Activities calendar

29 мая 2019

«Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хӯрем»

Устоди шинохтаи шашмақом, ҳунарманди мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров дар мавриди ҳунари эҷодии устод Барот Яхшиев чунин гуфта буд: «Дар ҳунари мақомхонӣ аз ҳунармандони мардуми кӯҳистон ман ҳеҷ касро тӯли панҷоҳ соли охир пеш аз Барот Яхшиев гузошта наметавонам. Охири солҳои ҳафтодум садои хуши ӯро ҳангоми иҷрои таронаи «Қалъабандӣ» шунида будам. Ростӣ, ин таронаро аз забони хеле аз устодони бузург шунидаам. Аммо он гуна, ки аз забони Барот Яхшиев шунидам, аз касе нашнида будам. Ин тарзи хониш, яъне бо сабки нав, бо лаҳни нав, бо савтҳои хуши мардумӣ бори аввал маро гӯшу ҳуш намуда буд. Беш аз понздаҳ сол боз ин таронаро бо такрор гӯш мекунам ва аз дилам садое бармехезад, ки чаро мо ба қадри ӯ нарасидем». Ашк дар чашмони устоди шодравон Маъруфхӯҷа Баҳодуров ҳалқа зад. Гиря гулӯгираш кард, ӯ дигар маҷоли ҳарф задан надошт. Нигоҳи пуршарори маъниофараш чизе гуфтан мехост… Ва барои таскини дилаш гуфтам, ки мактаби ҳунарии устод Барот Яхшиев дар синаи ҳазорон ҳазор ошиқону шефтагони садояш умри абадӣ дорад ва ин мактаб аз нав эҳё мегардад.

барчасп: