Доираи ҳунарҳои мардумии тоҷикон хеле васеъ буда, решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Аз ҷумла қадимтарин ҳунарҳо ва санъатҳои аҷдодони тоҷикон ресандагӣ, бофандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, чӯбкориву кандакорӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Ҳамаи ин ҳунарҳои мардумӣ дар хотираи таърихи миллати тоҷик ҳамчун мероси фарҳанги тамаддунсози наслҳои гузашта маҳфуз монда, онҳоро наслҳои ворис ҳамчун таҷрибаи муфиди ҳаёт давом медиҳанд ва баҳраманд мешаванд.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави ҷуҳуриамон шахсони ҳунарманд зиёданд, ки ҳунарҳои мардумӣ ё мероси ниёгонамонро пос дошта ба насли ҷавон меомӯзонанд, то ҳувияти миллии онҳоро баланд бардоранд. Дар радифи ин гуфтаҳо ҳунармандонеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз рӯи завқу салиқаи хеш ба сохтани созҳои мусиқӣ шуғл меварзанд. Дутортарошӣ ё худ созтарошӣ ҳам пешаи нисбатан мураккаб буда, барои сохтани он ҳунарманд ҳатто солҳо тайёрӣ мебинад. Зеро барои сохтани дутор марҳилаҳои гуногунро бояд тай намуд.
Дар гузориши хеш қарор бар он додем, то аз кору пайкори як ҳунарманди асили тоҷик Саидов Шариф қисса намоем, ки маҳз бо дастони моҳир ва малакаи баланди хеш ин асбоби дорои таърихи куҳанро сохта, ба ин васила фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷикро арҷгузорӣ менамояд.
Саидов Шариф соли таваллудаш 1954, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг буда, умри худро ба ҳунари созтарошӣ бахшидааст. Ӯ дутортароши моҳир буда, ба воситаи маҳсулоти сохтааш фарҳанги тоҷикро муаррифӣ менамояд. Саидов Шариф аз овони хурдӣ ба ин ҳунари миллӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Чун падар ин меҳру ҳавасро дар ӯ дид барои Шариф дуторчаеро харидорӣ намуд. Шариф аз хурдсолӣ навозиши дуторро тариқи ҳамон дуторча меомӯзад ва садои ширину гуворои дутор завқи ӯро барои сохтани ин сози мусиқӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ, баҳри аз худ намудани ҳунари дутортарошӣ назди яке аз устодони беҳтарин Абдунабӣ Раҷабов, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард рафта, нозукиҳои ҳунарро ёд мегирад. Усто Шариф Саидов аз соли 1990 инҷониб, зиёда аз 30 сол мешавад, ки бо ҷамъи фарзандон ба дутортарошӣ машғули коранд. Дуторҳоро аслан аз чӯби зардолу, чормағз, тут ва ғайра тайёр мекунанд.
Замони мусоҳиба ин ҳунарманд баъзе нозукиҳои сохтани дуторро ба мо нақл кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки: “барои сохтани дутор аввал чӯбро дар ҳавзи бетонӣ се сол дар об мемонанд. Баъдан ин чӯбро гирифта таро-тар метарошанд то ҳангоми тарошидан тоб нахӯрад ва шикоф нашавад онро мисли косача тарошида (ҳама ҷояш якхела бояд бошад), баъдан онро 10 рӯз мемонанд то хушк шавад. Сипас ба тайёр кардани дастаи дутор мепардозанд, чӯби дастааш аз чӯби хушки 5 солаи олуча, девдор ё сафедор омода карда мешавад то каҷу тобхӯрда нашавад. Агар қисмҳои дуторро дар якҷоягӣ созанд мушкилтар буда, чӯб тоб хурданаш ҳам мумкин”.
Усто чунон моҳирона даста ва косахонаро бо ҳам васл мекунад, ки онҳо ҳатто намеҷунбанд. Баъди ба итмом расонидани ин кор ба васл кардани зеҳҳо шурӯъ мекунад, барои торҳояш зеҳ (жилка) истифода мекунад. Барои тори дуторҳои калон зеҳи нисбатан сахт 0,6 ё 0,7см, барои майда 0,5см корбаст карда мешавад. Ҳамзамон, дутор боз дар худ гӯшак ва харак дорад, ки аз чӯби зардолу ва тут дар як рӯз тайёр карда мешаванд. Сӯрохиҳои дар боло нишонгари он ҳастанд то овоз хубтар бароварда шавад. Баъди анҷоми ҳамаи ин корҳо дуторро нақшу нигор мекунанд. Пас аз тайёр кардани дутор онҳоро барои фурӯш бозорҳои шаҳр мебарорад ва дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ мегузорад.
Шариф Саидов ғайр аз дутор дигар асбобҳои рӯзгорро ҳам, ки асоси масолеҳашонро чӯб ташкил мекунад, месозад. Ӯ иброз доштанд, ки: “барои сохтани дутор, даста, тирак дарахти зардолу ва чормағзро бо нархи 400 – 500 сомонӣ харидорӣ мекунад. Ё ба ивази он дарахт ба соҳибаш як дутор тӯҳфа мекунад.”
Тӯли чанд даҳсола идома додани ҳунари аҷдодӣ кори саҳлу осон нест. Дар ҳоле, ки аксари заминҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ шуда, дастрас намудани чӯби даркорӣ аз дилхоҳ макон хеле мушкил шудааст. Вале бо вуҷуди мушкилии ҷойдошта Шариф Саидов аз сабаби талабот будан ба созҳо ва дигар маҳсулоти сохтааш пешаашро идома дода истодааст.
Мушкилии асосӣ дар фаъолияти меҳнатии устод Шариф набудани ҷойи мувофиқ мебошад. Яъне ӯ дӯкон надорад. Дар рафти пажӯуҳиш ҳунарманд баён намуд, ки: “бо сабаби надоштани ҷойи васеътар шогирдони зиёд қабул карда наметавонам.” Ҳол он ки ҳамчун ҳунарманди ботаҷриба қариб фаъолияти 40 сола дошта, дар тамоми намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ маҳсули дасти Саидов Ш. ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Боиси таассуф аст, ки муддати фаъолияти қариб нимасраи хеш боре ҳам бо ифтихорнома ё сипосномаи ҳатто ноҳия қадрдонӣ нашудааст.
Хуб мешуд, ки фаъолияти меҳнатии ҳунарманд, дар гӯшаи деҳе нишаста барои рушду такомули фарҳанги миллӣ саҳмгузор аст, аз тарафи мақомотҳои маҳаллӣ, бахши фарҳанг ва ғайра ба инобат гирифта шавад. Арҷ гузоштан ба дастранҷи нафаре, ин арҷ гузоштан ба фарҳанг мебошад.
Гулмоҳ Сафарқулова,
Карашмаи Вадуд