Таомҳои маҳаллии мардуми Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои кўҳистон ба шумор рафта, фарҳанги қадима дорад. Агар чи ин ноҳияи дурдасти кўҳистон ба ҳисоб равад ҳам, мардумаш бофарҳанг буда, бо замона низ ҳамқадам мебошад. Аз ҷумла ҳунари дастии мардона ва занона дар ин гўшаи Ватан хеле рушд ёфтааст. Чизе, ки дар ин ноҳия диққати моро ҷалб намуд ин марказҳои ҳунармандӣ буд, ки хеле хуб ба чашм мерасид. Марказҳои ҳунармандиро асосан занони соҳибкор таъсис дода, якчанд занҳои бекори хонанишинро ҷалб намудаанд. Ҳамчунин баъзе занҳое, ки дорои ихтисоси дўзандагӣ мебошанд ҷалб карда шудаанд. Онҳо ба занону духтарон ҳунар меомўзонанд.  Ҳамин тавр, мо мушоҳида кардем, ки маҳз чунин марказҳо боиси пеш рафтани ҳунарҳои дастии занона, аз қабили адрасбофӣ ва атласбофию қуроқдўзӣ, гулдўзӣ ва ғайраҳо гардидааст.

Аз ҷиҳати инкишофу пешрафт ин ҷанбаи касбу ҳунарҳои мардумӣ хоҳ-нохоҳ ба фарҳангу иқтисод таъсир мерасонад. Яъне ҳам соҳаи фарҳанг пеш меравад ва ҳам иқтисод бе таъсир намемонад. Бисёр хуб мешуд, агар баробари чунин марказҳо марказҳои пазандагӣ низ ташкил гардад. Чунки пазандагӣ низ дар баробари ҳунарҳои дигар манфиатнок буда, дар сатҳи баланд аз худ кардани он барои занону духтарон муфид мебошад. Ба ин восита волидон имконият пайдо мекунанд, ки духтарашон пеш аз оиладор шудан пухтану дўхтанро омўзад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар аксари минтақаҳои кишвар аз сабаби надонистани рўзгордории арўсон боиси пошхўрии оилаҳои ҷавон гардидааст. Албатта ҳунари пазандагиро ҳамаи занон ва духтарони тоҷик доранд ва аз уҳдаи пухтани бисёр таомҳои тоҷикӣ ба хубӣ мебароянд, вале нозукиҳои онро донистан боз ҳам хубтар аст. Яъне пухтани баъзе таомҳоро омўзонанд, ки модарону бибиҳои мо пухтаанд ва он хислати қадимию анъанавӣ дошта, аз насл ба насл ҳамчун мерос омада истодааст. Инчунин таомҳо ва хуришу кулчақандҳо, ки аз ғарб ба мо гузаштаанд низ омўзонида шаванд. Қайд кардан лозим аст, ки имрўзҳо ин маҳсулотҳои ғарбиро духтарони тоҷик ба таври аъло мепазанд, аммо баъзан пурра ба он рў овардан зарари ҷиддӣ ба фарҳанги тоҷикона мерасонад. Яъне чи тавре, ки ба назар мерасад мардуми мо ба мардуми ғарб тақлид карда, аз сару либос, то пухту паз ба дигаргуниҳо дучор шудаанд.

Барои ҳамин чунин марказҳо таъсис дода шуда, ҳунари пазандагии ҳам аҷдодӣ ва ҳам аз дигар қавму миллат омўзонида шаванд. Ин боиси аз байн нарафтани фарҳанги қадимаи тоҷикӣ гардида, барои аз тамаддуни ҷаҳонӣ қафо намондан низ мусоидат мекунад.

Ҳангоми экспедитсия дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таомҳои сирф хусусияти мардуми суғди дошта мушоҳида гардид, ки онҳо хеле зиёданд. Сарфи назар аз он, ки таоми миллӣ ё маҳаллиро хуб мепазанд, аз уҳдаи омода кардани дигар навъи хўрок низ ба хубӣ мебароянд. Лекин  тааҷҷубовараш он аст, ки дар як ноҳияи кўҳӣ ҳунарҳои занона ва ҳунари пазандагӣ хеле рушд кардаанд. Вақте мо миёни мардуми таҳҷоӣ мегаштем ва дар ҷустуҷўи ҳунари асил будем, бо заноне вохурдем, ки дар бахшҳо гуногуни ҳунармандӣ фаъолият доранд, дар натиҷа маводи зиёд гирдоварӣ шуд.

Дар ин мақола аслан таомҳои маҳаллие, ки хоси мардуми тоҷик, алалхусус Айнӣ мебошанд  дарҷ гардидааст:  

Тордуна таоми субҳгоҳии мардуми тоҷик аслан мардуми маҳаллии н. Айнӣ ба шумор меравад. Аввалан аз равғани зард хамиртурш (дрож) ва намаку орд хамири тордунаро мешуранд. Баъдан онро тунук карда шуракро мегузоранд. Шурак ин маҳсулоти равғанин буда, аз саршири шир тайёр карда мешавад. Ширро душида полонида дар салқинӣ мегузоранд. Болои шир ҳатман қаймоқ мегирад. Яъне саршир омода мегардад. Барои чи сарширро баъзан қаймоқ ном мебаранд. Чунки мазаи он ба қаймоқ шабоҳати зиёд дорад.     

Угропалов яке аз таомҳои анъанавии мардуми ноҳияи Айнӣ буда, дар ҳамаи фасли сол омода карда мешавад. Ин таом бисёр таоми серғизо мебошад ва аз сабазавоту хамири угро омода карда мешавад. Аввалан аз орду обу намак хамир мешуранд. Баъдан онро каме дам дода, зувола мекунанд. Баъдан онро тунук карда мисли оши угро бо корди махсус мебуранд. Ҳамин тавр онро мисли оши бурида (угро) тайёр мекунанд. Аз сабзавотҳои тару тоза – картошка сабзӣ пиёз занҷабили булғорӣ помидор зирбак омода мекунанд. Онҳоро дар шакли чоркунҷа реза карда дар равған бирён мекунанд. Угропаловро дар тафдон сурх мекунанд то он вақте, ки ба макарон монандӣ кунад. Ҳамин тавр, дар оби ҷўшомада угропаловро андохта мепазанд. Баъди пухтан угропаловро дар табақ бардошта зербаки омодакардашударо ба болои он мемонанд. Кабудиҳоро маҳин реза карда, онҳоро ба болои таоми омодагашта мепошанд. Кадбону метавонад чаккаро об карда дар коса гирифта ба болои дастурхон гузорад. Касе хоҳиши истеъмол бо чаккаро дошта бошад метавонад истифода барад. Онро дар ҳар фасли сол баҳри оила омода мекунанд, чунки ин таоми серғизо буда, хушхўр низ аст. Аз забони занони пазандаи ин таом ба мо чунин маълумот ироа гардид, ки ин таомро баъзан занҳо дастҷамъона мепазанд ва дар ҳамҷоягӣ истеъмол мекунанд. Яъне бо ҳам ҷамъ омада, то ба омода гаштани хўрок сўҳбатҳо доир мекунанд. Ҳамин тавр, ин таом байни мардуми Айни ва баъзе мардуми вилояти Суғд маъмулу машҳур аст.                 

Боқилаҷушак як таоми маъмулии мардуми ноҳияи Айнӣ ба шумор рафта, дар фасли баҳор зиёдтар омода мекунанд. Онҳо то пухта расидани боқилои нав, аз ҳосили боқилои як сол пеш қоқ карда гирифта мондаашон истифода мекунанд Боқилаҷушакро аз донаи боқило ва зирбак омода мекунанд. Аз картошка сабзӣ пиёз помидор занҷабили булғорӣ зирбак омода мекунанд. Об андохта боқилоро низ омехта мекунанд. Боқило пеш аз он ки ба таом омехта гардад якшабонарўз дар оби ширгарм тар карда мешавад. Чунки боқило аслан донаи сахт буда дер мепазад.

Ғармиҷ таоми маҳаллии мардуми тоҷик ба шумор рафта, дар фасли зимистон зиёдтар пухта мешавад. Гандумро намнок карда дар уғурак мекўбанд. Онро аз пустлох тоза карда дар оби ширгарм тар мекунанд. Гандуми куфташуда обро ба худ мекашад ва ба ин васила тез мепазад. Таоми мазкур бо зирбак омода карда мешавад. Зирбакро аз сабзавоти тару тоза тайёр мекунанд. Картошкаву сабзӣ ва пиёзро чоркунҷа реза карда омехта мекунанд. Сипас, об меандозанд таом, ки як сар ҷўшид баъд гандумро омехта мекунанд.    

Нахудшурбо яке аз таомҳои бисёр маъмулу машҳур буда, серғизо низ ҳаст. Ин таомро аз нахуд, пиёзи сафед, гушт, равғани растанӣ, равғани думба, намак тайёр карда мешавад. Барои оилаи се чор нафара 2кг нахуд, 1,5 кг гушт, 500 гм пиёзи сафед, 300гм равған, 500 гм равғани думба, намак, об истифода бурда мешавад. Дар дег равғани растаниро гарм карда пиёзи сафедро бирён мекунанд. Пиёз, ки сурх шуд гўштро омехта мекунанд. Гўшт низ нағзакак бирён мешавад. Баъдан нахудро омехта карда, об мерезанд. Таом дар муддати се чор соат мепазад. Бинобар ҳамин равғани думбаро дар вақти қариб пухта расидани таом меандозанд. Равғани думбаро чоркунҷа реза карда, дар таом меандозанд. Он хўроки дерпаз буда, муддати 3-4 соат меҷўшад. Хеле таоми серғизо мебошад. Ин таом дар ноҳияи Айнӣ ба қайд гирифта шуд. Инчунин ин таомро дар дигар минтақаҳои шимоли кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро зиёдтар мепазанд. Хулоса таомҳои маҳаллии ин ноҳия рангоранг буда, ҳар кадоме хусусияти хоси худро дорад. Аз сабабе, ки ин ноҳияи дурдаст ба ҳисоб меравад, дар он ҷо фарҳанги деҳот арзи ҳастӣ мекунад.

Ҳунарҳои дастии мардона ва занона низ дар ин гўшаи Тоҷикистон ба таври муайян рушд карда истодааст. Ҳунар ва ҳунармандӣ дар ин минтақа дар ҳоли рушду такомул ёфтан мебошад. Масалан, марказҳои таълимӣ – ҳунармандие, ки дар соли 2018 таъсис дода шудаанд пешрафти фарҳанг ҳисобида мешавад. Бар замми ин ба иқтисоди миллӣ каме ҳам бошад таъсири мусбӣ мерасонад. Ин марказҳоро занони соҳибкори пурзавқ ташкил карда, занони хонанишинро, ки вақти холигӣ доранд ҷалб кардаанд. Занони хонанишин дар ин марказҳо духтани гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, тоқидўзӣ, ҷомадўзӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои дастиро меомўзанд. Ҳамин тавр, метавонанд кор карда музди муайянро ба даст оранд, ки ба вазъи иқтисодии онҳо кўмак мерасонад. Тибқи мушоҳидаҳо қайд карда шуд, ки дар ҷамоатҳои ноҳияи Айни 3 маркази ҳунармандӣ таъсис дода шудааст, ки боиси пешрафти фарҳанг ва иқтисоди миллӣ мегардад.     

Мутаасифона, ҳангоми ба қайд гирифтани марказҳои ҳунармандӣ муайян гардид, ки ҳоло дар ин марказҳо бахши хўроктайёркунӣ ва омўзонидани онҳоро ба назар намегиранд. Яъне бахши таомпазӣ (пухту паз) дар ягон маркази ҳунармандӣ мушоҳида нагардид. Хуб мешуд, агар шахсоне маркази ҳунармандиро ташкил мекунанд ин нуқтаро низ ба инобат гиранд. Ба монанди ноҳияҳои дигари кишвар сафи чунин марказҳои омўзишӣ - ҳунармандӣ дар ноҳияи Айни низ зиёд карда шавад. Ин ба он мусоидат мекунад, ки бонувони тоҷик аз ҷумла духтарон ҳунареро аз худ мекунанд ва бари ояндаи хеш истифода мебаранд.  

Шоира  Бердиева

Ходими калони илмии

 Пажўҳишгоҳи илмӣ –

 тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

барчасп: