Бо эълон гаштани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор ва мардуми равшанфикри ҷумҳурӣ умед бар он мебанданд, ки қалъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кўтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.
Дар бораи пайдоиши қалъаи Ҳисор дар миёни мардуми атрофи қалъа ақидаҳо гуногунанд. Дар ин миён бештар ақидаи ровиёни ахбор ва ноқилони хушгуфтор асосноктар аст, ки онро Таҳмураси Девбанд бунёд гузоштааст. Бештари сарчашмаҳо низ бунёди қалъаро махсусан дар аҳди подшоҳии Таҳмурас ишора мекунанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш аҳди шоҳаншоҳии Таҳмурасро хуб иникос намудааст.
Ин қалъа дар сари Роҳи Абрешим асрҳои аср чун қалъаи дўстӣ ва равобити байни қавмҳои мамолики мухталиф хидмат карда, то кунун таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ мекашад. Дар тўли таърихи тўлони қалъаи Ҳисор чанд маротибаҳо ба харобазорҳо табдил ёфт, вале бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ фарзандони дилсўзу сарсупурдаи миллат хираду дурандешӣ зоҳир карда, азм намуданд, ки қалъаро ҳамчун мерос ва ёдгории аҷдод обод гардонанд.
Чанд сол пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Ҳисор атрофии қалъа мамнўъгоҳ эълон карда ва доир ба гирд овардану намоиш додани осори таърихӣ ва мардумшиносии кишвар осорхона ташкил карда шудааст. Фидоиёну ҳунармандони роҳи фарҳангу маърифат бо имкони ба даст омада ба таъмиру тармими қалъа мепардозанд. Олимон китобу мақолотиҳои дар атрофии мавзўи қалъа ба табъ мерасонанд.
Имрўзҳо бошад ин макони таърихӣ ва ёдгорӣ аз бобоёнамон ба сайргоҳи пиру барно, гулдухтарону ҷавонписарон, меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ, маъвои истироҳату фароғат, ваҳдату дўстӣ табдил ёфтааст. Таҷлили 3000 ҳазорсолагии шаҳри Ҳисори Шодмон бори дигар собит сохт, ки шаҳри Ҳисор шаҳри таърихию сайёҳии қадимии миллати тоҷик буда, бештари ёдгориҳои миллатро то ба имрўз дар худ маҳфуз доштааст. Меҳмонону сайёҳон аз шунидани таърихи тўлони доштани қалъаи Ҳисор дар таъҷуб афтода, маротибаҳои зиёд барои дидан ва ошнои пайдо кардан ба ин сарзамин ташриф меоранд.
Бо эълон гаштани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор ва мардуми равшанфикри ҷумҳурӣ умед бар он мебанданд, ки қалъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кўтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.
Қалъаи Ҳисол ва ёдгориҳои бостонии кишварамон метавонад муҷиби ҷалби бештари атваҷҷуҳи сайёҳони олам бошад, чун ин ёдгориҳо дар зоти худ беҳамтоянд.