Умоч яке аз навъҳои хӯроки муқаддаси маросими бибиён мебошад. Ба қавли баъзе занҳои куҳансол, умоч аз холаи Баҳовиддини Балогардони Нақшбанд (пири суфраи бибиҳо) Бибисешанбе, суфраи бибиҳо омадааст. Мартабаи ин хӯрок нисбати дигар навъи хӯрокҳои маҳаллӣ баландтар мебошад. Тибқи ақидаи мардум, ҳар як шахси мушкилдошта барои раҳоӣ аз он бо ихлос умоч пухта хайр намояд, мушкилаш осон ва кораш барормегирад. Ба гуфтаи занон, «ҳар касе, ки бо ихлос умоч кунаду аз Худованд талаб кунад, ҳазор мурод ҳосил ме-шаваду ҳазор бало дур». Ҳатто ҳангоми пухтан бояд шак ба кори кардаат накунӣ ва бо боварӣ тайёр карда шавад.
Роҷеъ ба пайдоиши таоми бибиён – умоч байни сокинони вилояти Суғд, водии Ҳисор ва қисман вилояти Хатлон афсонае маъмул мебошад, ки онро дарконтексти маросими Мушкилкушо ва Бибисешанбе нақл мекунанд. Мазмуни афсона чунин аст. «Як духтар аз модар ятим мемонад ва тарбияи минбаъдаи ӯ ба дасти модарандар вогузор мегардад. Модари угай ӯро бисёр азобу шиканҷа медиҳад. Ба ҳар гуна суханони ноҷо духтаракро санги маломат мезанад: “ятимча, бепаю қадам, бемуруват”.
Дар дасти духтарро говро барои ба чаро бурдан ва пахтаро барои тоза кардан медиҳаду ба саҳро раво-наш мекунад. Инчунин ба духтарак таъкид менамояд, ки то омадана гова сер куну пахтаро тоза карда баъд биё. Мутаассифона духтарак аз уҳдаи супориши модарандар баромада наметавонад. На гов аз алаф сер мешаваду на пахтаро ба пуррагӣ тоза менамояд. Модарандар ин вазъиятро дида духтаракро азоб медиҳад. Рӯзе духтарак аз ин аҳвол хаста шуда, ҳангоми пахтатозакунӣ ба фикр фурӯ рафта мемонад. Ногоҳ нигоҳ мекунад, ки говаш ба ҷониби ғор рафта истодааст. Мехоҳад говро гардонад, аммо гардонда наметавонад. Гов рафта-рафта, дар назди тахтасанге қарор мегирад. Вақте ки қарор мегирад духтарак ба назди гов меравад, мебинад, ки кампири нуроние дартоату ибодат нишастааст. Духтарак ба холаи Баҳовиддини Нақшбанд салом медиҳад. Духтаракро па-зироӣ мекунад ва аз ҳолу аҳволи ӯ мепурсад. Духтарак баробари қисса намудани саргузашти хеш гиря мекунад. Баъдан холаи Баҳовиддини Нақшбанд сарашро сила намуда мегӯяд, ки “зиқ нашав ҳар рӯз ба назди ман биё, ҳамин пахтаҳоро ба гови худат те, аз ақиб каловаи тайёр мегирӣ дар назди ман рӯзатро бегоҳ мекуниву баъдан ба хона меравӣ”.
Аз рӯи ҳамин маслиҳат духтарак ҳар рӯз ба назди бибӣ меравад. Гови ӯ сер гашта, шираш зиёд мешавад. Баъдан калобаҳои тайёрро гирифта ба хона мебарад. Модарандари духтар, дигар дар ҳаққи духтар ягон кам-будие намеёбад. Аз паи чӣ гуна дарёфти роҳи осонии кори духтар мешавад. Вазъиятро фаҳмида фармон медиҳад, ки говро кушанд. Духтарак аз кори модаран-дар огаҳӣ ёфта ба назди бибӣ меояд. Акнун говро меку-шанд, ман дигар ба назди шумо омада наметавонам. Дигар ғамҳои хешро ба кӣ мегӯяму хурсанд шуда меравам. Шиками гуруснаи худро дар назди Шумо сер мекардам. Дигар ба назди шумо омада наметавонам. Бибӣ мегӯяд, ки ғам нахур, вақте ки говро куштанд устухонҳои ӯро ги-рифта дар як ҷои покиза (банамоз) гӯр кун. Рӯзе меша-вад, ки ин ғамҳои ту ба давлати подшоҳӣ табдил меёбад. Духтарак меравад, аз байн якчанд вақт мегузарад, ки Акобир гуфтанӣ марди хирадманд тӯй мекунаду ҳамаи деҳро ба тӯйяш даъват менамояд. Ҳама пиру барно ба тӯй мераванд. Модарандараш духтарашро бо худ ба тӯйхона мебарад. Ятимдухтарро дуғу пӯписа зада, дар наз-даш гандуму ҷавро якҷоя карда, фармон медиҳад, ки то омаданаш аз ҳамдигар ҷудо кунад. Вақте ки духтарак баҷудо кардани гандуму ҷав овора мегардад, бо амри Худои таъоло мурғи хонагие пайдо мешавад, ки арзану ҷувории духтаракро ҷудо мекунад. Мушкилии духтарак осон мешавад. Духтарак фурсат меёбаду давдавон ба назди холаи Баҳовиддини Нақшбанд меравад. Мераваду салом дода аз устухонҳои гов гӯрондану ҳамаи аҳволи худ нақл мекунад. Модараму хоҳарам дар тӯй ҳастанд. Бибӣ ба духтар мегӯяд: мехоҳӣ ба тӯй равӣ? Духтар сарашро паст карда меистад. Хола ҳурони ғилмонибиҳиштро даъват мекунад, духтарро орову торо медиҳанд. Духтарак аз духтари подшоҳ камӣ надошт. Вақте дохили тӯйхона мегардад, Акобир худаш омада, духтаракро пешвоз мегирад. Духтарро аз ҳамаи меҳмо-нон болотар мешинонад. Вақте дохили тӯйхона мегар-дад, модарандару хоҳарашро дар пойгаҳи дар мебинад. Ин вазъиятро дида, духтарак гузаштаи хешро ба ёд овард. Модарандараш ҳамеша ӯро дар пойгаҳи дар ме-шинонду пасмондаи хӯроки худашу духтарашро ба ӯ ме-дод. Духтарак базмро тамошо карду барвақтар аз моин-дараш аз тӯйхона баромад. Духтарак ҳангоми дар роҳ омаданаш кафшаш аз пой меафтад. Ҳамин қадар кафшашро мекобад, намеёбад. Ба назди холаи Боҳовид-дини Нақшбанд омада либосҳояшро иваз карда, ли-босҳои поргинии худро пӯшида ба хонаашон меояд. Баъдан намози хуфтанро хонда, ба ҳаққи Бибӣ дуо карда, арвоҳи модарашро ёд мекунад. Сипас модаранда-раш омада, хӯрокҳои пасмондаашро ба духтар маҷбур мехӯронад. Пагоҳии барвақт сарбозон ҳамон кафшро меёбанду ба назди Акобир мебаранд. Дар зебогии кафш Акобир дар ҳайрат монда мегӯяд, ки соҳиби ҳамин кафш пир ё ҷавон бошад, онро ба занӣ мегирад. Деҳа ба деҳа мегарданд, кафш дар пои ҳеҷ кас бо амри Худо намеша-вад. Баъдан дар фалон ҷо духтаре ҳаст, гӯён макони духтарро ба сарбозон нишон медиҳанд. То сарбозон омадан рӯйи духтарро модарандараш сиёҳ карда, дар танӯр пинҳонаш менамояд. Модару духтар худашонро орову торо медиҳанд. Кафшро оварда, ба духтари моиндараш мепӯшонанд. Ҳарчанд модарандараш кӯшиш мекунад, кафш дар пои духтараш намеғунҷад. Бо амр ва ризогииХудо мурғи хонагӣ дар қум-қум медарояду худро ба танӯр мезанад. Дили сарбозон гувоҳӣ медиҳад, ки чизе дар он ҷо ҳаст. Вақте танӯрро мекушоянд, дар он ҷо аз пинҳон кардани духтарак огаҳӣ меёбанд. Он кафшро дар пои духтарак андоза мегиранд, ки мувофиқ меояд. Сарбозон рафта аз Акобир пайғом гирифта, ба ивазаш туҳфаҳои зиёд мегиранд. Акобир мувофиқи ваъдаи кар-дааш духтарро ба занӣ гирифта, чил шабу рӯз тӯй дода, мардумро сер мекунад.
Аз рӯйи гуфтаи холаи Баҳовиддини Нақшбанд, «ҳар касе агар бихоҳад шафоати маро, бихоҳад муроди маро, дар рӯзи сешанбеву чоршанбе дар чор кунҷи хона орд мемонӣ, аз ҳамон орд рафта як каф як каф орд мегирӣ, умоч мемолӣ, умочи бибиҳоро бо чапотиву кулча мепазӣ, муродат ҳосил мешавад». Духтарак дар хонаи Акобир дар чор гӯшааш орд монда мисли гуфтаи холаи Баҳовуддини Нақшбанд умоч ва чапотӣ пухт. Акобир ба назди деги духтарак омада, назар кард, ки дар дег хӯроки умоч пухта истодааст. Акобир дар ғазаб шуда гуфт: бинен ман дар давлати подшоҳиям, дар деги ман хӯроки фақирона мепазанд. Акобир ба ғазаб омада деги пухтаистодаро ҳавола дода, духтарро малол меку-над. Баъдан баромада ба саҳро меравад.
Акобир дар саҳро палаки ҳандала дошт. Сето ҳандала гирифта, аз ғазабаш мегардад. Ҳандалаҳоро ги-рифта, ба ҳамсарам мебараму аз дилаш мебарорам, гуфта меравад. Вақте ки аз сафар мегардад, аз хурҷинҳои Акобир хун мечакад. Дар ҳамин ҳолат сето писари под-шоҳ гум шуда буд. Сарбозон кушандаи шоҳбачаҳоро ме-кофтанд. Вақте ки Акобир омад ӯро тафтиш карданд, баамри Худои таъоло ҳарсеи ҳандала сари бачаҳои под-шоҳ шуда буд. Сарбозон кушандара ёфтем, гӯён ӯро дастгир мекунанд. Акобирро чунон азобаш доданд, ки сангсор намуда, аз деҳа ба деҳа, аз шаҳр ба шаҳр ва дар охир сари дор бурданд. Ба амри Худо Акобир илтимосу илтиҷо кард, ки ӯро ба назди бибии ҳамсараш баранд. Акобир ба назди бибӣ омад, ки занаш гиряву зорӣ дорад. Акобир ба бибӣ ҳамин таоме, ки ҳамсараш карда буд, хусусияти ҳамон таомро гӯед, вақте ки таомро рехтам, Худованд маро ба бало гирифтор кард. Бибиҷон, ман ба назди шумо омадам, то ин ки донам. Агар ман аз ҳамин балоҳо халос ёбам, 10 сар гӯсфандро сар мезанам, симу зару молу давлатамро хайр мекунам. Баъдан бибӣ ба Акобир мегӯяд, ки ба мо гӯсфанд сар назанед, мо бибием, ятимхолаи Баҳовиддини Валием. Агар роҳ ҷӯйӣ, роҳ бинамоем, давлат хоҳӣ, давлат намоем, бахтталаб бахт, фарзандтаб фарзанд, ҳазор му-род ҳосил шавад, ҳазор балоҳо дур шавад.
Ҳамин тариқ, Акобир гуфтаҳои бибиро амалӣ намуда, Бибисешанбегӣ мекунад. Вақте ки Акобир ме-равад тамоми одамон ӯро башоратгӯён пешвоз мегиранд. Бачаҳои подшоҳ соқу саломат ёфт мешаванд. Сар-бозон рафта, хурҷинро хабар мегиранд, ки дар хурҷин сето ҳандалак мебошад. Баъдан ин ривоятро Акобир ба сарбозон ва аҳли дарбор нақл мекунад. Баъди ин амал ба ихлос меоянду назру ниёз дода ба мақсадашон мерасанд».
Бояд ёдовар шуд, ки Бояд ёдовар шуд, ки то кунун маросими занонаи Мушкилкушо ва Бибӣ Сешанбегӣ дар байни занҳои тоҷик роиҷ аст. Асоси ин маросими қадимаро хайру садақа кардан ташкил медиҳад. Зане, ки дар оилаашон ягон мушкилӣ пеш омад, се-чор нафар кампирҳоро ба хона даъват карда, ба онҳо умоч пухта медиҳад ва ё як каф мавиз, ним пора фатирро тақсим мекунад. Дар давоми маросим афсонаи мазкурро яке аз занҳои солхӯрдаи табаррук нақл мекунад ва таъкид менамояд, ки хайру садақа ба ёди Бибӣ Мушкилкушо савоб аст.
Каримова Гулзира