Ярма- хӯроки наврӯзӣ ва «борони раҳмат»-и деҳаи Каздон

Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.

Яке аз хӯрокҳои маъмуш ва машҳури ин деҳа ярма ном дорад, ки аз замонҳои хеле қадим ва ҳатто пеш аз ислом пухта шуда, чун хӯроки анъанавӣ ва ҷашнии ин водӣ маҳсуб меёбад. Ярмаро каздониён одатан дар ҷашни аҷдодии мо – Наврӯзи аҷам мепӯхтанд ва чун рамзи хуррамию сарсабзӣ ва якдилию рафоқат онро ба мардуми деҳ тақсим мекарданд. Ба ғайр аз ҷашни Наврӯз каздониён (бо забони омма каздонгиҳо ё худ каздониҳо) ярмаро дар маросими «ҷаҳди борун», яъне дархости борон аз Худованд ва «борони раҳмат» мепухтанд ва дар ҳар се ин ҷашну маросим онро ба ҳар тарз мепухтанд. Дар ҷашни Наврӯз онҳо ярмаро аз гандум дилу ҷигари гӯсфанд  омода мекарданду то ҳол он яке аз хӯрокҳои анъанавии ҷашни Наврӯзи ин минтақа маҳсуб меёбад. Аввал гандумро шуста, ду рӯз дар об тар мекунанду  баъди мулоим шудан бо ӯғурак  мекӯбанд. Сипас гандуми кӯфтаро дар деги калон андохта, ҳамроҳи дилу ҷигар ва каме равған барои шира гирифтани дилу ҷигар майда меҷушонанд. Тарзи пӯхтан ва маззаи хӯрок ба далдаи мепухтаи мардуми Хатлон монанд аст, аммо фарқияти ярма аз далда дар он аст, ки дар ярма дигар донагиҳоро илова намекунанд ва калапочаю ишкамбаи молро низ намеандозанд. Сабаби дар  ҷашни Наврӯз бо дилу   ҷигар пухтани гандум дар дар он аст, ки ба гуфти ашхоси рӯзгордидаи ин диёр бо хӯрдани якҷоягии ярма мардум бо ҳам якдил мешаванду мисли ҷигар, ки узви зарурӣ барои инсон аст, ҳамдигарро азиз доранд ва дар лаҳзаҳои тангӣ мисли ҳамин ярма як бурда нонашонро бо тангдастону дармондагони диёр тақсим кунанд.

Дар маросими «ҷаҳди борон» мардум гандумро накӯфта,танҳо бо намак ҷӯшонида, рӯ ба осмон оварда мегуфтанд:

«Ё Раб,  бубин гандумҳои мо ҳатто дар ярма низ мулоим намешаванд, зеро ки аз борони раҳмати ту бенасиб мондаанд. Пас инояти худро баҳри мо бандагонатон ин хок дареғ надору бари мо борони раҳматро фирист».

Ва вақте борон меборид, мардуни рӯзгордидаи деҳ, одатан ошпазҳо дар саҳни масҷид деги калонро гузошта, ярмаи бо гӯшти гов (танҳо гӯшти лаҳм, дигар узви гов не)  мекарданду «борони раҳмат бори д, ярмаи борони раҳматро чошнӣ гиред»- гӯён ҷаҳдмардон (ашхосе, ки мардумро дар ҷашну маросими деҳ хабар мекунанд) хонап ба хона тақсим мекарданд.

Ба он хотир мо феъли замони гузаштаро истифода бурдем, ки ин ду маросим, яъне «ҷаҳди борон» ва «борони раҳмат» бо мурури замон аз байн рафтаасту танҳо дар хотири одамони кӯҳансоли ин деҳ боқӣ мондаасту аҳён аҳён куҳансолон аз ин ду маросим зимни баъд аз муддатҳои тӯлонӣ боридан ёдовар шуда мегӯянд «Кош замунои пеш мебуду бари боруни раҳмат ярма мепухтанд».

Фарангиси Фармон,

ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: