Тибқи талаботи банди 23 протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2018, №12 ва фармоиши директори ПИТФИ аз 12 апрели соли 2019, № 19 бо мақсади санҷиши вазъи фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, таъмиру тармим, азнавсозӣ ва ободу зебо кардани боғҳои амалкунанда, инчунин бунёди боғҳои нав гурўҳҳои корӣ дар ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тафтиш карда шуд.
Оид ба вазъи боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва Рўдакӣ аз 15 то 20-уми апрели соли 2019 бо иштироки Наботова Зебо сармутахассиси раёсати илму маърифати Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аттоев Шодрўз – ходими калони илмиии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ фарҳангии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» санҷиш гузаронида шуд.
Нахуст аз шаҳриТурсунзода, ки дорои 1 боғи фарҳагӣ-фароғатӣ ва 3 адад гулгашт мебошад дидан намудем:
Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Турсунзода
Ин боғ соли 1947 таъсис ёфта, дар масоҳати 4,5 га сохта шудааст. Шумораи умумии кормандон, аз ҷумла бо маълумоти олии тахассусӣ, олии умумӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ, занон ва мардон, инчунин шумораи ҷойи кори холӣ (вакант) бо пешниҳоди ҳисоботи омории кадриро дорост. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Турсунзода шумораи кормандон 15 нафар, аз ҷумла бо маълумоти олии умумӣ 3 нафар, миёнаи махсус 1 нафар, миёнаи умумӣ 11 нафар, 7 нафар занон ва 8 нафар мардон мебошанд. Вазъи боғи фарҳангию фароғатӣ бо нишон додани шумораи арғунчаку чархофалак 31 адад, лимпопо 2 адад, муҷассама 1 адад, нимпайкара 1 адад, лавҳаҳо 60 адад, курсиҳои нишасти замонавӣ 17 адад, нуқтаи радиошунавонӣ 1 адад ва дарахтони гуногуни мевадиҳандаву ороиширо дорост. Аз соли 2018 дар боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳри Турсунзода корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, то ҳол идома дорад. Боғи мазкур дар маҷмўъ 2810 метри мураббаъ буда, давоми семоҳаи аввали соли 2019-ум 900 метри квадратӣ роҳравҳо сафолпўш гардиданд. То ин давра 13 адад ҷароғҳои равшанидиҳандаи замонавӣ гузошта шудааст. Дар ҳудуди боғ биноҳои «Кохи «Дўстӣ», хонаи фарҳанг, бахши бойгонӣ, Раёсати омор, чойхонаи миллӣ, ошхонаи миллӣ, мағозаи «Мебел» ҷойгиранд. Айни замон дар дохили боғ амфитеатр, саҳнаи баргузории чорабинӣ ва майдончаҳои рақсӣ мавҷуд нест, аммо ба нақша гирифта шудааст. Шумораи омаду рафт дар боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳри Турсунзода бемаҳдуд аст. Камераҳои назоратӣ дар боғ вуҷуд надорад. Дар боғи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои «Амфитеатр» бо 547 ҷойи нишаст ва сохтмони бинои Муасссисаи давлатиии мактаби кўдаконаи санъати шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Носирҷон Маъсумӣ ноҳияи Шаҳринав
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Шаҳринав соли 1950 бунёд гардида, масоҳати умумиаш 1 (як) гектар буда, дар асоси қарори раиси ноҳия аз 7 сентябри соли 2014, №191 дар тавозуни шубаи фарҳанг қарор дорад. Нигоҳубини боғи мазкур ба ўҳдаи муассисаи комуналӣ вогузор карда шудааст. Айни ҳол аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодуров Беҳрўз дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ 1 чархофалак, 7 адад арғунчакҳо, лимпопо, атраксионҳо сохта шуда истодааст. Соли 2018 бо дастгирии ходимони дин боғи мазкур ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ бо сангҳои ороишӣ (брусчатка) оро дода шуд. Инчунин ҷиҳати корҳои ободонӣ дар соли 2018, 126 адад гулҳо, 20 адад нишастгоҳ, 20 адад фурўзонакҳо ва 22 адад шиору овезаҳои ҷашнӣ насб карда шудаанд. Дар дохили боғ ҳайкали В.И.Ленин, муҷассамаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад», нимпайкараи Носирҷон Маъсумӣ, 10 адад курсиҳои нишаст ва 1ошхона 1 суратгирхона 1 боғчаи бачагонаи шахсӣ, ҳамчунин саҳнаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ вуҷўд дорад. Дар боғ 5 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст, 1 адад таҷҳизоти техникии зидди сўхтор мавҷуд аст. Таъмир ва тармими боғ дар нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳо боғи фарҳангию фароғатии ба номи М. Турсунзода дар масоҳати 2 га бунёд гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия дар арафаи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Ҳисор
Дар шаҳри Ҳисор 1 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар масоҳати 3,7 га мавҷуд буда, аз соли 2012 фаъолият менамояд. Боғ дар тавозуни бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор қарор дорад. Дар боғ 5 нафар фаъолият доранд, ки аз ин 2 нафар дорои маълумоти тахассусӣ ва 3 нафар дорои маълумоти миёна мебошанд. Боғи мазкур 42 адад атраксионҳо, 2 адад чархофалак 2 адад лимпопо, қасри варзишии «Авитсенна», муҷассамаи «Модар», муҷассамаи Ҳабибулло Назаров, 20 адад курсиҳои нишаст, радиои маҳаллӣ ва майдончаҳои гуногун барои бозиҳои бачагона мебошад. Дар соли 2018 ва се моҳи аввали соли 2019 дар ҳудуди боғ 28 адад арча, 32 адад дарахтони сояафкан, зиёда аз 5000 гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шуда, 20 адад курсиҳои нишаст насб гардидааст ва зиёда аз 300 метр роҳрав чароғон карда, 100 метр роҳравҳо сангпўш шудааст. Дар ҳудуди боғ Кохи фарҳанг, шуъбаи рассомии мактаби мусиқӣ ва ошхонаи Меҳргон ҷойгир аст. Дар дохили боғ саҳнаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва 4 адад камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Бояд қайд намуд, ки бахшида ба 3000 солагии Ҳисор дар 20 га замин таъсиси боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар назди чойхонаи миллии «Харбуза» ба нақша гирифта шуда, бинобар сабаби вазъи иқтисодӣ сохтмони боғ ба таъхир афтодааст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ваҳдат
Дар шаҳри Ваҳдат боғи фарҳангию фароҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, кўчаи Фирдавсӣ 61 фаъолият дошта, боғи нави дигар дар маҳаллаи 20-ум дар марҳилаи сохтмону бунёд қарор дорад. Боғи марказии шаҳр мувофиқи маълумотномаи бойгонии шаҳри Ваҳдат бо қарори Комитети иҷроияи Шурои депутатҳои халқӣ аз 21 марти соли 1950 таҳти №21 ьаъсис дода шудааст. Ҳудуди боғи фарҳангии шаҳр беш аз 3,73 гектарро дар бар гирифта, дорои шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0238161, шиносномаи техникӣ №11748аз 16.04.2010, бо Қарори Раиси шаҳри Ваҳдат №2019 аз 23.02.2010 ба расмият дароварда шуда дар тавозуни шуъбаи фарҳанги шаҳр гузаронидла шудааст. Дар боғ айни замон 14 басти корӣ: - 3 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 11 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда истодаанд, ки аз инҳо 5 нафар зан ва 9 нафарро мардон ташкил менамоянд, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар ҳудуди боғ 48 адад арғунчаку атраксионҳои замонавӣ насб гардидааст. Бо иқдоми соҳибкорони шаҳр Нарзиқулов Самад се адад арғунчакҳои нави замонавӣ ба монанди «Занҷири калон», «Юпитер» ва «Баутути калон», Каримов Ҳикмат ва Нарзиқулов Исломиддин 7 адад арғунчакҳои кўдаконаи хурд насб карда шудаанд. Инчунин 1000 адад гулҳои мавсимӣ ва доимӣ, 40 адад дарахтони сояафкан шинонида шудааст. Дар боғи мазкур 1 адад фавввора, 1 адад майдончаи рақс, 1 адад муҷассамаи Аскарони сурх, 1 адад нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Карим Исмоилов, 55 адад курсиҳои нишаст, 1 адад дастгоҳи тақвияти овоз ва 1 адад майдонча барои бозиҳои бачагона, 70 адад фурўзонакҳо мебошад. Дар ҳудуди боғ Осорхонаи таърихию кишваршиносиии ба номи 10-солагии Истиқлолият ва Маркази дилхушии кўдакона ҷойгир мебошад. Боғ макони асосии сайругашти шаҳрвандон маҳсуб ёфта, маҳз бо иштироки сокинони шаҳр ҳар моҳ ба суратҳисоби махсуси боғи фарҳангӣ беш аз 18000 сомонӣ маблағ ворид мегардад, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ҷавобгўйи талаботҳо намудани муассиса масраф мегардад. Боғи мазкур дорои 4 адад камераҳои назоратию мушоҳидавӣ ва таҷҳизотҳои техникии зидди сўхтор мебошад.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 4 фаввора бо тарҳи зебо, насби 30 адад нишастгоҳҳо, бунёди майдончаи хурди варзишӣ бо маблағи беш аз 300000 сомонӣ, сафолпўш намудани роҳравҳо ба ҳаҷми 2000 метри квадратӣ бо маблағҳои суратҳисоби махсусиси муассиса ва соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз ёфта истодаанд. Тарҳи фаввораҳо, нишастгоҳҳо ва нақшаи майдончаи варзишӣ пурра омода мебошанд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Рўдакӣ
Дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи «Ғалаба» дар даромадгоҳи ноҳия, кўчаи Ҷавонон фаъолият дорад. Боғи ноҳия соли 1973 таъсис ёфтааст, ки 3 гектарро ташкил медиҳад. Шиносномаи истифодаи ҳуқуқи замин ва шаҳодатномаи техникӣ надорад. Боғ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуд, ки ҳуҷҷатҳои он айни ҳол баррасӣ шуда истодааст. Боғи мазкур айни замон 6 басти корӣ: 1 нафар бо маълумоти олӣ ва 5 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда истодаанд, ки аз инҳо 1 нафар зан ва 5 нафар мард мебошанд. Ҳуҷҷатҳои боғ дар тавозуни фарҳанги ноҳия гузаронида шудаасст дар баррасӣ мебошад. Дар ҳудуди боғ 10 адад арғунчаку атраксиаонҳо насб гардида, бо иқдоми соҳибкори ноҳия 1 адад батути калон ва 1 адад ҳавзи шиноварии резинӣ насб карда шудааст. Инчунин 1 майдончаи консертӣ, 1 адад муҷассамаи Аскари сурх, 5 адад нимпайкара, 1 адад муҷассамаи В.И. Ленин, 28 адад курсиҳои нишаст, 1 адад дастгоҳи тақвияти овоз ва 2 адад майдончаи варзишӣ, 400 дона гулҳои мавсимӣ ва доимӣ, 20 адад дарахтони ороишиву сояафкан, 60 адад фурўзонакҳо дорад. Дар ҳудуди боғ чойхонаи «Ғалаба» бо усули кандакорӣ ҷойгир аст. Камераҳои назоратӣ ва таҷҳзоти техникии зидди сўхтор таҷҳизонида шудааст. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи фаввораҳо, курсиҳои нишаст пурра омода мешавад.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Варзоб
Дар ноҳияи Варзоб 1 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ амал мекунад, ки дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳия вобаста шудааст. Дар боғи фарҳангии ноҳия 1 нафар корманди Раёсати ободонии ноҳия бо маълумоти миёна фаъолият дорад. Дар боғ 115 адад дарахтони сояафкан дорад. Давоми моҳҳои сипаригардида соли 2019, зиёда за 3000 дона гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонида шудааст. Боғи мазкур чароғон карда шуда, курсиҳои нишаст насб гардида, гирду атрофи боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ карда шудааст. Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир нестанд. Амфитеатр вуҷуд надорад, саҳнаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад. Камераҳои назоратӣ насб нагардидааст. ( насби камераҳи мушоҳидавӣ ва радиошунавонӣ ба нақша гирифта шудааст). Таҷҳизоти техникии зидди сўхтор вуҷуд надорад. Таъмир ва тармими боғ ва сохтмони чойхона ва ташкил намудани нуқтаҳои хизматрасонӣ дар боғи фарҳангӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Хулоса, аз натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки вазъи имрўзаи баъзе боғҳои номбурда дар ҳолати хуб қарор дошта, баъзеи дигарашон ҳатто аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ ҳам ба талабот ҷавобгў нестанд. Хуб мешуд, ки баҳри ободу забо намудани табиати атроф ва таъмини истироҳати сокинони маҳалҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур вазъи кунунии боғҳо бояд ба шароити замони муосир мутобиқ гардонида шавад.
Аттоев Шодрўз, ходими калони илмии
шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-
фарҳангии ПИТФИ