Тибқи маълумотҳои оморӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015 теъдодаш 5 адад афзудааст. Аз ин шумора, дар вилояти Хатлон 19 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дар вилояти Суғд 13, дар ВМКБ 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Роғун, Рашт боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият менамоянд.
Боғ, яке аз муассисаи фарҳангӣ буда, мақсад аз фаъолияти он фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қонеъ гардонидани ҳарчи бештари ниёзҳои маънавӣ ва зебоиписандии аҳолӣ, ташкили самарабахши истироҳату фароғатӣ аҳолӣ, такомули фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии шаҳрвандон мебошад. Инчунин, таъмини муҳити зист, ҳамчун ҳудуди табиии шаҳрсозӣ, ба хотири фароҳамсозии фазои боҳаловати равонӣ ва экологӣ барои сокинону меҳмонони маҳал, ҳифз ва барқарорсозии низоми экологӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015 теъдодаш 5 адад афзудааст. Аз ин шумора, дар вилояти Хатлон 19 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дар вилояти Суғд 13, дар ВМКБ 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияи Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Роғун, Рашт боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият менамоянд.
Мо бо мақсади омӯзиш ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ба боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Исфара сафар намудем. Дар натиҷаи тадқиқот ва сӯҳбату мушоҳидаҳо маълум гардид, ки вазъи боғ на танҳо хуб нест, балки дар қиёс ба солҳои пеш симои он хеле кам тағйир ёфтааст.
Таърихи таъсисёбии Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шаҳри Исфара ба соли 1952 рост омада, аз соли 2002 ҳамчун муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ- фароғатӣ ба номи Сайфи Исфарангӣ фаъолият дорад, ки масоҳаташ 6,3 га-ро ташкил медиҳад. Аз соли 2009 ҳамчун муассисаи худмаблағгузор ба қайд гирифта шуда, субъекти мустақили хоҷагидор ба ҳисоб меравад ва дорои идораи маъмурӣ, гармхона, толорҳои шоҳмотбозӣ, гӯштин, бозиҳои компютерӣ, фаввора, ду толори консертӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, чархофалак ва атраксионҳо буд, вале соли 2014, 8 нуқтаи хизматрасонии муассиса аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи шаҳр фурухта шуда, 8 нуқтаи чархофалакҳо ба иҷора дода шудааст, ки ба даромади муассиса зарари зиёд мерасонад. Тибқи омори ироашуда зарари он танҳо дар соли 2014, 60-ҳазор сомониро ташкил додааст. Гузашта аз ин, нуқтаҳои ба иҷора гирифта шуда, маблағи қувваи барқ, оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои коммуналиро партохт намекунанд. Новобаста аз мактуби директори муассиса ба раиси шаҳри Исфара таҳти рақами №31, аз 19-ноябри соли 2015 дар бораи бекор кардани шартномаи нуқтаҳои ба иҷора дода шуда, ин масъала бенатиҷа мондааст.
Бояд зикр кард, ки муассисаи давлатии боғи фарҳанг ва фароғатӣ ба номи Сайфи Исфарангӣ дар гузашта, яке аз муассисаҳои беҳтарин дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, муваффақиятҳои он борҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардида, фаъолияти гулбоғ ҳамчун намуна ба дигар боғҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуда буд.
22 нуқтаи хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди он фаъолият менамуданд имкон медод, ки маъмурияти боғ дар масъалаи даромаднокӣ ва ободу зебо гардонидани ҳудуди он пурра машғул бошад. Давоми солҳои гузашта, дар гулбоғ бригадаи махсуси кабудизоркунӣ фаъолият мекард, ки маоши онҳо аз ҳисоби даромади боғ пардохт мегардид. Имрӯз ҳолати молиявии муассиса коста гардида, муфлисшавии муассиса аз эҳтимол дур нест.
Фаъолияти муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи С. Исфарангӣ мавсимӣ буда, ҳамасола аз моҳи март то ноябр фаъолият менамояд. Дар муассиса 22-нафар кормандон фаъолият дорад, ки аз онҳо 4-нафар зан ва 18-нафар мард. Шумораи атраксионҳо 13 адад буда, аз ин шумора 7 тояш фаъолият мекунад, 1 га замин барои нигоҳубини гулҳои ороишӣ мутобиқ карда шудааст.
Шумораи умумии дарахтон ба 850 адад мерасад, ки аз ин шумора 10 бех мевадор, 840 бех бемева мебошад.
Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди муассиса фаввора фаъолият мекунад, ки дар мавсими тобистон барои фароғати шаҳрвандон хизмат мерасонад ва солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда, нигоҳ доштани он низ ба муассиса бори гарон шудааст, зеро ҳавзаи ҷамъоварии оби фаввора барои фаъолияти мунтазам аз 1200 метри мураббаъ иборат мебошад ва моҳе се маротиба бинобар ғализ шудани об иваз карда мешавад. Иқтидори пойгоҳҳои обкашиаш аз 60 кв соат иборат буда, моҳе барои нигоҳ доштани фаввора 10 000 сомонӣ маблағ масраф мешавад, ки ин албатта ба ҳолати молиявии гулбоғ таъсир мерасонад ва ин аз маҳдуд будани имкониятҳои молиявии боғ вобаста мебошад.
Ҳамасола бо супориши мақомоти иҷроия барои омодагӣ ба мавсими баҳорона дар арафаи ҷашни Наврӯз корхонаю ташкилотҳо барои таъмиру азнавсозӣ вобаста карда мешуданд, ки мутаасифона таи, ду соли охир ин анъана низ аз байн рафт.
Новобаста аз мушкилиҳо муассиса барои дар сатҳи баланд таҷлили намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи Парчаму Нишонӣ давлатӣ ва ғайра нақшаи чорабиниҳоро бо кӯмаку дастгирии раиси шаҳр тасдиқ намуда, баргузор менамояд. Инчунин, бо мақсади қонеъ гардонидани ниёзи маънавии шаҳрвандон ва дар ин замина баҳри баланд бадоштани тарбияи ватанпарастӣ, хештаншиносии ҷавонон чорабиниҳо мегузаронад. Илова бар ин ҳар шоми чоршанбе “Шаби рақс” ташкил карда шудааст, ки шумораи зиёди иштирокчиёнро дарбар мегирад.
Дар асоси “Барномаи давлатии рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017” барои ободонии гулбоғ ва харидани чархофалакҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст, ки мутасифона, бинобар бӯҳрони иқтисодӣ ин лоиҳа амалӣ нашуда истодааст.
Ин аст, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мунтазами боғ бо пешниҳоди маъмурияти муассиса ва таҳлили ҳолати кунунии муассисаи давлатии боғи фарҳанг ва фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ ба чунин хулоса омадем:
- ба воситаи бахши фарҳанг аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нигоҳ доштани 7-адад басти корӣ, роҳбари муссиса, 1 хазинадор, 1 посбон, 2 рӯбанда, 2 коргари бригадаи кабудизоркунӣ, барои ҳамеша дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани гулбоғ, парвариши саривақтии гулҳо ва дарахтҳои ороишӣ ва сарсабз нигоҳ доштани тамоми ҳудуди боғ ва 1 га заминҳое, ки барои нигоҳубини гулҳои ороишӣ мутобиқ карда шудаанд;
- аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нигоҳ доштани фаввораи муассиса, ё ин ки ба муассиса баргардонидани 8 нуқтаи ба иҷора додашуда аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, ки таҳлили солҳои пешин нишон медиҳад муассиса барои нигаҳдории фаввора имкон пайдо менамояд.
- барои дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани ҳудуди боғ аз сагҳои дайду, шахсони майзада ва ҳолати бехатарии он дар даромадгоҳи боғ дарвозаи устувор ва аз ҷиҳати меъморӣ ҷавобгӯ зарур аст, ки маблағи он бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ пардохт карда шавад.
С. Мирзоева
Х. Муминова