Гулоб. Суннати ниёгонро бояд эҳё кард

Гулоб ва гулобгирӣ низ яке аз ойинҳои қадимаи мардуми тоҷику форс аст. Вале, мутаассифона, солҳост, ки истеҳсоли  он дар кишвари мо  ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ҳол он ки дар китоби «Қонун» - и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барои дармони амрози мухталиф ба истеъмоли гули хушк ё гулоб ва дигар арақиёт таъкид шудааст.Чун гулоб дар байни мардуми тоҷик хеле маъмул ва мустаъмал буд, бинобар ин, чи дар осори шоирони классикӣ ва чи шифоҳии мардум ба таври фаровон зикр гардидааст. Онро аз қадимулаём ҳамчун атриёт, давои қуввати дил, дафъкунандаи хафақон, молихулё ва дигар бемориҳо истифода мебурданд ва ё ба таому нӯшобаҳо омехта  истеъмол мекарданд.

          Дар байти зерини Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ май ба гулоб ташбеҳ дода шудааст:

Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,

 Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ.

 Низомии Ганҷавӣ менависад:

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,

Гулоби талх бар Ширин фишондан,

Дар осори Абдураҳмони Ҷомӣомадааст:

 « Баъд аз он фармуд, оби гулоб ба рӯи ӯ бизаданд, ба худ бозомад».

 Абдулқодири Савдо мефармояд:

Савдо димоғи сӯхтаатро илоҷ нест,

Ҷуз он ки дар баҳор хӯрӣ бо гулоб об.

Тарзи тайёр намудани  гулоб чунин аст: субҳидам, пеш аз баромадани офтоб гулҳои навшукуфтаи садбарги хушбӯи ҷойдориро чида, як шабонарӯз дар соя мегузоранд, пас баргҳоро ҷудо карда мегиранд. Обро дар деги махсуси гулобкашӣ, ки анбиқ ном дорад, рехта, барги гулҳоро ба он меандозанд ва  2 – 3 дақиқа меҷӯшонанд. Агар сатҳи об аз гулҳо паст бошад, боз қадре об меандозанд, то ки баргҳо пӯшида гарданд. Баъд аз он сарпӯши анбиқро гузошта, давродаври онро бо хамир маҳкам мекунанд ва дар оташи паст 1,5 – 2 соат меҷӯшонанд. Аз мили анбиқ қатраҳои гулоб  ба зарфҳои махсуси сарпӯшдор мерезад, ки даҳонашро сахт бастаанд, то ҳаво надарояд.

Парвариши гули садбарг ва тавлиди гулоб ҳанӯз аз замонҳои қадим дар сарзамини тоҷику форс ривоҷ ёфта буд. Ҳамчунин, бо роҳи тақтир аз гулу гиёҳҳои мухталиф ҳар гуна дору тайёр мекарданд. Арабҳо истеҳсоли гулобу атриёт ва дорувориро аз мо омӯхта, ба чандин давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупо расонданд, ки дар натиҷа истеҳсоли он густариш ёфт. 

Арабҳо гулобро мо-ул-вард гӯянд, ки аз гулҳои садбарги хушбӯй бо роҳи тақтир ҳосил мекунанд ва аз он шарбате  тайёр карда менӯшанд.  Гулоб дар Эрон, Покистон, Бангладеш, қисман дар Ҳиндустон, баъзе мамлакатҳои араб ва аксар шаҳрҳои ОсиёиМарказӣ аз ҳазорсолаи якуми то милод  маъмул аст. Муаллифони китобҳои тибби қадим гулоб ва манфиату ҳикмати онро хеле тавсиф кардаанд. Масалан, дар «Эҳё - ут-тибби Субҳонӣ» чунин гуфта мешавад: «Накутарини он тез ва хушбӯй бувад; муқаввии димоғ ва мусаккини судоъ бошад, тақвияти дил ва меъда кунад, лисаро (вораро) сахт гардонад, дарди чашм сокин созад. Хӯрдани он бемориҳои нафс - уд - дам, хафақони гарм ва ғаширо нофеъ бувад, чун бар сар резанд, хуморро сокин кунад, ба мӯй бисёр моланд, сафед гардонад».

То имрӯз дар аксари манотиқи Эрон  истеҳсоли гулоб ва атриёт хеле маъмул аст. Бо шукуфтани гули садбарги сурх, ки онро дар Эрон гули Муҳаммадӣ меноманд, мавсими гулобгирӣ оғоз меёбад. Хусусан, гулоб ва атриёти Кошон хеле маъруф аст. Дар шаҳр ва гулбоғҳои гирду атрофи он дастгоҳҳои гулобгирӣ, ки асосан аз дегҳои бузурги мисии сарпӯшдор иборатанд, дар болои учоқҳо гузошта  шудаанд. Ба ҳар як дег 24 килограмм гулбарг ва 40 литр об рехта, сарпӯшашро маҳкам менамоянд ва дар зери он тақрибан 7 - 8 соат машъал месӯзад. Ба сарпӯши ҳар як дег найча васл карда шудааст, ки дар зовияи  45 дараҷа тақрибан ду метр аз дег баланд баромада, канори дигараш дар ҳамин зовия ба поён хамида ба зарфи калони мисии даҳонбаста пайваст аст. Он зарфҳо дар дохили ҳавзчаи оби сард қарор доранд, то бухор ба гулоб табдил ёбад.Назар ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гулобро дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар Булғористон, Фаронса, Ҳолланд ва дигар давлатҳо истеҳсол менамоянд. Аммо гулоби Кошонро аз беҳтарин ва марғубтарин мешуморанд. Онҳо ба чанд вижагии гулоби хуб ишора карда мегӯянд, ки он бояд хушбӯ, дорои таъми талх ва каме тунд бошад ва гулӯро набояд азият диҳад.

 Гулобро дар маҳсулоти қаннодӣ низ ба кор мебаранд. Масалан, ба нишолло, мураббои сабзӣ, лавз ва ғайра илова  мекунанд, ки хеле хушбӯй мекунад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин суннати ниёгонамонро эҳё карда, парвараши гулҳои муаттару истеҳсоли гулобу атриёти хубу сифатноки тоҷикӣ ва содироти онро васеъ ба роҳ монем ва бад - ин восита номи Тоҷикистони азизамонро дар ақсои олам маъруфу машҳур гардонем. Зеро табиати афсунгару биҳиштосои   мо дар ин самт  хеле созгор аст ва мусоидат мекунад.

 

Мураббои гули садбарг

Шоирони тоҷику форс он қадар гули садбаргро дар ашъорашон тавсифу ситоиш кардаанд, ки баробари хондани он абёт на танҳо ин гули зебо дар пеши назар бо тамоми назокаташ ҷилвагар мешавад, балки накҳати форамаш гӯё ҳама ҷойро фаро мегирад. Агар аз гули садбарг мураббо омода намоед, лаззату хушбӯйии он ҳеҷ гоҳ аз ҳотиратон намеравад. Барои тайёр кардани мураббои гули садбарг 500 грамм гулбарг, як килограмм шакар, як литр об ва як қошуқи чой ҷавҳари лиму лозим аст. Субҳи барвақт гулҳои шукуфта ва навшукуфтаи садбаргро ҷамъоварӣ намуда, гулбаргҳоро ҷудо менамоянд. Онҳоро шустан мумкин нест, зеро баъди шабнам тозаанд ва дар ҳолати шустан баргҳо бӯяшонро гум мекунанд. Беҳтараш шабона ба гулҳо об пошида, субҳгоҳон онҳоро ҷамъоварӣ намоем. Агар зарурати шустан ба миён ояд, гулбаргҳоро  на дар оби ҷорӣ, балкӣ дар оби сокит тавассути дуршлаг (чӯлпӣ)  бо эҳтиёт шустан лозим аст то онҳо зарб наёбанд. Шакару обро ҷӯшонда, ба он гулбаргҳоро илова менамоем ва зуд -  зуд омезиш медиҳем. Мураббо ба худ ранги сабзро мегирад. Сипас, баъди даҳ дақиқа ранги он зард мешавад. Боз баъди  10 -  12 дақиқа ранги тираи мисиро мегирад ва гулбаргҳо қариб шаффоф мегарданд.  Ҳамин тавр, боз баъди даҳ дақиқа мураббо ранги гулобии тираро ба худ мегирад ва баргҳо шаффоф мегарданд. Сипас мурабборо аз оташ гирифта, ба он як чумча ҷавҳари лимӯ илова менамоем. Онро бо гулбаргҳояш истеъмол менамоянд. Агар мурабборо бо чой нӯшед, гулбаргхо кушода шуда, хеле зебо ба назар мерасанд ва шамидани роиҳаи хуши гули садбарг ба кас ҳаловат мебахшад.

 

Мунаввари САФАР

барчасп: