Activities calendar

27 декабря 2024

Таҳаввули осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг дар замони истиқлол

Рушд ва таҳаввули осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз дар ин ноҳия 5 осорхонаи давлативу хусусӣ фаъолият мекунад. Гарчанде осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ соли 1982, осорхонаи ба номи Восеъ соли 1988, осорхона-ҳунаристони хусусии Усто Ғулом Қодиров соли 1979 дар замони Шӯравӣ таъсис ёфтаанд, аммо биноҳои онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав бунёд карда шудаанд...

барчасп: 

РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКОБОДУ РАШТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, таҳаввул ёфтанд ва ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд ва ҳамагон медонем, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст. Сиёсати фарҳанг-парваронаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид...

барчасп: 

ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР КИШВАР: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих бо вуҷуди фарҳангу маданияти воло ва дониши оламшумул доштан хеле чизҳои арзишманди дигарро аз даст додааст. Аммо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки ин ва дигар арзишҳоро мо ҳадди ақкал ҳифз ва он чиро, ки дорем, ҳифзу қадр кунем. Дар ин замина хизматҳо ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо боризу мондагор аст...

барчасп: