Кошикорӣ, эҳёи ин ҳунари ниёгон аз манфиат холӣ нест

Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибтикори наҷибест аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешқадам.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳоди Сарвари давлат боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва тақвияту идома бахшидан ба муваффақиятҳои ноилгардида дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Бахусус, эҳёи ҳунарҳои ниёгон дар соҳаи меъморӣ, аз ҷумла кошикорӣ, наққошӣ,  кандакорӣ таваҷҷуҳи бештареро талаб мекунад.

Кошӣ аз гилмоя ва дигар пайвастҳои ғайриорганикии омехташуда омода мешавад. Кошикорӣ аз давраҳои қадим маъмул буда, нахуст дар Миср ва Бобул пайдо шуд ва дар асри 9 ба Аврупо роҳ ёфт. Он дар Осиёи Миёна, махсусан, дар санъати меъморӣ васеъ истифода шудааст. Маркази истеҳсоли масолеҳи асосии кошӣ  мавзеи Чӯпонотаи Самарқанд буд, ки аз ин ҷо ба дигар шаҳрҳо кашонда мешуд. Барои мустаҳкам шудани гилмоя мӯй, маводи минералӣ, оксидҳо ҳамроҳ мекарданд. Гилмояи тайёршударо ба қолабҳо рехта, дар хумдонҳо бо ҳарорати баланд мепазонданд. Пас ба рӯи порчаҳои сафол ранг (сир) медавонданд. Рангро аз алафҳои чилбанд, чоройна ва рангҳои минералӣ(оксиди мис, марганетс, оҳан, кобалт) – и дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Одатан кошиҳои сирдорро ду – се маротиба сир пӯшонда ҳар бор мепухтанд. Кошикорӣ дар асрҳои 11 – 12 дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуд. Дар ин давра кошиҳо дар шакли хиштчаҳои оддии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе қисмҳои бино ва дертар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикории биноҳои муҳташам  истифода мегардиданд. Мақбараи Муҳаммади Башоро намунаи олии санъати кошикорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар ин давра асосан ба ороиши рӯи иморат, яъне пештоқ диққат медоданд. Аз нимаи дуюми асри 14 сафоли нақшин ё кандакориву ҳошиякоришудаи рӯяш сирдор маъмул шуд. Бо ин гуна кошиҳо деворҳои ҳамвор,  гунбазу меҳробҳо низ оро дода мешуданд. Махсусан, кошиҳои катибадор биноҳоро боз ҳам зеботар мекарданд. Ин катибаҳо бо рангҳои сафеду зард дар рӯи кошиҳо дар заминаи  кабуду сабз пеш аз сир давондан сабт мешуданд. Минбаъд кошиҳоро дар шакли ситораҳои шашгӯша, ҳашткунҷа ва дигар шаклҳои ҳандасӣ рехта, дар болои гач мечиданд. Асрҳои 15 – 17 санъати кошикорӣ дар Бухоро дар Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Абдуллохон ва дар асри 17 дар Хева Қасри Тошҳавлӣ, дар Қӯқанд Қасри Худоёрхон ба назар мерасад. Охири асри 18 то авали асри 20 ин ҳунар аз байн рафт. Дар давраи шӯравӣ ба муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ диққати махсус дода, тармиму таъмири онҳо зарурати аз нав зинда кардани ҳунари кошипазиро ба миён овард. Солҳои бистуми асри гузашта чанде аз устоҳо ва кулолгарон усули кошипазиро аз худ намуда, барои таъмири ёдгориҳо масолеҳ тайёр карданд.Солҳои баъди ҷанг  дар назди устохонаи кулолии шаҳри Самарқанд лабораторияи кошиҳосилкунӣ таъсис ёфт, ки маҳсулоти аз рӯи технологияи махсус баровардашуда на танҳо барои таъмири ёдгориҳо, балки барои ороиши биноҳои ҳозиразамон истифода мешавад. Кошиҳо ба ёдгориҳои меъморӣ ва биноҳои ҳозира зиннат бахшида, онҳоро аз таъсири боду борон нигоҳ медоранд.

- Самарқанд бо осору тамаддуни  ғании таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла се мадрасааш дар Регистон садсолаҳост, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст,  - мегӯяд Адаш Истад, нависандаи маъруфи мо, сокини Самарқад.  Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш МадрасаиМирзоУлуғбек мебошад, ки сохтмони он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошикориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури онзамон ҚавомиддиниШерозиро мефиристад. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд.

-Асрори дар чунин ҳолати хуб нигоҳ доштани иморатҳо дар чист? – мепурсам, аз мусоҳибам Адаш Истад.

- Нигоҳубини мадрасаҳо ғамхории ҳамарӯзаро талаб мекунанд. Ягон рӯз нест, ки дар Регистон корҳои тармиму таъмир сурат нагирад. Маъмурияти Регистон низ мекӯшад, ки ба ҷои кошиҳои шикаста кошиҳои айнан ба кошии дерин монанд насб гардад, ки чӣ дар шаклу чӣ дар ранг бо нақши асл баробар аст.

Маъмурияти Регистон ҳама корҳоро дар асоси мантиқи илмӣ пеш мебарад. Бо муассисаҳои илмӣ, чӣ дар масоили тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ ва чӣ дар ташкили боғдорӣ, ҳамкорӣ мекунанд.
Воқеан, кошиҳои манораҳо, девору даромадгоҳ ва, бахусус, гунбазҳои қабурғадори мадрасаҳо бо афканиши нури офтоб ҷило медиҳанд. Муҷаллову ҷолиб будани иморатҳо маҳз дар шакли қабурға сохта шудани кошинҳост, ки рушноиро аз кадом тарафе набошад акс медиҳанд.

Дар тазйини Масҷиди калони пойтахти кишварамон - Душанбе  насби кошиҳои муҷалло, ки воридоти онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта буд, нақши бориз доранд ва назари ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Чуноне ки Аҳмад Иброҳим, масъули коргоҳи истеҳсоли кошии шаҳри Исфаҳони Эрон иттилоъ дод, кошиҳоро дар қолабу ҳаҷмҳои мухталиф вобаста ба мавзеи истифодаи он рехта, сипас дар хумдонҳо мепазанд. Масалан, барои ороиши пештоқи биноҳо онҳоро одатан дар шакли хиштҳои мураббаи 20 х 20  омода намуда, ранги сафед медиҳанд ва мепазанд. Сипас, ба ҳар яки он рақами тартибӣ гузошта, дар сақфи коргоҳ бо ҳам зич мечинанд ва қолаби нақшҳоро, ки аз коғази махсуси пурсӯрох аст, ба рӯи онҳо паҳн менамоянд. Дар натиҷаи афшондани бастаи докаи хокаи ангиштдор ҳамон нақшҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро ранг медиҳанд.( Бояд гуфт, ки ин усулро то имрӯз дар кандакорӣ дар Тоҷикистон истифода мебаранд). Бо додани ҳар як ранг онҳоро мепазанд. Яъне, агар дар тазйини кошиҳо панҷ ранг истифода шавад, панҷ маротиба онҳоро мепазанд. Дар охир луоберо ба рӯи кошиҳо давонда, боз мепазанд, ки дар натиҷа он ба шишаи ҷилонок мубаддал шуда, онҳоро аз боду борон ва тобиши офтоб ҳифз менамояд. Ҳамаи корҳо дастӣ анҷом меёбанд. Назар ба гуфтаи ӯ рангҳоро аз Итолиё  ворид месозанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар ин кишвар низ кошикорӣ ва истеҳсоли он хеле маъмул аст. 

Назар ба андешаи Умед Исмоилзода, сардори Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз талабот ба маҳсулоти кошӣ меафзояд. Месазад, ки ин ҳунари ниёгонамон, яъне кошикорӣдар Тоҷикистон аз нав эҳё гардад ва дар тазйини қасрҳои фарҳанг ва гунбазҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Пеш аз ҳама, олимону меъморон ва кулолгаронро лозим аст,  ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Эрон, Ӯзбекистон, бахусус, бо ҳунармандоне, ки истеҳсоли кошиҳоро ба роҳ мондаанд, табодули таҷриба намоянд ва аз асрори мустаҳкамӣ, ҷилонокӣ ва гилу ранги кошиҳои қадимӣ воқиф бошанд. Чун ин ҳунар дар асоси илм эҳё гардад, дар он сурат  гунбазу деворҳои мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар мақобири бузургону ҷойҳои муқаддас ва қасру кохҳои фарҳангӣ кошикорӣ мегарданд ва бо ҷилову ҳашамати хос таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард. Ғайр аз ин садҳо ҷойи нави корӣ пайдо мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки мо намунаи олии  санъати нотакрори кандакориро дар Кохи Наврӯз, ки бо пешкории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудаву чун нигини пурҷилои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба ҷилва омадааст, дида метавонем, ки дер боз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст. Ин дурдонаи санъати баланди меъморӣ далолат бар он мекунанд, ки ба кор гирифтани санъати кандакорӣ, гачгарӣ ва наққошӣ, бахусус, кошикорӣ дар дигар иншооти сохташаванда аз манфиат холӣ нест. Зеро он ҳам қобили таваҷҷуҳ ва ҳам воситаи ҷалби сайёҳон хоҳад буд, ки дар ниҳоят дорои манфиатҳои иқтисодист.

Мунаввари САФАР
 

 

 

барчасп: