Таҳаввули осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг дар замони истиқлол

Рушд ва таҳаввули осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон асосан ба даврони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз дар ин ноҳия 5 осорхонаи давлативу хусусӣ фаъолият мекунад. Гарчанде осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ соли 1982, осорхонаи ба номи Восеъ соли 1988, осорхона-ҳунаристони хусусии Усто Ғулом Қодиров соли 1979 дар замони Шӯравӣ таъсис ёфтаанд, аммо биноҳои онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав бунёд карда шудаанд. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат биноҳои наву замонавии осорхонаи ба номи Восеъ 7-уми августи соли 2019 ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ 20-уми июни соли 2023 расман ифтитоҳ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Осорхона-ҳунаристони Усто Ғулом низ дар замони соҳибистиқлолӣ тағйири макон намуда, бо ташаббуси соҳибкорон ва фарзандонаш дар ду ошёна аз нав бунёд гардидааст. Соли 2006 китобхона-осорхонаи шоир Ҳабибулло Файзулло дар ду ошёна ва соли 2021 дар маркази ноҳия бинои наву замонавии Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ дар ду ошёна бунёд карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон доданд, ки дар даҳсолаи ахири истиқлолият таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ, хусусан сокинони маҳаллӣ ба осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг зиёд шудааст. Дар нуҳ моҳи соли 2024, 5600 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 5766 нафар аз Осорхонаи ба номи Восеъ, 4000 нафар аз Китобхона-осорхонаи Ҳабибулло Файзулло 3800 нафар аз Хонамузейи Ҷӯрабек Назрӣ, зиёда аз 600 нафар аз Осорхона-ҳунаристони Усто Ғулом дидан намудаанд, ки ин теъдод кӯдакону наврасон, ҷавонону калонсолон ва сайёҳони хориҷиро ташкил медиҳад.  

Теъдоди экспанатҳои осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг низ афзоиш ёфта, дар онҳо нигораҳои таърихан куҳан то имрӯз маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ имрӯз зиёда аз 4100 нигора, дар Осорхонаи ба номи Восеъ 2496 нигора, дар Китобхона-осорхонаи Ҳабибулло Файзулло 2500 китоб ва 317 нигора, дар Осорхонаи Ҷӯрабек Назрӣ 600 нигора ва дар Осорхона-ҳунаристони Усто Ғулом Қодиров 366 нигора маҳфузанд, ки давраҳои асри санг, полеолити поён, миёна, болоӣ, мезолит, неолит, давраи биринҷ, оҳан, антиқа, асримиёнагӣ, давраи нав ва соҳибистиқлолиро дар бар мегиранд.

Саҳми наслҳои калонсол ва собиқадорони илму фарҳанг фаъолияти осорхонаҳои ноҳияи Ховалингро пурсамар намуда, нуфузу таъсири онҳоро бештар кардааст. Ба монанди Амирхон Саидзода, Камолов Раҷабалӣ, Сайидтоҷов Муҳсиддин, Ғуломов Саидислом ва ғайра, ки дар осорхонаҳои ноҳия вазифаи роҳбариро ба дӯш дошта, таҷрибаи кории зиёд доранд. Онҳо воқеаҳои бисёри замони худро шоҳид гардида, дар таъсиси осорхонаҳо ва пайдо намудани нигораҳову бозёфтҳои таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Бо талошу кӯшишҳои Амирхон Саидзода роҳбари Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ осорхонаи мазкур соли 1982 дар назди мактаб таъсис ёфта, бисёре аз нигораҳои таърихӣ бозёфт ва ҳифз гардидааст. Қисмате аз бозёфтҳои таърихӣ, аз ҷумла ахгарҳои гулхани Восеъ бо кӯшиши Камолов Раҷабалӣ, корманди собиқадор ба осорхонаи Восеъ оварда шудааст. Сайидтоҷов Муҳсиддин роҳбарии осорхона-китобхонаи Ҳабибулло Файзуллоро ба дӯш дорад, ки аз наздикони шоири маъруф ва ҳамзамонони ӯ буда, шахси фарҳангӣ, донишманд мебошад. Дар муаррифии ашёи осорхона мушкилӣ намекашад ва таърихи гузаштаи шоирро бо баёни ашъори ӯ хуб иброз мекунад. Ба таври мушаххасу фаҳмо ва бидуни дудилагиву таваққуф сухан мегӯяд. Масъулияти Осорхона-ҳунаристони Усто Ғулом бошад, ба дӯши писари эшон Саидислом Қодиров вогузор гардидааст, ки ӯ ҷойгузини падар буда, ҳунари асили ӯро зинда медорад. Бо вуҷуди баъзе нафарони тасодуфӣ дар осорхонаҳои ноҳия, ағлабияти эшон кормандони тахассусӣ буда, хусусан роҳбарони осорхонаҳо таҷрибаи ғанӣ доранд.

Аз пурсишҳои директорону кормандони осорхонаҳо дарк гардид, ки бо вуҷуди рушду тараққӣ фаъолияти осорхонаҳо дар ноҳияи Ховалинг аз нуқсону камбудиҳо ва мушкилоти ҳалталаб орӣ нестанд. Аз ҷумла:

  • муҷаҳҳаз набудани осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг бо технологияи замони муосир, аз қабили компютер, принтер, сканер, дастгоҳи наворбардорию аккосӣ ва ғайра;
  • борҳо баъзе директорони осорхонаҳо вобаста ба ҳалли ин мушкилӣ (Амирхон Саидзода) тариқи мактубҳои расмӣ ба маќомоти дахлдор муроҷиат намудаанд, аммо дархостҳо натиҷа надодааст.
  • норасоии кадрҳои лаёқатманду сазовор ва содиқ барои хидмат аз камбудиҳои дигар дар соҳаи осорхона мебошад;

Ба андешаи роҳбарони осорхонаҳо замони сармоядорӣ ва мушкилоти дигари зиндагӣ боис гардидааст, ки таваҷҷуҳи баъзе ҷавононро кору фаъолият дар осорхона ҷалб намекунад. Аксари ҷавонон пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо барои касби рӯзӣ дар кишвар корҳои ғайритахассусиро интихоб менамоянд ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

  • сатҳи пасти маош дар ин самт камбудии дигар мебошад;

Ба гуфти роҳбарони осорхонаҳо маоши корманди осорхона ба 800 сомонӣ мерасад, ки дар замони имрӯзӣ маблағи ночиз маҳсуб гардида, ин омил боиси дилсардии мутахассисони ҷавон мегардад.

  • дар раванди рушди бесобиқа ва тараққиёти замони муосир биноҳои баъзе осорхонаҳо боз ҳам тавсеа ва фарохиро талаб менамоянд.
  • ҷуд будани теъдоди зиёди нигораҳо ва рӯз аз рӯз изофа ёфтани онҳо макони васеу фарохтарро талаб менамоянд. Макони тангтар ва ҷой додани нигораҳо ба таври зич муаррифии осори гаронарзиши таърихро мушкил мегардонанд.  

Аз ин лиҳоз барои бозҳам рушду равнақ бахшидан ва самаранок намудани фаъолияти осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг роҳбарони осорхонаҳо чунин пешниҳодот намуданд:

  1. Биноҳои осорхонаҳо ҷавобгӯ ба талаботи осорхонашиносӣ бунёд карда шаванд;
  2. Воситаҳои техникии ҳозиразамон дар осорхонаҳо таъмин карда шуда, барномаи махсуси компютеркунонии осорхонаҳо амалӣ шавад;
  3. Дар донишкадаҳои дахлдор мутахассисони болаёқату ватандӯст тарбия карда шаванд;
  4. Маоши кормандони осорхонаҳо баланд бардошта шавад;
  5. Масъулон ва кормандони Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (оид ба маънавиёт), мудирони шӯъбаҳои маънавиёту фарҳанг аз курсҳои осорхонашиносӣ гузаронида шаванд;
  6. Аз рӯи дастоварду хизматҳои арзишманд, ба кормандони осорхонаҳо баҳои баланди илмӣ дода шавад ва чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба роҳ монда шаванд;
  7. Корҳои илмӣ дар самти осорхонашиносӣ ҷоннок карда шаванд;
  8. Барои муайян намудани дараҷаи таъсиррасонии осорхонаҳо ба маънавиёти сокинон аз усули назарпурсии инфиродӣ истифода шавад ва бо ин васила дараҷаи таъсирпазирӣ.

 

Умуман аз мушоҳидаҳо дида мешавад, ки бо вуҷуди норасоиҳо, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда, соҳаи осорхонаву осорхонашиносии ноҳияи Ховалинг дар замони истиқлолият рушду тараққӣ намудааст. Дар ин самт аз таназзул дида тараққӣ бештар аст, ки арзёбии дуҷониба ва эътирофи он мунсифона мебошад. Биноҳои осорхонаҳо аз нав бунёд мегарданд, таъмиру тармим мешаванд ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба онҳо бештар мегардад. Муқоисаҳо баёнгари онанд, ки теъдоди зоирон ва мушоҳидони осорхонаҳо сол то сол зиёд мегардад, ки ин омил таконбахши соҳа гардидааст.  

Исоев Қадридин Абдурауфович,

ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии

фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

барчасп: