ГАРДАНБАНД – ЯКЕ АЗ ЗЕВАРОТИ БОНУВОНИ ТОҶИК

Гарданбанд, хафабанд, хафбандак, гулӯбанд, зеби гардан, муҳра, шаддаи марҷон, ҷавак, шава, гулбанд, як навъ зеби гардани занонро меноманд, ки аз замонҳои қадим дар радифи дигар ороишоти занони тоҷик истифода мешавад.

Гарданбанд ё хафабандро бештар аз гарди хазина (навъи мӯҳра), марҷони сурхи майда, баъзан аз нуқра турбофӣ мекунанд. Хафабанд бо рангҳои гуногун ва гулпартоӣ аз якдигар фарқ мекунад. Нақшу нигори хафабанд одатан ромбшакл, чоргӯша, сегӯша ва панҷгӯша мешаванд. Вобаста ба синну сол хафабандро 4 тора ё 10 тора мебофанд. Масалан, барои духтарон аз 4 то 6 ва барои занони калонсол аз 6 то 10 тор ресмонро гирифта мувофиқи маҳорат ва тахаюли нақшофарӣ хафабанд омода мекунанд. Дар гузашта бари бисёре аз хафабандҳо 2 ё 4 см-ро ташкил мекард. Ҳоло бошад, хафабандҳои нисбатан паҳнтар, ки андозаашон то 10 см аст, таҳия карда мешаванд. Тарзи омода намудани хафабанд дар шакли амудиву уфуқӣ ба риштаҳо гузаронида шуда, дар натиҷа нақшҳои мухталифи миллӣ ва ҳандасӣ тасвир мегарданд. Дар қисмати ҳамелкунии хафабанд асосан резамуҳраҳои сафед, сурх ва сиёҳро корбаст мекунанд. Барои шакли амудӣ гирифтани рангҳо дар риштаҳо то 7 дона муҳраро мекашанд. Барои шакли зебо ва ҷаззобро додани хафабанди муқаррарӣ бояд аз ҳафт риштаи муҳрадори дарозиаш 19,5 см ва паҳнияш 3-4 см истифода кард. Нафосату салобати хафабанд ҳам маҳз дар рангорангии он мебошад. Ҳунарманд тавонистааст тавассути риштаи одӣ ва муҳраҳои ранга як тасмаи пурнақшу нигорро тасвир созад. Дар мавриди ороиши хафабанд тавассути сангҳои гуногуни қиматбаҳо Рӯдакӣ гуфтааст:

Бузургони ҷаҳон чун гардбандан,

Ту чун ёқути сурх андар миёна.

Ё ин ки шоири муосири тоҷик

Мирзо Кенҷа зеби гарданро ба маънои маҷозӣ таҳлил карда, Истиқлолияти миллиро ба он шабоҳат додааст:

Зи по барканд то занҷири заррини тааллуқро,

Варо шуд зеби гардан шаддамарвориди Истиқлол.

Бо ин байт Рӯдакӣ ишора намудааст, ки гарданбандҳо одатан аҳ муҳраҳо таҳия гардида, бо сангу филизҳои мухталиф оро дода мешаванд. Ва дар ин шеър бо ёқути сурх зебу зиннат ёфтани зеби гарданро фаҳмонидааст.

Шаддаи марҷон, ки як навъ гарданбанд буда, бо сабаби аз резамуҳраҳо бофта шуданаш чунин ном мебаранд, аз якчанд шабаи марҷон ё марҷонҳои қалбакӣ, ки бо шабаҳои нуқрагини нозук ё ягон шабаи дигар як дар миён ба ришта гузаронида мешуданд, тайёр мекарданд. Баъзан байни шабаҳои марҷон тангаҳои нуқрагини бухороии куҳна мегузоштанд. Чунин муҳраро “муҳраи тангаи подшоҳӣ”, “ҳамели танга” ё “тангаӣ” меномиданд. Дар мобайни муҳра аксар вақт ягон тугмаи калон аз садаф ё нуқра, ё ягон тангаи калон, баъзан секунҷаи нуқрагини овезадор гузошта мешуд. Тибқи сарчашмаҳои мардумшиносӣ истифода муҳраву садаф ва ё марҷонҳо, қубаҳои аз нуқра сохта шуда дар байни ҳар як танга ҳатмӣ будааст. Зеро миёни тангаҳо муҳра гузошта нашавад, онҳо бо ҳамдигар соиш хӯрда рангашон сиёҳтоб мешудааст.

Як намуди дигари гарданбандро, бо омехтаи нуқраву марҷон ё муҳраҳо сохта мешуд, кори ҳам заргарон ва ҳам бонувони муҳракаш буд. Қисмати мобайнии муҳраи гарданро бисёртар заргарон тайёр мекарданд ва занони тоҷик онро ба мӯҳра пайваст намуда, истифода мебурданд. Муҳраи гарданро бештар вобаста ба муҳит ва завқу маҳорати занону духтарон дар шаклҳои гуногун таҳия мекунанд. Ашёи муҳрагиро асосан муҳраву пӯлакчаҳои гуногун ва риштаву симҳои махсус ташкил медиҳанд. Дар шароити имрӯза ҳунармандон шабаҳои марҷони рангаро аз бозорҳо харидорӣ намуда, худашон навъҳои гуногуни гарданбандро тайёр мекунанд.

Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳраи кутоҳтарин, ки “хафабанд” ном дошт, наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мувофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёртораи то 8 қатор гуногуншакл маъмул буд, ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд. Зеби гардани муҳрагӣ бештар аз муҳраҳои ранга ва сиёҳу сафед ба 7-19 қатор ресмон пайваст шуда, нақшҳои ҳандасиро ташкил медиҳанд ва чунин ба назар мерасад, ки тӯрбофӣ шудааст.

Ҳоло ҳам дар деҳотҳои мухталифи Тоҷикистон миёни бонувони калонсол ин навъи ороишро вохӯрдан мумкин аст. Занони калонсол аз гарданбандҳои гуногуни муҳрагӣ, ки шакли қадимӣ доранд истифода менамоянд. Гарчанде монанди солҳои пешин ҳангоми ҷашни арӯсӣ барои ороиш аз мӯҳраҳои гуногун истифода накунанд ҳам, баъди калонсолтар шудан шаддаҳои марҷонро ҳама вақт дар гарданашон овезон нигоҳ медоранд. Солҳои пеш бисёртар гарданбанди дароз (то миён) хусусияти анъанавӣ гирифта буд. Дар шароити кунунӣ ин навъи хафабанд танҳо дар минтақаи Бадахшон боқӣ мондааст, ҳамонро ҳам фақат дар ҷашни арӯсӣ ё ягон иду ҷашнҳо истифода мекунанд. Зеро дар аксари ноҳияҳои Бадахшон рӯзи ҷашни арӯсӣ гарданбанди дарози рангҳои сафеду сурх доштаро ба бар кардани арӯс ҳатмӣ мебошад.

Дар замонҳои пеш гарданбандро кӯтоҳ ва ё ба андозаи гардан мебофтанд. Имрӯзҳо бошад, ба гарданбанди кӯтоҳ гарданбанди дароз бофташударо илова мекунанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан гарданбанди кӯтоҳро бо усули муҳрабофӣ таҳия мекунанд, ки дар шабнишинӣ ва чорабиниҳо барои куртаҳои махсуси идона мувофиқ мебошад. Ҳатто баъзеи онҳо ҳам бо либоси аврупоӣ ва ҳам бо либоси миллӣ созгор кунонида шудаанд. Занону духтарони тоҷик метавонанд, ба ҷои гарданбандҳои корхонаӣ гарданбандҳои муҳрагии тоҷикиро истифода намоянд.

Ғайр аз ин бонувони тоҷик дар гузашта аз пахоли гандум ва тухми гули мехак – мулчоқи қаламфурӣ, аз шохаҳои дарахти туғ, писта, донаи хурмо, аз тухмпояи меҳригиёҳи кӯҳӣ ва растаниҳои дигар гарданбанду овезаҳо тайёр мекарданд. Маҳсулоти муҳрагӣ барои истифодаи мардум, бо мақсади фурӯш ва ҳамчун армуғон низ тайёр карда мешавад. Таҳияи муҳраи одӣ асосан бо чунин тарз ҷараён мегирад: ба миқдори даркорӣ муҳра ҷамъоварӣ намуда, тавассути сӯзан муҳраҳоро ба ришта мегузаронанд. Ҳангоми гузаронидани муҳра ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқу малакаи хеш нақшу нигори мухталифро меофарад. Ҳар як бонуи тоҷик аз уҳдаи бофтани ҳар гуна муҳра баромада метавонад. Зеро дар бештари оилаҳо наврасону ҷавондухтарон аз овони хурдсолӣ ба таҳия намудани навъҳои гуногуни маҳсулоти муҳрагӣ шавқу рағбат доранд. Баъзе занони ҳунарманд баъд аз қисман бофтани маҳсулот баъд бо шаклу намудҳои печида онро бо тасвирҳои гулу баргҳо ва хатҳои мавҷнок оро медиҳанд. Гулҳои дар гарданбанд инъикосшуда аз як тараф одӣ тобанд ҳам, аз тарафи дигар хело мураккабу ҷолиб ба назар мерасанд. Ҳар як нақши тасвирёфта дар зебоӣ яке аз дигаре фарқкунанда буда, нозукии ин анвои ороишотро дар худ таҷассум менамоянд.

Солҳои охир талабот ба ин навъи ороишот дар ҳаёти рӯзмарраи бонувони тоҷик бештар гардааст. Гарданбандҳои замонавӣ бо шаклҳои наву нисбатан мураккаб сохта мешаванд. Ин падида яке аз роҳҳои ривоҷу равнақ додани ҳунари муҳрабофӣ миёни мардуми тоҷик низ шуда метавонад. Зеро аз давраҳои пеш ашёи тайёрнамудаи муҳрагӣ барои ороиши занону духтарон ва махсусан арӯсон аҳамияти калон дошт. Хафабанд ҳамчун гунаи ороиш дар ҷашну маросимҳо ва идҳо мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад. 

Лайло Носирова

Мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

 Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: