АФСОНАИ ЯТИМДУХТАР ВА ПАЙДОИШИ УМОЧ
Чоп шуд: 09/12/2024Умоч яке аз навъҳои хӯроки муқаддаси маросими бибиён мебошад. Ба қавли баъзе занҳои куҳансол, умоч аз холаи Баҳовиддини Балогардони Нақшбанд (пири суфраи бибиҳо) Бибисешанбе, суфраи бибиҳо омадааст. Мартабаи ин хӯрок нисбати дигар навъи хӯрокҳои маҳаллӣ баландтар мебошад. Тибқи ақидаи мардум, ҳар як шахси мушкилдошта барои раҳоӣ аз он бо ихлос умоч пухта хайр намояд, мушкилаш осон ва кораш барормегирад...