Боғҳо

Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ чӣ ҳол доранд?

Тибқи талаботи банди 23 протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2018,  №12 ва фармоиши директори ПИТФИ аз 12 апрели соли 2019, № 19 бо мақсади санҷиши вазъи фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бартараф  кардани камбудиҳои ҷойдошта, таъмиру тармим, азнавсозӣ ва ободу зебо кардани боғҳои амалкунанда, инчунин бунёди боғҳои нав гурўҳҳои корӣ дар ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тафтиш карда шуд.

барчасп: 

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти

Боғи давлатии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Исфара рушд мехоҳад

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015 теъдодаш 5 адад афзудааст. Аз ин шумора, дар вилояти Хатлон 19 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дар вилояти Суғд 13, дар ВМКБ 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ  дар шаҳри Хоруғ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Роғун, Рашт боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият менамоянд.

барчасп: 

БОҒИ БА НОМИ РӮДАКӢ-САРСАБЗТАРИН БОҒИ ИСТИРОҲАТИИ КИШВАР

Боғи ба номи устод Рӯдакӣ нахустин боғи фарҳангию фароғатии Тоҷикистон, ки соли 1932 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Масоҳати он 18, 3 гектар мебошад.
Ин боғ аз замони бунёдаш то ба ин дам чанд маротиба тағйири ном кардааст. Аз соли 1933 ба номи Ленин буд. Баъди истиқлолият, дар соли 1994 он Боғи марказии фарҳангу фароғат номида шуд. Соли 2008 Боғи истироҳати ба номи Устод Рӯдакӣ ном гирифт.

барчасп: