Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мебошад. Аз қадимулаём то ҳол аҷдодони мо ба маҳсули дасти ҳунармандон ниёз доранд. Мардуми деҳот аз оҳангарҳо асбобу сукунати хоҷагидорӣ - бел, кедман каҷбел теша табар болға амбур корд ва дигар асбобҳои ороишӣ мехаранд. Оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст дар ҳазораҳои 3-4 то милод дар Эрон, Мисри қадим аз оҳан олати меҳнат месохтанд. Аз ин ҷост ки аз қадим боз дар тамоми сайёра ҳунари оҳангарӣ маьмул аст. Ниёгони тоҷикон дар ибтидои ҳазораи 1 то милод истифодаи филизро медонистаанд. Онҳо оҳанро дар курае мегудохтанд, ки ҳарораташ ба 1300-1400 дараҷа мерасид.
Оҳангарӣ ҳунари пурбаракат буда, пири оҳангаронро ҳазрати Довуд алайҳи салом мегӯянд ва вақте ки оҳангар корро шурӯъ мекунад аввал аз пирашон ёдовар шуда, дар ҳаққи ӯ дуо мекунад. Чуноне ки худи оҳангарҳо мегуянд ин дуъо ба касб файзу баракат меорад. Устохонаи оҳангарӣ бо кура сангдон, путқ, дам,болға, амбур, сандон, чарх ва ғайра ҷиҳозонида мешавад ва онҳо асосан дар кӯчаву гузаргоҳои серодам, бозор, инчунин дар ҳавлии худи устоҳо сохта мешуд.
Оҳангар дар назди кура кундаи чубинеро то ним ба замин гуронида ба болояш сангдонро мегузоранд. Аз ду тарафи кундаи сангдондор ду чуқури буда, дар яке усто дар дигаре путкзан меистод. Дар назди кура кундаи чубинеро то ним ба замин гуронида ба болояш сангдонро мегузоштанд. Аз ду тарафи кундаи сангдондор ду чуқури буда, дар яке усто дар дигаре путқзан меистод. Оҳангар вақти коро шурӯъ мекунад дар танӯр оташро гирён мекунад ва оҳанро дар оташ мемонад ва онро метаспонад, то ки мулоим шавад, баьдан онро гирифта ба болои сангдон мемонад, мекубад, онро тунук мекунад, ба оби хунук андохта ба қавле онро «об медиҳанд» ва асбоби манзури дилашонро тайёр мекунад. Ба ин корҳо ба ӯ путкзан ва дамгар ёри мерасонданд.
Бо устои оҳангар Назрулло Амиров, истиқоматкунандаи маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синоишаҳри Душанбе, ки солҳои тӯлони мешавад, ки бо ин касби бобогии хеш шуғл меварзад ҳамсуҳбат шудем. Аз мусоҳибаҳо айён гардид, ки амаки Назрулло худ зодаи НОҳИЯИ Темурмалики вилояти Хатлон мебошад. Барои дарёфти ризқу рузии зиндагонӣ роҳ сӯи марказ пеш мегирад. Инак 20 сол мешавад, ки амаки Назрулло ин ҳунари пуршарафро дар шаҳри Душанбе идома дода истодааст. Ӯ аз нозукиҳои ин касбӣ меросӣ бо ҳаяҷон сухан мегуфт. Дар рафти суҳбат ончунон бо қаноатмандӣ гап мезад, ки кас ба осонӣ пай мебурд ки ӯ кайҳо боз дилбохтаи ин касб аст.
- «Падарам усто Исмат оҳангар буд. Ин касби наҷибро ӯ аз пешгузаштагонаш омӯхтааст. Онҳо сулолаи оҳангарон буданд. Ман аз хурдсолӣ шавқу рағбати зиёде ба ҳунаромӯзӣ, хоса оҳангарӣ доштам ва ончӣ дар ботин доштам ҳанӯз дар синни мактабхониам зуҳур кард»,- мегӯяд усто Назрулло. Падараш ҳам бисёр хоҳони ҳунаромӯзии фарзанд буд. Ба ҳамин хотир падараш ин касби оҳангариро ба ӯ меомӯзад. То ки ҳунаро аз худ кунад ва дастгири падар шавад. Ҳолатҳои шурӯи кори оҳангарон реҷаи хоса дорад, онҳо ба дукон даромада, аввал дуконашонро рӯбучин мекунанд, вақти корро сар мекунанд аввал оташро дар мегиронанд ва сипас ба корҳои манзури дилашон машғул мешаванд... Дар дукони оҳангарӣ бо як нафар кор мушкилтар аст. Бо ҳамин хотир дар дуконҳои оҳангарӣ аслан ду кас кору фаъолият мекунанд. Ривоят аст, ки вақте Довуд алайҳи салом оҳангарӣ мекард вай бо ҳамроҳи шогирдаш кор мекард.
Чаро дар қадим ҳама ба Оҳангар ниёз доштанд? Он замон масалан, асп воситаи асосии саворшавӣ ва борбардорӣ дар хоҷагӣ буд, тамоми асбобҳо БАРОИ асп - эзангу, наъл, лаҷом зевари зин ва дигар чизҳои ороишӣ аз оҳану мису нуқра тавасути ҳунари оҳангар сохта мешуд. Ва аспдор одами дамдор, бой ба ҳисоб мерафт. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, пешбурди кори ҳар як хонадон аз оҳангар вобастагӣ дошт. Юғу сипор, ки воситаи асосии шудгор буд, бе заҳмати оҳангар ба даст намеомад. Оҳангар фақат барои кишоварзону чорводорон қариб 10 – 15 навъи олот тайёр мекард. чаро ин пеша пурбаракат аст? Оҳангар КИ аз роҳи ҳунар нони ҳалол мехӯрад. Дар ҳамаи давру замон баракатАШ дигар буд.
Ҳар асбоб тарзи тайёр кардани худро дорад. Масалан, кафгир асбоби рӯзгор буда аз фузулот, бештар аз оҳану пулод ва мис сохта шуда, навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик аст, ки ба бахши оҳангарӣ марбут мебошад. Кафгир аз дастаи дарозиаш 30 то 70см. ва белчаи сурох - сурох (паҳноиаш тахминан 25 ба 25мм.) иборат аст ва онро барои пухтани оши палов, шавла (ялама) ва таъомҳои сахт истифода мебаранд.
Ба ин монанд дигари асбобҳои рӯзғор ҳастанд, ки маҳсули дасти оҳангар ба шумор мераванд. Мисолҳо хело зиёданд, аммо барои ҳар яки онҳо метавон соатҳо сухан гуфту доир бар ҳар яке мақола таҳия намуд. Дар мавриди ин касби пуршараф муҳаққиқон аз қадим то кунун гуфтанд, мегӯянд ва гуфта истодаанд, ки бо набудани ин ҳунар умуман инсон зиндагониашро тасаввур карда наметавонад.
Хулоса, касби оҳангарӣ аз ҳунарҳое ба шумор меравад, ки омӯзиш, тадқиқ ва корбурди он аз бунёд то фарҷом дар ҳаёти одамизод нақши бисёр босазо дорад, ки набудани он аз набудани ҳаёт шаҳодат медиҳад. Дар манотиқи ҷумҳурӣ корбурду коркарди ин касб фаъол буда, барои фаъол будани он омӯзиши онро бештар аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Абдусамад Шарифов,
ходими илмии шуъбаи
илмӣ-методии ПИТФИ