МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҲУНАРИ ЧАКАНДӮЗИИ МАРДУМИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (дар мисоли чакандӯзи бомаҳорат Мирзоева Нигорбӣ)

Ҳар як халқу миллат дорои тамаддун, урфу одат ва фарҳанги либоспушии хоси худ мебошад. Либосҳои миллии  тоҷикон дар асл   чакан, атлас, адрас, гулбаст, ҳали, карбос ва ғайраро дар бар мегиранд, ки муаррификунандаи фарҳанги миллии мардуми тоҷик дар арсаи  байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз либосҳои қадимии тоҷикон чакан аст, ки имрӯз ҳамчун намунаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори дигар арзишҳои фарҳангӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гардидааст. Аз замонҳои қадим то имрӯз ба таври густурда боқӣ мондани ҳунари чакандӯзӣ ва истифодаи васеи маҳсулоти чаканӣ боиси боз ҳам маъмулу машҳур ва ба тамоми ҷаҳониён шинохта ва эътироф шудани чакани тоҷикӣ гардид.

Чакандӯзӣ як навъи ҳунари гулдӯзии қадимӣ мебошад, ки аз  давраҳои пеш тавассути маҳорати нақшофарии бонувони тоҷик то кунун ба мо мерос мондааст. Чуноне,ки дар сарчашмаҳои таърихиву мардумшиносӣ омадааст вожаи  “чакан” ниҳоят қадимӣ  аст. Ҳангоми  пайдоиши чакан дар рӯйи чӯб, чарм, сангҳои қимматбаҳо нақшҳои  гуногун бо дирафшҳои махсус мекашиданд. Олимону вожашиносон калимаи “Чакан”-ро бо  калимаҳои “чеканит”, “чеканка”и русӣ ва “чакома”-ву “чакомаки” авестоӣ алоқаманд  медонанд.

Чакан дар давраҳои пеш либоси  шоҳон  ба  ҳисоб мерафт  ва  матои  онро аз Хитой бо нархи  гарон мехариданд. Баъдтар дар деҳотҳои водии Қаротегин ва Кӯлоб бофандагон барои чакандӯзӣ тавассути дӯконҳои бофандагӣ матоъ истеҳсол мекарданд. Одатан гулдӯзии чаканро дар  курта, рӯймол, болишт, бардеворӣ, гаҳворапӯш, камарбанд истифода мебаранд.

Кӯлоб минтақаест, ки дар он ҷо ҳунари чакандӯзӣ хеле фаъол буда, аз ҷиҳати нақшу нигор ва тарзу воситаҳои духт аз дигар минтақаҳо фарқкунанда мебошад. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳам ҳунари чакандӯзӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми омӯзиш маълум гардид, ки дар ҳар хонадон маҳсулоти чакании дастдухти худи соҳибхоназанҳо мушоҳида мегардад. Азбаски ин ноҳия дар шоҳроҳи байни Кӯлоб ва Дарвоз ҷойгир аст, дар нақшу нигори куртаҳои чакан омехтагии тарзу усули ду минтақа дида мешавад. Албатта, дар гузашта маснуоти чакании мардуми ин минтақа хусусияти фарқкунандагии худро дошт. Вале баъдтар, хусусан дар шароити кунунӣ омехтагии нақшҳо ва тарзу усули буриш ба дигар минтақаҳо монандӣ мекунад.

Барои маълумоти бештар гирифтан ва пажуҳиши ҳунари чакандӯзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо яке аз чакандӯзони соҳибтаҷриба Мирзоева Нигорбӣ (с.тав. 1966, сокини деҳаи Хайркорон) мусоҳиба доир намудем. Мирзоева Нигорбӣ аз чакандӯзони беҳтарини ноҳия ба шумор рафта, ин ҳунарро дар  синни 11-солагӣ  аз модару  бибияш омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, ки: “ман ҳангоми духтарбачаи қадрас буданам, дар назди  бибиям, ки доимо чакандӯзӣ мекарданд, ба таври шогирд менишастам ва бо ҳамин васила ин ҳунарро омӯхтам. Ҳамчун ҳунарманд метавонам гӯям, ки чакандӯзӣ нозукиҳои зиёд дошта, дӯхтани ҳар як маҳсулоти чаканӣ  заҳмати  бисёр  талаб  менамояд.”

Боиси зикр аст, ки имрӯз Мирзоева Н. дар ноҳия ҳамчун як зани  ҳунарманд шинохта шуда, барои мардум аз матои якранг ва риштаҳои рангин курта, болишт, тоқӣ, сӯзанӣ, рӯймол ва камарбандҳои пурнақшу нигорро медӯзад. Ғайр аз ин дар бозору дӯконҳои ноҳия низ маҳсулоти тайёрнамудаи ӯро дидан мумкин аст, ки барои мардум ба фурӯш мондааст. Ҳангоми  духтан  одатан  ӯ  аз  матои   пахтагин  истифода намуда, барои босифат ва зебо шудани маҳсулот нақшашро низ худаш тасвир менамояд. Аз ин бар меояд, ки Мирзоева Нигорбӣ пеш аз ҳама қаламкаши моҳир буда, тахаюли бою рангини хешро ба воситаи қалам рӯи матоъ инъикос мекунад ва мувофиқи завқ онро гулдӯзӣ менамояд. Дар нақшҳои тасвиркардаи Нигорбӣ нақши косагул, гули анор, моҳу  ситора, гулҳои гуногун ва ғайраро дидан мумкин аст. Дар рафти суҳбат ӯ баён намуд, ки: “барои чакандӯзӣ ман навъи гулдӯзиро истифода мебарам. Яъне гулдӯзии асосӣ, попурӣ, дурӯядӯзӣ ва дарафшӣ.” Дуруст аст, ки Мирзоева Н. тарзу воситаи гулдӯзӣ кардани махсусро дорад. Қобили зикр аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои попурӣ, дарафшӣ ва гулдӯзии муқаррарӣ дар дигар ҷойҳо ҳам мушоҳида карда мешавад. Вале дурӯядӯзиро танҳо дар ҳунари баъзе аз бонувон метавон дид. Ин навъи гулдӯзӣ хеле кам ба назар расида, одатан дар гузашта истифода мешуд. Азбаски дурӯядӯзӣ маҳорати баланд ва диққати махсусро талаб менамояд ва яктора духта мешавад, кам андар ками гулдӯзон онро таҳия мекунанд.

“Чакан аз чанд  намуд иборат  аст, ки яке аз гулҳои дар он инъикос меёфта “кунгура” ном дорад, кунгура таҷҷасумгари покию хушрӯзгории бонувон мебошад. Инчунин баргу гулҳои бо ранги сабз тасвирёфта аз омад-омади фасли баҳор мужда дода, сарсабзию ҳаёти ҷовидонаи инсонро ифода мекунад. Имруз муштариён ва талабгорони чакан рӯз аз  рӯз зиёд гардида истодаанду барои дархостҳои онҳоро иҷро намудан  дӯзандагон  лаҳзае оромӣ надоранд” - мегӯяд, Мирзоева Нигорбӣ.   

Аз маҳсули дасти ӯ бонувон қаноатманд буда, тавсифаш менамоянд. “Воқеан куртаҳои чакани дӯхтаи Нигорбӣ нақшу нигори махсус доранд. Аз аввали тирамоҳ наздаш матоъ мебарем, ки то ба Наврӯз баҳрамон куртаи пурнақш дӯзад. Духтар ё келинҳоямон завқи гулдӯзӣ карданро дошта бошанд, ҳатман дар назди Нигорбӣ шогирд мемонем, ки ин ҳунарро боз ҳам хубтар аз худ кунанд. Нигорбӣ дар баробари чакандӯзи моҳир будан мураббии хуб ҳам ҳаст. Ба духтарону келинҳояи худаш ва дигар шогирдонаш нозукиҳои ин ҳунарро моҳирона мефаҳмонад ва ҷараёни духтани онро нишон медиҳад, ки ин кор албатта, таҳаммулу сабри зиёдро талаб мекунад” - иброз доштанд чанде аз ҳамдеҳагонаш.

Мирзоева Нигорбӣ ба қуллаи баланди ин ҳунар расидаасту дар  чакандӯзӣ  сабку  услуби  хосса дорад. Бо сӯзани одӣ ва риштаи рангин  рӯйи матоъ олами  афсонавиро иньикос менамояд. Бонуи ҳунарманд дар рафти суҳбат иброз дошт, ки: “арӯсони пешина чодару куртаи чакани арӯсии худашонро медӯхтанд, ба ин восита момоҳову бибиҳо чӣ қадар сабру таҳамул доштани арӯсро дар вақти духтан мефаҳмиданд.Албатта на ҳар як зан таҳаммули духтани ин корро дорад. Дар рӯйи матои холӣ тасвири расм ва бо сӯзану ришта духтан ин нишонаи тоқатфармоии ҳар як ҷавондухтарро нишон медиҳад. Барои шахси ҳунарманд ҳар як  дақиқаи умр ғанимат аст ва онро бомавқеъ ва бамаврид истифода  мебарад. Ҳар як инсон дар зиндангӣ метавонад меъмори хуб бошад ва аз худ як шахсияти барҷастаро созад. Метавон гуфт, ки Мирзоева Нигорбӣ тавонист шахсияти хешро дар ин ҷода созад. Тавре ки бузургон  гуфтаанд: “Ҳунари давлати поянда ва чашмаи зоянда аст”.

Қайд кардан бамаврид аст, ки чакан маҳсули ҳунари дӯзандагии чандинасраи аҷдодони мо ба ҳисоб рафта, ҳар нақше, ки ҳунарманд тахаюлоташро тавассути  сӯзан ва риштаҳои ранга рӯйи матоъ инъикос  менамояд, дунёест нотакрор ва мафтункунанда.

Карашмаи Вадуд

Ходими калони илмии Маркази

мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: