудани шароит аз таълим дур гаштаанд.

Аксари хатмкунандагони на дар сатҳи лозимӣ таълими дуруст мегиранд. Сабаби ин пеш аз ҳама аз нарасидани мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Хушбахтона ин масъала дар ҷумҳурии мо, то андозае роҳи ҳалли худро ёфта истодааст.

Ба андешаи мо роҳҳои ҳалли проблемаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ инҳо мебошанд:

 

Якум, ин таъсири равонӣ. Таъсири равонӣ ба шахс ба воситаи шароитҳои беруна: ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ расонида мешавад. Фишори равонӣ бевосита ба майнаи шахс таъсир расонида, дар ӯ ҳиссиёт ва эҳсосоти гуногунро ба вуҷуд меоранд. Аз ин сабаб, ташкили шароити хуб барои ташаккули шахсият басо муфид ва созгор мебошад. Шароите омода кардан лозим аст, ки ҳисиёт ва эҳсосоти мусбат дар шахс пайдо гардида ва дар ин замина, тарбияи ӯ низ дуруст ба роҳ монда шавад.

Мушоҳидаҳо нишон додаанд, дар он ҷое, ки шароити ҷисмонӣ, ташкили меҳнат дуруст ба роҳ монда шудааст, норасогии мутахассисон дида намешавад. Ва дар он корхонаҳое, ки шароити меҳнат, буду боши коргарон, ҷиҳозонидани муҳити корӣ бо лавозимоти эстетикӣ на ба таври лозима аст, албатта, норасогии мутахассисони соҳа баръало мушоҳида мешавад.

Мувафаққияти корхонаҳое, ки тарзи дурусти шароити ҷисмонӣ ва меҳнатии коргаронро таъмин месозанд, маҳз дар ҳамин аст.

Масъалаи дигар ин аст, ки барои чӣ шахсони тарбиятдида дар баъзан мавридҳо худро идора карда наметавонад? Ин масъаларо бисёри олимон мавриди омӯзиш қарор додаанд. Шахс дар ҷомеа зиндагӣ ва фаъолият мекунад ва шароитҳое пеш меоянд, ки ба асаби шахс таъсир расонида, ҳолати рӯҳии вайро беҷо месозанд. Бешак нақши муҳит ва таъсирҳои он ба шахс хеле калон аст. Бояд қайд кард, ки муносибат ва муоширати байни одамон омили ташаккули ахлоқии шахс ба шумор меравад.

Ҷузъи муҳими фарҳанги муошират ин дониш, маҳорат ва малакаи нутқ мебошад.

Дуюм, шароити диққатҷалбкунанда, арзишҳои маънавӣ ва шахсони алоҳида. Раванди ҷомеакунонии шахс дар он сурат тезонида мешавад, ки дар коллектив шароитҳои хуби корӣ вуҷуд дошта, шахс иқтидори қобилиятҳои худро нишон дода, талаботи маънавию ахлоқии худро қонеъ гардонад.

Ҳангоми ба коллектив ворид шудан ва дар ҳаёти коллектив шарик шудан, аз бурду муваффақиятҳои ҳамроҳон хурсанд шудан омили асосии ба ҷомеа ворид гардидани шахс мегарданд. Ин гуна шахсон дар коллектив обу рӯи хоса дошта, соҳиби иззату ҳурмат ва фахри дигарон мегарданд.

Сеюм, шавқу рағбати худи шахс барои дарёфти фаҳмишу донишҳо ва арзишҳои маънавию ахлоқӣ мебошад. Шавқу рағбати шахсӣ ин нишонаи бедории ҳиссиётҳои дохилии одамон буда, барои муносибат кумакҳои ҳамаҷониба менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ташаккули сифатҳои шахсӣ нақши шавқу рағбат, чеҳра ва муҳити диққатҷалбкунанда бағоят калон аст. Шахс дар муҳити диққатҷалбкунанда руҳу илҳоми тоза гирифта, муносибати вай ба атрофиён беҳтару хубтар мегардад. Дар ин раванд, ӯ барои худ ва дар тахаюли худ, ҷаҳони зебоеро эҷод мекунад. 

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки корҳои тарбиявӣ барои ҷамъиятикунонии шахс мавқеи хоса доранд. Аз ин рӯ, тадбирҳои заруриро дар ин раванд амалӣ кардан асоси муавффақияти мо ба шумор меравад.

Номзади илмҳои педагогӣ Табаров Нурулло

барчасп: