Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, таҳаввул ёфтанд ва ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд ва ҳамагон медонем, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст. Сиёсати фарҳанг-парваронаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид. Ба бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, ки чунин таваҷҷуҳи созанда дар рушди ин соҳа саҳми назаррас гузошт.
Ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт аз ҷумлаи гушаҳои зебо-манзари диёр мебошанд, ки соҳаи фарҳанги онҳо мавриди ғамхории Пешвои Муаззами миллат ва Ҳукумати марказию маҳаллӣ, ҳамзамон соҳибкорони ватандӯсти кишвар қарор гирифта, дар даврони истиқлолият рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Пажуҳиш нишон медиҳад, ки дар ин ноҳияҳо 2 Қасри фарҳанг, 15 хонаи фарҳангӣ, 4 клуб, 4 боғ, 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба истиснои осорхонаҳои хурду бузурги дигар ва 59 китобхона фаъолият мекунанд.
Бо вуҷуди баъзе камбудиҳо фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ин ноҳияҳо назаррас буда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани натиҷаи онҳо кушиш ба харҷ додан лозим меояд. Вазъи биноҳои қасрҳои фарҳанг, хонаҳои фарҳангӣ, клубҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва майдонҳои боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, аз ҷониби масъулин мавриди нигоҳубин ва таъмиру тармими пайваста қарор мегиранд.
Бинои наву замонавии Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод аз нав, бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои Муаззами миллат расман 12 сентябри соли 2024 ифтитоҳ гардида, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бошад соли 1983 бунёд ёфта, аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Чандин маротиба таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардидааст. Аз мушоҳидаҳо ва пурсишҳои сотсиологӣ маълум гардид, ки бинои Қасри фарҳанги н. Тоҷикобод пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бинои Қасри фарҳанги н. Рашт таъмирталаб аст, аммо толори бузургу барҳавои намоишиаш, ки соли 2016 аз таъмир бароварда шудааст, пурра ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Имрӯз дар кохҳои фарҳангии ин ноҳияҳо барномаҳои консертӣ, намоишномаҳои театрикунонидашуда, маҳфилҳои эҷодӣ, маҳфилҳои худфаъолияти бадеӣ, шабҳои эҷодӣ, шабҳои базму суруд ва ғайра ба таври доимӣ барпо карда мешаванд, ки дар тараққии соҳаи фарҳанги маҳал бетаъсир нестанд. Дар шароити рушди воситаҳои технологӣ қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои мазкур қисман бо технологияи замони муосир муҷаҳҳаз буда, соҳиби компютер, принтер, прожектор, сканер, баландгӯяк, чароғҳои ранга, воситаҳои ороишии саҳнавӣ мебошанд.
Фаъолияти хонаҳои фарҳангии н. Тоҷикобод ва н. Рашт дар ҳолати хуб қарор дошта, дар онҳо шароит фароҳам аст. Бо созу лавозимоти мусиқӣ таъминанд ва пайваста чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро ба роҳ мемонанд. Нуқсон дар он аст, ки на ҳама хонаҳои фарҳангии н. Рашт бинои алоҳидаи ба худ хос доранд ва айни ҳол онҳо дар биноҳои ҷамоатҳои деҳот ҷой дода шудаанд. Осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ин ноҳияҳо дар маҷмӯъ фаъоланд, ҳамеша дари онҳо ба рӯи тамошобинон боз аст. Онҳо бо теъдоди 524 ва 700 экспанат ва ё нигораҳои таърихӣ, ки давраҳои биринҷ, оҳан, асримиёнагӣ, нав ва соҳибистиқлолиро дар бар мегиранд, амал намуда, ҳамасола аз 1000 то 3000 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ва умуман дӯстдорону ҳаводорони осорхона аз онҳо дидан менамоянд.
Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои мазкур бо шароити муосир фароҳам буда, дар н. Тоҷикобод 600 адад дарахтони сояафкан, аз ин 120 адад дарахтони мевадор мавҷуд буда, 30 дарсади онро гулҳои ороишӣ ташкил медиҳанд. Шумораи арғунчаку чархофалакҳо ба 3 адад мерасанд, илова бар ин таҷҳизоти дилхушиву фароғатӣ барои кӯдакон насб гардидааст. Ҳамзамон 6 адад чароғакҳои ранга майдон ва атрофи боғро равшанӣ бахшида, ба он зиннати махсус ато мекунанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии н. Рашт 5 адад арғунчакҳо, 1033 адад дарахтони сояафкан, 3 адад мевадор мавҷуд буда, 35 дарсади боғро гулҳои ороишӣ иҳота мекунанд. Дар боғҳои мазкур чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии Рӯзи модарон, иди Наврӯз, рӯзи Ғалаба, ҷашни Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президент ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Бо вуҷуди фаъолияти пайваста ва назаррас, боғҳо аз камбудӣ орӣ буда наметавонанд. Аз ҷумла мавҷуд набудани воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер, принтер, сканер, воситаҳои тақвияти садо, воситаҳои ороишии саҳна, нақлиёти хизматрасонӣ ва ғайра. Ба саволи он, ки “Барои беҳтар намудани фаъолияти боғ кадом монеаҳо вуҷуд дорад?”, ҷавоб гуфтанд, ки нарасидани мутахассисони касбӣ, нарасидани маблағҳои зарурӣ ва маоши кам, набудани оби нӯшокӣ, иншооти ёрирасон, ва воситаҳои равшаноидиҳанда аз ҷумлаи ин камбудиҳоанд.
Муассисаҳои муҳими дигари соҳаи фарҳанг ин Китобхонаҳо маҳсуб меёбанд, ки фаъолияти онҳо дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ҳолати рушду тараққӣ қарор доранд. Имрӯз онҳо ба давлатию хусусӣ ҷудо гардида, теъдоди онҳо ба 59 мерасад. 15 адад дар н. Тоҷикобод ва 44 адад дар н. Рашт бо фонди умумии 187298 адад китоб амал мекунанд. Китобхонаи марказии бахши фарҳанги н. Рашт бо теъдоди 11795, китобхонаи бачагона бо теъдоди 10123 ва китобхонаҳои сатҳи деҳот бо теъдоди 124602 нусха китоб гардиш доранд. Шумораи хонандагони китобхонаи марказӣ дар як сол ба 1560 ва дар китобхонаи бачагонаи бахши фарҳанг 790, дар маҷмӯъ хонандагони китобхонаҳои н. Рашт дар давоми як сол ба 12984 мерасад. Дар китобхонаҳои н. Рашт дар 2 соли охир вобаста ба санаҳои сиёсию фарҳангӣ 21 ҳамоиш-конференсияи илмӣ-амалӣ, 2 семинари омӯзишӣ, 2 конференсияи илмӣ-амалӣ, 5 озмуни хурд дар мавзуъҳои қироати шеъри беҳтарин дар васфи модар, иншои озод дар мавзӯъҳои “Тоҷикистон – Ватани Наврӯз аст” ва “Ман аскари туам Ватан” дар китобхонаи бачагона ва дар китобхонаҳои деҳот 21 адад конференсия ва 20 адад озмунҳои хурд гузаронида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаҳои фарҳангӣ барои зиннату зебоӣ, нишон додани ҳашамат, афзудани теъдоди онҳо ва ҳисоботи хушку холӣ набуда, балки дар пайи рисолати созанда ва ҳадафҳои олианд, ки пайи амалӣ сохтани онҳо бештар кӯшидан ба манфиати кор аст. Хусусан дар замони ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми (ҳуҷуми) фарҳангҳо ва хатарҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризму экстремизм, нақши онҳо боз ҳам муҳимтар мегардад. Чунки фарҳанги миллӣ бо тамоми аносираш (унсураш) неруи созанда дошта, аз ҷумлаи рисолатҳои аҳамиятнокаш ҳифзи мардум, хусусан ҷавонон аз хатарҳои замони муосир мебошад. Рисолати барномаҳои созандаи муассисаҳои фарҳангӣ дар замони муосир вусъат ёфта, ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сокинони маҳал дахл мекунад. Ҳалли мушкилоту проблемаҳои фардию оилавӣ ва ислоҳи хулқу атвори сокинон яке аз вазифаҳои муассасоти (муассисаҳои) фарҳангӣ ба шумор рафта, фаъолият дар ин самт бояд ҷоннок карда шавад. Худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, эътирофи таърихи куҳани миллат, пур сохтани майнаҳои тиҳӣ (холӣ), нигоҳ доштани афкору ақоиди саҳеҳу дурусти мардум, хусусан ҷавонон ба барномаҳои ҳадафнок ва махсус тарҳрезигардидаи театру синамо, қасрҳову хонаҳои фарҳангӣ рабт дорад.
Дар умум аз мушоҳидаҳо ва таҳқиқу баррасии натиҷаи сафари таҳқиқию пажуҳишии кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки ба ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт равона гардида буд, маълум шуд, ки вазъу ҳолати кунунии биноҳои муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои мазкур дар ҳоли хуб ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ қарор доранд. Фаъолияти онҳо ба андозаи муайян ва чашмрас ба роҳ монда шуда, дар самти таъсиррасонӣ ба фарҳангу маънавиёти сокинонони маҳал ва умуман мардуми кишвар таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин лиҳоз баҳои мунсифона он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳангии ноҳияҳои мазкур тараққӣ намуда, аз нуқсону камбудиҳо дида, рушду равнақи онҳо бештар ба назар мерасад. Бештар гардидани таваҷҷуҳи сокинони маҳал ба муассисаҳои фарҳангӣ, барпо гардидани чораҳои фарҳангию фароғатӣ, афзудани зоирони дохилию хориҷии осорхонаҳо, бештар гардидани таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ ва дар маҷмӯъ бунёд ёфтан ва афзудани теъдоди муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи ноҳияҳои мазкур баёнгари тараққии ин соҳа буда метавонанд. Бо вуҷуди он дар ҳеҷ гуна зарфият (замон) наметавон аз камбудиҳои ҷойдоштаи ин соҳа, ки қисман дар боло зикр гардид, чашм пӯшид ва сарфи назар кард, ки таҳлилу баррасӣ ва ҳалли онҳо бегумон омили рушду равнақи бозҳам бештари соҳаи мазкур хоҳанд гардид.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ
И.в. мудири шуъбаи фаъолияти
иҷтимоӣ-фарҳангӣ.