Ноҳияи Мурғоб яке аз минтақаҳои баландтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, зиндагии мардуми ин ноҳия нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз чанд ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар натиҷаи экспедитсияи мардумшиносӣ хуб мушоҳида гардид, ки шароитҳои номуносиб дар ин минтақа таъсири худро расонидааст.
Донишу таҷрибаҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаву маросим барои мукаммал гаштани фарҳанги миллӣ нақши муҳиме мебозад. Аз сабабе, ки дар ноҳияи мазкур кӯлҳои зиёде вуҷуд доранд, моҳидорӣ дар ин минтақа яке аз шуғлҳои асосии сокинони маҳаллии ноҳияи Мурғоб ба шумор меравад. Дар робита ба ин тасмим гирифтем, ки дар такя бо дониш ва таҷрибаҳои мардуми ноҳияи мазкур оид ба фарҳанги моҳидорӣ, нақлу ривоятҳо дар бораи моҳӣ ва шикори он то ҳадди имкон шарҳ диҳем.
Моҳӣ ҷонвари обӣ буда, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар ҷонварҳо бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори моҳӣ дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба моҳӣ ва истеъмоли он дар миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Шахсоне, ки ба моҳидорӣ ё шикори он машғул ҳастанд, дар бораи ин ҷонвари обӣ маълумоти бештаре дошта, чандин роҳу воситаҳои шикор кардан ва чигуна дастгир намудану истеъмол карданашро хубтару беҳтар медонанд. Дар байни мардум нисбат ба моҳӣ ва хӯрдани он ақоиди гуногун маъмул мебошад: «шино кардани моҳиро бо диққат тамошо кунӣ, асабҳоят ором мешавад» ё «гӯшти моҳӣ серғизо буда, барои бемориҳои асаб фоидабахш мебошад», мардуми омма бар чунин боваранд: «касе, ки моҳӣ мехӯрад, баданаш аз гуноҳҳо пок мегардад» ва амсоли инҳо.
Аз нуқтаи назари равоншиносӣ низ дар шароити хона нигоҳ доштани моҳиҳо дар аквариум шахсро аз гирифтории бемориҳои асаб эмин медорад, инчунин барои нигоҳ доштани саломатӣ одамон баъзан ба моҳигирӣ мераванд.
Ба ҳама маълум аст, ки моҳӣ ҷонвари зираку доно буда, дар даруни об гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Шахсоне, ки ба моҳидорӣ машғуланд, дар миёни мардум онҳоро бо «моҳигир» ном мебаранд. Дар деҳаи Булункӯли ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб Ғуломов Сӯҳроб (соли тав. 1989) ва бародарон-Булбулов Маҳмадёр (соли тав. 1966), Булбулов Ромиш, Булбулов Насим ба моҳидорӣ машғуланд, онҳоро аз рӯи шуғлашон мардум мешиносанду эҳтиромашон мекунанд.
Шахсоне, ки ин ҷо номашонро зикр кардем, онҳо дар бораи моҳӣ ва навъҳои он ва чӣ гуна шикор кардани он таҷрибаву малакаи кофӣ доранд. Бо мақсади пешбурди зиндагии ҳамарӯзаашон чандин роҳу усулҳои махсусро истифода карда, аз кӯлу дарёчаҳо моҳӣ дошта, хароҷоти зиндагии худро таъмин мекунанд. Моҳидорон бар он назаранд, ки моҳидорӣ заҳмати зиёд талаб мекунад, барои ба даст овардани он таҷрибаву ҳушёрӣ лозим аст. Ба ақидаи эшон, «моҳӣ аз одам дида зирактару ҳушёртар аст, барои онро ба дом афтондан ё шикор кардан бояд инсон аз моҳӣ дида зирактару ҳушёртар бошад».
Аз рӯи гуфтаҳои раиси маҳаллаи Булункӯл Шаробов Шароб (соли тав. 1968), дар дарёҳои Тоҷикистон, ки оби хунук ва шаффоф доранд, бештар гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лаққамоҳӣ, капур ва зағорамоҳӣ зиёдтар дида мешавад. Ин навъи моҳиҳоро ба даст овардан барои инсон душвор мебошад, чунки оби дарёҳо нисбат ба оби кӯлҳо хунук ва равон аст ва шикор карданашон ҳам низ мушкилу мураккабтар мебошад. Ба гуфтаи моҳидорон моҳиҳое, ки дар дарёҳо шикор карда мешаванд, аз рӯи таъм нисбат ба моҳиҳои ҳавзу кӯлҳо болаззаттар мебошанд.
Ҷаниқулов Абдураҳим (соли тав.1966) шикорчии ҳамин минтақа чунин ибрози андеша намуд: «моҳидорӣ ё моҳипарварӣ аз замонҳои пеш то ба имрӯз байни мардум роиҷ аст. Аз сабабе, ки дар ноҳияи Мурғоб кӯлу дарёчаҳо бисёр мебошанд, баъзе ҷавонмардон пешаи моҳидориро ихтиёр карда зиндагиашонро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд». Ба ҳама маълум аст, ки моҳигирон ба ду мақсад: яке бо мақсади пеш бурдани зиндагии рӯзмарра ва дигар барои истироҳат ва кайфият ин амалро иҷро мекунанд. Аз хурд то бузург медонанд, ки шикори моҳӣ, яъне моҳидорӣ ба кас роҳат мебахшад. Масалан, вақте ки кори моҳигир омад карда, дар чангакаш моҳӣ меафтад, дар ин ҳолат вай ба худ як таассуроти хубе мебардорад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки на танҳо гӯшти моҳӣ ба инсон роҳат мебахшад, балки шикори он низ як ҳолати роҳатбахш низ дорад.
Дар бораи ба даст овардани моҳӣ дар байни мардум баъзе ақидаҳо мавҷуданд, ки бисёре аз моҳигирон ба он риоя мекунанд: «шикори моҳӣ ба ҳар инсон муяссар намегардад, чунки моҳӣ ҷонвари зираки обӣ буда, барои ба даст овардани он бояд инсон аз моҳӣ дида зираку ҳушёртар бошад, ҳатто барои шикор карданаш дасти пир гирифтан лозим аст». Шахсоне, ки ба ин кор шуғл меварзанд, онҳо тарзу усулҳои махсуси худро истифода карда вобаста ба вақту соат амал мекунанд. Зеро ҳар як кор роҳу восита ва қоидаи махсусро талаб менамояд.
Моҳидорӣ низ роҳу усулҳои ба худ хосеро дорост. Аз ин хотир, усулҳои шикори моҳӣ гуногун буда, ҳамаи он вақту соати муайян дорад. Баъзеҳо ба шикори моҳӣ рафта аз саҳари рӯз то бегоҳ ба моҳидорӣ машғул шуда, дар охир бе натиҷа бар мегарданд. Дар ин бора Набиев Абдунаим (соли тав.1950) сокини шаҳри Исфара аз рӯи таҷрибаи моҳигириаш маълумот дода, ишора намуд, ки: «Ҳар шахсе, ки ба шуғли моҳигирӣ худашро олуда мекунад, то ҳамон андоза ба ин пеша дилбаста мегардад, ки дигар даст кашиданаш аз ин шуғли интихобкардааш хеле душвор мегардад. Шахсе, ки мехоҳад дар ин самт муваффақ бошад, ӯро зарур аст, ки навъҳои моҳиҳоро хуб донад, чунки ҳар як навъи моҳӣ роҳу воситаҳои шикори худро дошта, вақту соатҳои шикор карданашон низ аз якдигар фарқ мекунад. Масалан, хоҳед, ки моҳии калон ба даст биёред, бояд шасти моҳигириро дароз партофта сӯзани дар нуги ресмонбударо низ боқуввату калонтар гирифтан лозим, ҳатто ғизое, ки дар нӯги сӯзан гузошта мешавад, он ҳам калон буданаш шарт ва зарур аст. Ҳамаи ин бо мақсади хӯрда натавонистани моҳиҳои хурд мебошад. Аммо барои шикор кардани моҳии хурд баръакси корро бояд кард. Мисоли дигар баъди борони сел шикор кардани моҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунки оби сел ғизоҳои гуногун оварда, моҳиҳоро аз он таъмин месозад ва онҳо ба ғизои мепартофтаи моҳидорон эҳтиёҷ пайдо намекунанд. Дар ин ҳолатҳо бо тӯр шикор кардан мувофиқтар аст». Баъди ин шиками моҳӣ сер буда, на барои истеъмоли ғизо, балки барои бозӣ кардан ба ҳаракат медароянд, дар ин ҳолат бо тӯр шикор намудан мувофиқ аст. Дар рафти суҳбат Набиев Абдунаим аз рӯи таҷрибаҳои доштаи худ чанд навъи шикор кардани моҳиҳоро ба мо нақл кард: «шикор бо тӯр, шикор бо шаст, шикори сабадӣ, шикори лойоба, шикори пасов». Маълум мешавад, ки ҳар кадом аз ин навъи шикор роҳу восита ва вақту соатҳои худро дорад.
Тибқи гуфтаи мардумшинос Д. Раҳимӣ тарзи шикори моҳӣ бо тури дастӣ одатан, дар шабҳои тобистону тирамоҳ сурат мегирифт. Ду нафар турро дар тангнои ҷӯй ё дарёча дошта меистоданд, шахси сеюм бо чӯб ё бо сангпартоӣ моҳиҳоро ба сӯйи тур меронд.[1] Дар деҳоти ноҳияи Мурғоб моҳигирон якчанд нафар ҷамъ омада дар ҳар ҷои танаи тӯри моҳигирӣ сангпораҳо ва аз як тарафаш ресмони дарозро баста тӯрро дар байни дарё ё кӯл мепартоянд. Ҳангоми аз ҳар тараф таъқиб кардани одамон моҳиҳо ба сӯи тӯр ҳаракат карда, зери тӯр пинҳон шудан хоста, дар ин асно моҳӣ ба тур дармемонад ва моҳигир банди тӯрро кашида моҳиҳои дар тӯр дармондаро мегирад. Воқеан, ҳам агар моҳидорон имкониятҳои мавҷударо дониста, чунин усулҳоро истифода намоянд, дар он сурат амали онҳо бобарор анҷом ёфта, завқи шикор кардан низ зиёд мегардад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар солҳои пештар шикор кардани моҳиҳо аз замони имрӯз то андозае тафовут дошт. Масалан, он замонҳо моҳиҳоро бо зарби чӯб, бо найза ё бо халачӯбҳо ва дигар ашёе, ки нӯгашон тез карда шуда буд, шикор мекарданд. Ҳоло бошад, чунин тарзи шикорро қариб истифода намебаранд. Инсонҳо сол ба сол роҳҳои осонтари шикор кардани моҳиро аз худ кардаанд, ки ба замони имрӯз хеле мутобиқу мувофиқ мебошад.
Аз сабабе, ки истеъмоли моҳӣ ҳамчун ғизои гӯштӣ дар зиндагии мардум муҳим аст, ба ин хотир миёни мардуми омма дар борааш бовару эътиқоди гуногун ҷой дорад. Вобаста ба ин масъала Чоршанбиева Ниёзбегим (соли тав. 1971) сокини деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Аличур, ки шавҳараш ба моҳидорӣ машғул аст, чунин мегӯяд: «Зане, ки дар батнаш фарзанд дошта бошад, бояд аз хӯрдани гӯшти моҳӣ худдорӣ намояд. Агар зани ҳомила дар давоми ҳомиладориаш гӯшти моҳиро истеъмол кунад, даҳони фарзанди дар батнаш буда мисли даҳони моҳӣ мешавад» ва ё «агар мард дар давоми зиндагӣ аз гӯшти моҳӣ бештар тановул кунад, ба асабҳояш фоида карда, инчунин фарзандонаш низ ҳушёру босавод мешаванд». Дар ин бора мақоли дигаре низ миёни мардум маъмулӣ аст: «Ҳар касе, ки гӯшти моҳиро истеъмол кунад, баданаш аз гуноҳҳо покиза мешавад», ё ба маънои дигараш чунин мегӯянд «Ҳар касе, ки гӯшти моҳӣ хӯрад чилрӯза гуноҳҳои кардаашро пок мегардад». Ба ақидаи дигар, «Моҳӣ ҳеҷ гоҳ ҳаром намешавад, чунки бо амри Худо мак (гардан)-и онро дар зинда буданаш буридаанд, яъне ҳалол кардаанд». Аз ҳамин сабаб дар ягон ҳолат моҳиро ҳаром гуфтан дуруст нест.
Моҳипарварӣ ва моҳидорӣ асосан, шуғли мардона буда, барои шикор карданаш синну соли инсон ягон аҳамият надорад. Аз мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сабаби бисёр будани кӯлҳо ҷавонписарон дар баробари корҳои дигари хоҷагидорӣ ва чорводорӣ ба моҳидорӣ ва моҳипарварӣ ҳам майлу рағбати беандоза доранд. Онҳо аз хурдӣ кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои боз ҳам хуб шикор кардани моҳиҳоро омӯхта барои беҳбуд гардонидани зиндагиашон истифода намоянд.
Булбулов Маҳмадёр (соли тав. 1982) сокини деҳаи Булункӯли ҷамоати деҳоти Аличур ба моҳидорӣ машғул буда, андешааш дар бораи ин ҷонвари обӣ чунин аст: “Моҳӣ ҷонвари безабон буда, дар ягон ҳолат ба инсон халал намерасонад. Барои ҳамин бисёриҳо баҳри ором кардани асабҳояшон ба моҳидорӣ шуғл меварзанд, моҳиро на танҳо одамон, балки ҳайвоноту паррандаҳо низ шикор карда, гӯшташро истеъмол менамоянд. Яке аз ҳайвонҳое, ки моҳиро бештар шикор мекунад хирс буда, ҳайвоноти дигар ҳам ба монанди гург, паланг, шер, рӯбоҳ ва ғайра метавонанд онро шикор намоянд”.
Дар қатори ҳайвонҳо паррандаҳое ҳастанд, ки ғизои асосиашон моҳӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин паррандаҳо моҳихӯрак мебошад. “Моҳихӯрак, як ҷинси паррандаҳои обиеро мегӯянд, ки ба оилаи “Steganopodes” мансуб аст. Моҳихӯракҳо дар обанборҳои сунъӣ ва табиии Тоҷикистон тӯда-тӯда шуда зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон 2-намуди моҳихӯрак хурд ва калон мавҷуд мебошад.[2]
Мувофиқи андешаи моҳигирон, гӯшти моҳӣ аз ҷиҳати ғизонокӣ бисёр боқувват буда, истеъмолаш низ ба саломатии инсон фоида дорад. Сабаби фоиданокиашро дар он медонанд, ки моҳӣ ғизоҳоеро истеъмол мекунад, ки чунин хӯрокҳо дар зери об, яъне дар қаъри дарё пинҳон мондаанд ва баъзеи онҳо нодир буда, ба саломатии инсон фоидаи калон доранд. Чунин растаниҳоро на ҳар ҷонвар истеъмол карда метавонад. Ба ин далел, одамон гӯшти моҳиро дар баъзе ҳолатҳо “ҳаким” низ мегӯянд. Тибқи иттиллои моҳипарварону моҳидорон моҳиҳое, ки бештар дар дарё шино мекунанд, нисбат ба моҳиҳои дар кӯл ё баҳр буда, ғизонокиаш зиёдтар аст.
Нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Мурғоб шуғли моҳигирӣ бештар ба мушоҳида расида, аз давраҳои пеш то инҷониб идома дорад. Мардуми маҳаллии ин ҷо шуғли моҳидориро баробари пешаҳои дигар арҷгузорӣ намуда, нисбати ин пеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Абдуллоев Акобир
Мудири шуъбаи фаъолияти
иҷтимои – фарҳанги