Оши турш- хӯроки тобистонаи мардуми Панҷакент

Мардуми Панҷакентро одатан бо оши палови паҳлавонияшон мешиносанд. Аммо ин навбат диққати моро хӯроки дигар ва ғалатии ин шаҳр ҷалб намуд. Ин хӯроки тобистона оши турш (туруш) ном дошта, бо пиёз, биринҷ гӯшт ,занҷабил ва мурчи кӯфта ва туршак (як навъ алафи дар кӯҳистон мерӯйида) омода месозанд. Аммо ҳамсӯҳбати мо (Тоҷибоева Ховарой) , ки ин таомро ӯ  тарзи омода сохтанашро нишон дод, мегӯяд, ки ёфтани туршак дар шаҳрҳои дигар ғайриимкон аст, бинобар хоҳишмандон метавонанд аз шавел, шулха ё чукрӣ истифода кунанд. Ин хӯрок дар айёми гармои тобистон басо хушхӯр ва саривақтӣ аст.

Тарзи таҳияи оши турш: Аввал пиёзро майда реза карда, дар оташи паст бо об тақрибан 30-40 дақиқа меҷушонем. Об бояд сабзчатоби шилмак шавад. Баъдан гӯштро (агар пазанда хоҳад) илова мекунем. Гушт, ки мулоим шуд, биринҷро шуста, бо туршии реза карда илова мекунем. Оши туршамон бояд мисли мастоба тунук бошад. Вақте омода шуд, рангаш сабзчатоб мешавад. Аммо сабаби ош на мастоба ном гирифтанаш эҳтимол дар он аст, ки ош дар ин шаҳр хеле машҳур ва чун хӯроки шоҳона маъруф аст. Дар ҳар сурат оши турш хуштамъ буда, махсусан барои одамони туршхӯр айни муддаост. Болотар аз ин он чанд хусусияти шифоӣ ҳам доштааст. Аввал ин ки барои тоза шудаи доғҳои рӯз, ки аз ҳисоби касалиҳои меъдаю ҷигар бошад, беҳтарин давост.ва дуюм барои офтоб назадани инсон дар гармои тобистон. Дар ин робита ҳамсуҳбати мо гуфт, ки аз қадим гузаштагони мо барои офтоб назадан ба пешонаашон пиёз мемолиданд. Дар оши турш бошад, пиёзро то дами нобуд шуданаш, яъне сабзтоб шудани об меҷӯшонанд, бинобар маҳз ҳамон шарбати пиёз бадани инсонро аз нурҳои зараровари офтоб ҳифз мекунад. Бар замми ин ҳамон шарбати пурра ҳал шудаи пиёз боиси  тоза шудани меъдаю ҷигар аз микробҳои гуногун шуда, кори ин ду узвро беҳтар мегардонад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бо сабаби турш буданаш ба оши турш ҷакка ё ҷурғот илова намекунанд.

Фарангиси Ф, ходими калони илмии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: