Аллаи модар - таронаи оромиш

Сарнавишти инсонро аз азал гарчанде Худованд кашида бошад, аммо парвариш кардан, ба дунё овардан, ба воя расондану роҳсипор гардонданро  маҳз ба воситаи зан амалӣ намудааст. Пас, агар зан – модарро баъд аз  Худованд сарнавишти одамизод хонем, хато нахоҳем кард. Зеро зан буд, ки  дар батни хеш моро нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз бардошта, бо машақатҳои бо ҷон баробар ба дунё меораду дар оғуши биҳиштосои пур аз рангорангии дунёяш ба воя мерасонад. Ҳақиқатан дунёи пур аз меҳру садоқати модар барои фарзанд биҳишти ҷовидонист. Биҳиште, ки он саршор аз меҳри модар гашта, танҳо фарзанд дар он оромиши хосаеро пайдо мекунад. Оромиши нотакрор барои тифли навзод ин таронаи «алла» - и модар аст. Бо шунидани ин тарона тифлро ҳолати оромӣ фаро гирифта, бо гуфтори лаҳни ширини модар худро дар оғуши фариштае, ки бо нурҳои ҷилодори гармдиҳандааш иҳота мекунаду дурахшида меистад, тасаввур карда, бо чеҳраи офтобрӯи хандонаш ба хоби ноз меравад.

Оре, модар шахсест, ки бо ба дунё омадани тифл аз худ фаромӯш сохта, гӯё барои ӯ мезиста бошад. Аз ин ҷост, ки ҳастии модар ин фарзанд аст. Бо хандаи ӯ механдад, бо гиряаш мегиряд, ҳангоми афтиданаш меафтад, дар ҳолати бемор шуданаш нотоб гардида, аз Худованд сиҳатии хешро барои ҷигарбандӣ азизаш талаб намуда, то саломат гардидани он шабу рӯз бо ашки чашмон дар сари болинаш шабзиндадорӣ менамояд. Талош меварзад то меваи умрашро дар руҳияи ахлоқи накӯи инсонӣ ба воя расонад. Иззату икром, шуҳрату эътибор доштани фарзанд, танҳо аз лутфу эҳсонӣ модар аст. Маҳз, зан – модар ҳаст, ки аввалин ҳарф, баъдан каломро ба тифли азизаш омӯзонда, аз он шахсияти бузург ба камол мерасонад. Ба қуллаҳои баланд расидан дар ҳаёт, ба шарофати модари хеш аст. Зеро мо гарчанде, ба комёбиҳои гуногун дар зиндагӣ ноил гашта, дар ҳаёт мустақил гардида бошем,  лек боз дар назди  фариштаи ҳаётбахши худ тифли кӯчак ҳастем, ки аз бӯй кашиданаш ҳеҷ серие надорем.

 Бале, ҳангоми шунидани вожаи модар, вуҷудамонро гармие фаро гирифта, гӯё алмоси ҷилодору ёқути беҳбаҳое моро иҳота намудааст. Ишқи нотамоми модар барои фарзанд чашмаи бурҷушу хуруш аст, ки доимо дар талотум буда, мавҷ зада меистад. Имрӯз ҷаҳони афсункорро шахсиятҳои соҳибэътибор роҳбалида менамоянду барои тараққиёти дурнамои он талошҳо ҷонгудоз менамоянд, танҳо ба туфайли зан – модар аст. Чунки онҳоро зан ба дунё овардаю бо парвариши нотакрораш номи модарро лоиқ гардидааст.

 Модар, чунин калимаи форам аст, ки аз қадим то имрӯз дар васфи он шоирон рӯи қоғаз шеър эҷод мекунанду, навозандаҳо онро ба оњанг дароварда менавозанд, сарояндаҳо месароянд ва нависандаҳо менависанд. Аммо дар баробари ин қадар гуфтору навозиш, боз ҳам қалам дар вақти навишт оҷизи мекунаду ба худ сухане намеёбад. Ҳатто пайғамбарамон Муҳаммад (с) дар васфи модар гуфтааст: «Биҳишт  зери қудуми модарон аст». Аз ин бар меояд, ки модар чунин шахсияти бузург аст, ки ҳатто биҳишти бустонсарое, ки васфаш орзуи мо бандагон аст, дар зери қудуми модар ҷилва мекунад. Дар ин маврид гуфтан ба маврид аст, ки агар Падар бо он ҳама паҳлавонию ҷасорату тавоноии хеш  сутуни хонадон ба шумор равад, аммо модар аст, ки бо гармии хеш онро чароғон намуда, шодию хурсандиро ҳукумфармо месозад.  Шоири шуҳратёр, Мирзо Турсунзода  дуруст қайд кардаанд:

      Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон ба шарофати бузургии модар 8 – мартро рӯзи иди Зан – Модар қайд мекунанд, ки иди байналмилалӣ эътироф гаштааст. Дар ҳақиқат ҳам модар худ баҳорест, ки ҳеҷ гоҳ хазон нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, ин иди ҳамешасабзро, махсусан дар фасли баҳор қайд мекунанд. Бо ин ташаббус дар Тоҷикистони биҳиштосо рӯзи модаронро бо як шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегиранд ва сарвари давлатамон, махсусан дар ин рӯз вохӯри намуда, онҳоро бо рӯзи Саидашон табрику муборакбод менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз занони мо дар радифи мардон дар тамоми самтҳои давлатдорӣ кору фаъолият намуда, саҳми босазое дар пешравию ободонии кишвари хеш гузоштаанду мегузоранд. Зеро, имрӯз мо дар симои зан – модар табиб, сиёсатмадор, омӯзгор, муҳандис, ҳуқуқшинос, варзишгар ва ҳоказоро мебинем, ки ба дарди сад бемору корафтода дармон гашта, исми давлати азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ муаррифи намудаанд. Аз забони шоири зиндаёд, Мирзо Турсунзода гуфтаниам:

                               Хуб шуд, ки  зан ба давлат ёр шуд.

                               Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

          Идатон муборак бод, бонувон, модарон ва хоҳарони гиромӣ!

Каримова Шамъигул

Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ

 

            

барчасп: