Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих бо вуҷуди фарҳангу маданияти воло ва дониши оламшумул доштан хеле чизҳои арзишманди дигарро аз даст додааст. Аммо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки ин ва дигар арзишҳоро мо ҳадди ақкал ҳифз ва он чиро, ки дорем, ҳифзу қадр кунем. Дар ин замина хизматҳо ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо боризу мондагор аст. Дар радифи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди илмӣ пайваста пайи тарғиби ин сиёсат ва тадқиқу омӯзиши он мебошад.
Рӯзи 27-уми декабри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи имлӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони “Фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо” дар доираи лоиҳаи илмии “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (2021 – 2025) мизи мудаавар баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз рушди фарҳанги миллӣ дар замони истиқлол, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, сиёсати ҳукумати кишвар дар ин самт ва бархе камбудиҳои ҷойдошта ёдоварӣ намуд.
Пасон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар заминаи арқому далоили аз сафарҳои хидматӣ ва таҷрибаи чандинсола ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи китобдорӣ, маърузаеро таҳти унвони “Китобхонаҳои деҳот: вазъи кунунӣ ва дурнамо” ироа намуд. Ш. Комилзода аз вазъи китобхонаҳо, мушкилоти таъминоти китоб дар китобхонаҳои деҳот фикру андешаҳояшро муфассал иброз намуд.
Мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ Шамсуддин Абдуллоев доир ба “Рушди муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар замони Истиқлол” маъруза ироа кард. Мавсуф масоили марбутаи муассисаҳои мазкурро дар мисоли қасру хонаҳои фарҳанг ва боғҳои марказӣ ҷӯё шуда, тариқи таҳлили масоили дахлдори соҳа ба мавзуъ ҳусни дигар бахшид. Аз ҷумла ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди баъзе камбудиҳо фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ин ноҳияҳо назаррас буда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани натиҷаи онҳо кўшиш ба харҷ додан лозим меояд. Вазъи биноҳои қасрҳои фарҳанг, хонаҳои фарҳангӣ, клубҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, аз ҷониби масъулин мавриди нигоҳубин ва таъмиру тармими пайваста қарор мегиранд.
Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ Исоев Қадриддин доир ба “Таҳаввули осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг дар замони муосир” суханронӣ намуд. Қ. Исоев зикр кард, ки аз пурсишномаҳои директорону кормандони осорхонаҳо маълум гардид, ки бо вуҷуди рушду тараққӣ фаъолияти осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинг аз нуқсону камбудиҳо ва мушкилоти ҳалталаб орӣ нестанд. Аз ҷумла, муҷаҳҳаз набудани осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг бо технологияи замони муосир аз қабили компютер, принтер, сканер, дастгоҳи наворбардорию аккосӣ ва ғайра; норасоии кадрҳои лаёқатманду сазовор ва содиқ; сатҳи пасти маош; васеъ ва муҷаҳҳазгардонии биноҳои осорхонаҳо ва ғайраҳо.
Умуман, аз таҳлилу баррасии маърузакунандагон муайян гардид, ки бо вуҷуди норасоиҳо, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда, соҳаи китобу китобдорӣ ва осорхонаву осорхонашиносӣ дар замони истиқлол рушду тараққӣ намудааст. Дар ин самт дар баробари камбудиҳо пешрафт низ ба назар мерасад, ки арзёбии дуҷониба ва эътирофи он мунсифона мебошад. Биноҳои осорхонаҳо аз нав бунёд мегарданд, таъмиру тармим мешаванд ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба онҳо бештар мегардад.
Дар бахши мубодилаи афкор д.и.ф., профессор Ҷумъаев Меҳроб, директори АМСРСБК – Хонаи Китоби Тоҷикистон Нодирзода Сайзароб, котиби масъули нашрияи “Минбари халқ” Акмал Акрамов, ходими пешбари шуъбаи санъатшиносӣ Мунаввари Сафар доир ба маърузаҳои баромадкунандагон ва мавзўи мизи гирд фикру ақидаҳояшонро баён намуданд.
Ғафуров Ҷамшед