Ширкат дар Конфронси муколамаи тамаддунҳо дар Осиё
Чоп шуд: 23/05/2019Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар «Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё”, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт, ширкат намуд. Ин Конфронси байналмилалӣ рӯзҳои 14-18-уми май баргузор шуд ва дар ҳошияи он «Форуми сайёҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ» ва «Карнавали тамаддунҳо дар Осиё» низ доир гардид.