Боғи ба номи устод Рӯдакӣ нахустин боғи фарҳангию фароғатии Тоҷикистон, ки соли 1932 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Масоҳати он 18, 3 гектар мебошад.
Ин боғ аз замони бунёдаш то ба ин дам чанд маротиба тағйири ном кардааст. Аз соли 1933 ба номи Ленин буд. Баъди истиқлолият, дар соли 1994 он Боғи марказии фарҳангу фароғат номида шуд. Соли 2008 Боғи истироҳати ба номи Устод Рӯдакӣ ном гирифт.
Дар замони Шӯравӣ ин боғ толори хониш, стансияи техникҳои ҷавон, хонаи варзиш, кинотеатри тобистона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол, гӯштин ва ғайра дошт.
Ҳамзамон дар он дастаҳои драмаву хор ва мусиқиву рақс ҳунарнамоӣ мекарданд. Театри тобистона дошт, ки дар саҳнаи он гурӯҳҳои ҳунарӣ аз пойтахт, вилоятҳо, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ консертҳо намоиш медоданд; донишмандону шахсиятҳои маъруф бо мардум мулоқот мекарданд. Бахусус, рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба макони аслии баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ табдил мешуд, беҳтарин сарояндагон ва шоирони маъруфи кишвар маҳз дар ҳаммин боғ шеъру таронасароӣ мекарданд. Он замон боғ 7, 5 гектар масоҳат дошт.
Соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуд ва ба як истироҳатгоҳи сарсабзу гуворо бадал гашт. Ҳоло он дорои 1840 бех дарахтони ороишӣ, 4105 м2 гулгаштҳо, 8661 м2 чаманзор, 42667 м2 роҳраву ҷодаҳо мебошад.
Дар маркази Боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ, мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд.
Дар Боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора эъмор шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.