Ширкат дар Конфронси муколамаи тамаддунҳо дар Осиё

Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар «Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё”, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт, ширкат намуд. Ин Конфронси байналмилалӣ рӯзҳои 14-18-уми май баргузор шуд ва дар ҳошияи он  «Форуми сайёҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ» ва «Карнавали тамаддунҳо дар Осиё» низ доир гардид. 

Дар Конфронс намояндагон аз 46 кишвари ҳавзаи Осиё ва меҳмонон аз дигар кишварҳо ҳузур доштанд. Дар оғоз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суханронӣ кард, ҳадафи баргузории Конфронси мазкурро шарҳ дод ва оид ба татбиқи вазифаҳои афзалиятноки кишварҳои ҳавзаи Осиё дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мутақобила барои рушди Осиё андешаҳои ҷолиб баён намуд. Сипас Шоҳи Камбоҷа Нородом Сиамонӣ, Президенти Ҷумҳурии Юнон Прокопис Павлопулос, Президенти Сингапур Ҳалима Якоб, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисена, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва директори генералии ЮНЕСКО Одрэ Азуле суханронӣ намуда, роҷеъ ба муҳиммияти масоили матраҳшаванда андешаҳои худро баён намуданд.

Аз ҷумла, дар суханрониҳо ишора шуд, ки гуфтугўи фарҳангу тамаддунҳо дар чанд даҳсолаи охир мавзўи асосии муносибату равобити халқҳои натанҳо минтақаҳои алоҳида, балки тамоми сайёра гардидааст. Гуфтугўи фарҳангҳо ин дарёфти роҳи нав барои идроку кашфи роҳ аст, ки дар асоси он халқу миллатҳо дар оини дўстиву рафоқат ба ҳам меоянд. Гуфтугўи фарҳангҳо бояд мусоидаткунанда дар ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои ҷаҳон бошад. Фарҳанг василаест, ки сулҳро таъмин менамояд ва ҷомеаҳои фарҳангӣ сулҳу ваҳдатро хеле хуб ҳифз карда метавонанд. Фарҳанг дар қиёс бо дигар соҳаҳо ягона соҳаест, ки истиқололу озодиву шукуфоии ҳаёти инсонро мехоҳад. Дар муносибати давлату кишварҳо нахуст фарҳанг ҳамчун сафир хидмат менамояд, дарҳоро мекушояд ва омили дўстиву рафоқатро ба миён меорад. Гуфтугўи фарҳангҳо муноқишаву ихтилофоти сиёсии қитъаҳо ва ҷаҳонро ҳал карда метавонад. Таҷдиду такмили фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва ҳеҷ як кадом фарҳанг дар доираи маҳдуд наметавонад, ки инкишофи мақбули худро дошта бошад. Ҳамзамон дар раванди таҷдид наметавон дастовардҳои фарҳанги классикии халқу миллатҳоро инкор намуд. Фарҳангҳо зиёду бешуморанд ва ҳар кадом бо таркибу мантиқу ботини худ як ҳадаф доранд, ки он тарбияи аҳли башар аст. Мамолики Осиё бо таърихи ғании худ ва фарҳанги тавонманд дар рўи сайёра мавқеи устувору таърихӣ доранд.

Роҳи абрешим бо таърихи ҳазорсолаҳо ҳамеша аз дили Осиё мегузашт. Имрўз Осиё бо ҳудуди 43, 4 млн. километри квадратӣ ва аҳолии зиёда аз 4,2 миллиард нафар ҳамчун як неруву захираи бузурги маънавиёту фарҳанг дар ҷаҳон таъсири пайваста дорад. Аҳолии Осиё имрӯз зиёда аз 60 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳад. Ин худ гувоҳи он аст, ки Осиё пайкари бузурге аз фарҳангу иҷтимоиёту сиёсати ҷаҳонист. Осорхонаҳо, шаҳрҳои қадимӣ, қалъаву кушкҳои таърихи бойдошта, анъанаву русумҳо, адабиёту санъати куҳан ва амсоли он дар ин қитъаи бузурги олам диққати тамоми ҷаҳониёнро ҷалб карда метавонанд. Илова бар ин, тавассути рушди бахши сайёҳӣ метавон таваҷҷуҳи оламиёнро ба дастовардҳову ганҷинаҳои фарҳангии кишварҳо ҷалб намуд.

Баъди нисфирўзи тибқи барномаи Конфронс нишастҳои илмӣ бо гузоришҳои пурмуҳтаво дар бахшҳои ҷудогона баргузор гардиданд, ки дар онҳо афкору андешаҳои ҳадафманд ироа гашт ва намояндагон аз якчанд кишвари ҷаҳон дар мавзўъҳои гуногун,  маърўза хонданд.

Бегоҳии рўзи 15 май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Пекин барномаи ҷолиби “Карнавали тамаддунҳо дар Осиё” баргузор гардид, ки дар он ҳунарпешагони тоҷик низ ҳунарнамоӣ карданд.

 

барчасп: