ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ШИРАВОРИИ ТОҶИКОН
Чоп шуд: 19/05/2022Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯюу маъракаҳо ва дигар ҷашну маросимҳо бо анвоъи васеъаш таҳия карда мешавад. Маъмултарин шириниҳои анъанавӣ ҳалво, қандалот, нишолло ва набот мебошанд, ки миёни мардуми тоҷик хеле серистеъмол ҳастанд. Ин намуди шириниҳоро қариб дар саросари кишвар омода мекунанд.