Ишораи методологӣ:
Фароғат яке аз унсурҳои чудоинопазири тарзи ҳаёти ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар муассисоти осоишгоҳӣ ба барқароркунии нерў ва саломати фард мусоидат менамоянд. Вижагиҳои аслии фаъолиятҳои фарҳангию фароғатиро ба таври суннатӣ фаъолиятҳои варзишӣ, сайругашт, тамошои филмҳо, шабҳои фароғат, саргармӣ, бозиҳо дар муҳити табиат ва ғайра ташкил медиҳад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, созмондиҳӣ ва такмили фаъолиятҳои фароғатӣ дар муҳити осоишгоҳҳо яке аз масоили муҳими илмӣ низ ба ҳисоб меравад.Дар мақолаи мазкур ҳадафи аслӣ он аст, ки зарурати илмии равоншиносию педагогии масъаларо равшан сохта, ташкили навъи фаъолиятҳои фароғатӣ дар муҳити осоишгоҳ ва чанде аз роҳкорҳои тозаеро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Яке аз масоиле, ки пайваста назари дастандаркорони фароғатшиносиро ба худ ҷалб менамояд, вақти фароғат мебошад. Вақти фароғат дар ташаккули шахсияти инсон нақши муҳим дорад. Ҳамроҳ бо пешрафти ҷомеа ва замон чигуна гузаронидани вақти фароғати афрод тавсия ёфтааст ва имрўз бобарномарезиҳои муфид ва сармоягузориҳои муносиб мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
Масъалаи пурмазмун сохтани вақти фароғати мизоҷони осоишгоҳҳо яке аз масоили муҳими илмӣ хам мебошад, то дар ниҳоят, роҳбурде барои барномарезӣ дар ҷиҳати фароғат ва истироҳату муолиҷаи мизоҷон дар муҳити осоишгоҳ бошад. Бар асоси натоиҷи таҳқиқот, зиндагии рўзмарраи инсон шомили се бахши аслӣ - таҳсил, хоб ва фурсати озодӣ аст, ки фард дар он фурсат анҷоми ҳар кореро дорад. Агарчӣ мизони соати хоби мизоҷон тақрибан баробар аст, вале соати вақти озод ва соати анҷоми вазифаҳои рўзмарра бо таваҷҷуҳ ба ҷинс, син, шахсият, фарҳанг, табақаи иҷтимоӣ ва дар таҳқиқи феълӣ дараҷаи саломатии мизоҷон мутафовут аст. Бинобар ин, байни соати муолиҷа фароғат ва вақти озод робитаи мутақобила вуҷуд дорад, ки бо зиёдшавии яке, мизони дигаре коста мешавад.
Ин вақти озодӣ барои мизоҷони андешаманд, дақоиқи таҳқиқу фикр барои ҳунармандон, замони падид овардан ва сохтан ва барои афроди бидуни барнома, малоловартарин вақт аст. Аз ин рў, мизоҷон дар муҳити осоишгоҳ бояд маконеро барои тафреҳ ва гузаронидани вақти фароғат биёбанд, то дар ин замон рўҳияи ҳамкорӣ, масъулиятпазирӣ ва ҳидояту мудирияти онон борвар шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҷисмонии мизоҷони бемор ин афрод дар фаъоияти худ аз соати фароғати зиёде бархўрдоранд. Аз тарафе яке аз мушкилоти асосии афроди бемор гўшанишинӣ ва канорагирии онҳо аз ҷамъият аст, ки ин худ боиси коҳиши ҳаракати умумии бадан мешавад. Коҳиши таҳаррук низ метавонад сабаби вазъиятҳои номатлуби баданӣ шавад. Ин коҳиши таҳаррук ва сабабҳои онро метавон бо барномарезиҳои муносиб ҷуброн намуд. Аз ҷумлаи ин барномаҳо, истифодаи намунае аз фаъолиятҳои баданӣ дар вақти фароғати ин мизоҷон аст. Дар ин росто, воситаҳои ғанисозии вақти фароғати афроди беморе, ки дар ҳоли истирҳат мебошанд аз тариқи тафреҳоти солим ҷойгоҳи вижае дорад.
Нишоту созандагии лозимаи ҳаёт ва сустиву танбалӣ, боиси нобуди истеъдодҳо ва тавоноиҳои инсон мешавад. Ба таҳқиқ агар аз вақти фароғат ба тарзи беҳтар барои дастёбӣ ба аҳдоф истифода шавад, метавон гуфт, ки қадами бисёр муҳиме ҷиҳати амалӣ намудани фаъолиятҳои мизоҷон дар муҳити осоишгоҳ бардошта шудааст. Вақти фароғат аз дилпазиртарин вақти ҳар фард ба шумор меояд.
Соате, ки фориғ аз таҳсил сарфи он чиз мекунад, худ мехоҳад ва худ бармегузинад. Муштариёни осоишгоҳ ҳақ доранд барои гузаронидани вақти фароғат, пардохтан ба варзишу фаъолияти баданӣ фурсати хуберо дошта бошанд. Онҳо бояд битавонанд аз тамоми имконоти фазои варзишӣ ва тафреҳии мавриди ниёз истифода кунанд. Фаъолиятҳои баданӣ ва варзишӣ фаротар аз як василаи тафреҳӣ ба унвони омиле дар ҷиҳати такомули норасоиҳои ҷисмонӣ ва равонии мизоҷон матраҳ аст. Фаъолияти баданӣ дар зиндагии мизоҷон ва муҳити осоишгоҳ бахши ҳаётӣ аст ва, на танҳо барои беҳбуди саломатӣ ва ҷилвагирӣ аз беморӣ, балки барои коҳиши камбудиҳои дигар, ки сабабаш боз ҳамон беморист, зарур аст.
Борвар намудани вақти фароғати мизоҷон, тавсияву тақвият ва ҳимоят аз фаъолиятҳои варзишӣ ба манзури таъмини солимӣ, нишоти рўҳӣ ва бозтавонии ҷисмии онон аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдофи тарбияи баданӣ мебошад. Эшон ба тақозои син ва шароити боландагии фикрӣ, ниёзманди имконоту хадамот ва расидагиҳои иҷтимоӣ, аз навъи варзиш ва фаъолиятҳои тафреҳӣ мебошанд. Тавсиаи хадамоти иҷтимоӣ дар қолаби тафреҳ, на танҳо боздорандаи умда барои ҷилвагирӣ аз бисёр нороҳатиҳои иҷтимоӣ аст, балки бинобар таҷриботи илмӣ ва иҷтимоӣ амали умдае аст дар тақвияти қудрати фикрӣ, илмӣ ва иҷтимоии мизоҷоне, ки дучори беморӣ мебошанд. Истифода аз вақти фароғат зимни озод кардани қувваи фурсати халлоқият ва худшукуфоии ўро фароҳам меоварад ва вай истеъдоди худро намоён месозад. Замони фароғат дар пешравии шахсияти фардӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон ояндаи ў нақши муҳиме дорад, шахсро дар наздик шудан ба алоқа ва тамоюлоту орзуҳои хеш ёрӣ медиҳад. Тарзи гузаронидани вақти фароғати мизоҷон баёнгари дараҷаи саломатии онон мебошад.
Вақти фароғат ба таври куллӣ дар зиндагии мизоҷон се нақши асосӣ дорад:
Истироҳат ва рафъӣ хастагӣ;
Осоиши рўҳию равонӣ;
Рушди фардӣ ва иҷтимоӣ.
Дар ниҳоят, фароғат, тасвире аз зиндагии ғайримуваззафи мизоҷон ба шумор меравад. Мизоҷон ба тақозои син ва шароити боландагии фикрӣ, ҷисмонӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ, ниёзмандӣ ба имконот, хадамоту расидагиҳои иҷтимоӣ аз навъи варзиш ва фаъолиятҳои тафреҳӣ мебошанд.
Таърифи вақти фароғат
Дар ҷилди дуюми фарҳанги Амид, фароғат ба маънои осудагӣ ва осоишу осудагӣ омадааст. Фарҳанги форсии доктор Муъин фароғатро ба маънои осудагӣ, истироҳат,
оромиш ва низ маҷол ва фурсат маъно намудааст.
Дар луғатномаи Деҳхудо, фароғат вақту замоне аст, ки барои амре фарз шудааст. Соат, фурсат, гоҳ, замон, муддате, ки ҷамъи он авқот аст. Зидгирифторӣ аз кору машғулият ва ҳамчунин фароғат доштан, яъне ғафлат доштан ва фаромўш кардан.
Дар китоби луғатшиносии пешрафтаи Оксфорд фароғат ба ин маъно омадааст: «Фароғати фард замоне аст, ки ў вақти озод дорад».
Дар луғатномаи Вебстер фароғат озодии бадастомада пас аз поёни як фаъолият ва ё замони озод, пас аз кору вазифа аст.
Модели англисии луғати фароғат Leisure мебошад, ки ба маънои иҷоза доштан ва маҷоз будан аст.
Дар Юнони бостонӣ калимае, ки барои фароғат ба кор гирифта мешавад (Schole) буд. Ин калима маъмулан ба шароите рост меомад, ки афрод аз ҳар маҷбуриҳо озод буданд, яъне эҳсосе, ки ҳеҷ ниёзе дар заминаи таҳияи ғизо, пўшок ва ғайра надоштанд. На танҳо машғули кор набуданд, балки медонистанд, ки лозим нест кореро анҷом бидиҳанд.
Баррасии таърифи авқоти фароғат нишон медиҳад, ки бештари таориф марбут ба мафҳуми куллии фароғат аст, аммо дар мавриди мафҳум, амалкард, вижагиҳо, манофеъ ва фаъолиятҳои вақти фароғат матолиби муҳим ва гуфтании бисёре вуҷуд дорад. Ба наҳве, ки имрўз бахше аз ҷомеашиносон ҷомеашиносии вақти фароғатро ба ихтисос дода, дар қолаби тафреҳоти солим бо фаъолиятҳои варзишӣ пайванд хўрдаанд.
Фароғат дар муҳити осоишгоҳҳо метавонад ду навъ бошад – фаъол ва ғайрифаъол. Фароғати ғайрифаъол танҳо дар сурате ба мақсад мувофиқ мебошад, ки агар барои муътадил сохтани рўҳияи равониӣ барои як муддат истироҳат намудан дар осоишгоҳ зарурати объективӣ пеш омада бошад. Агар меъёри истироҳати беамал риоя нашавад, онгоҳ ин қабил одамонро ғайрифаъол меноманд. Ин қабил муносибат нисбат ба пурмуҳтаво гузаронидани вақти холӣ аз ҳар ҷиҳат қобили қабул нест. Дар як қатор мавридҳо ин қабил бекориҳо шахсро ба рафторҳои ношоиста ва бефарҳангӣ меоварад.
Фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ дорои сохтори дубуъдӣ аст. Асоси онро истифодаи васеи вақти холӣ барои боло бурдани савияи иҷтимоию фарҳангӣ ва татбиқи он дар амал ташкил медиҳад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин зарур аст, ки роҳҳои наву тоза ва усулу услубҳои дигареро дар фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар муҳити осоишгоҳ роҳандозӣ намоем.
Яке аз авомили муассир дар фаъолиятҳои фарҳангию фароғатӣ навъи умури ҳаваскорӣ мебошад, ки дар худи осоишгоҳ “Қасри шифокорон” ба роҳ монда мешавад ва ба воситаи технологияи мудирияти (менеҷменти) иҷтимоӣ- фарҳангӣ идора мешавад. Ин фаъолият бо мақсади рушди фароғати худфаъолиятии мизоҷони осоишгоҳ ва муҳайё сохтани шароитҳои мусоид иҷро мегардад. Ин коркард аз тарафи мутахассисони кордон, ки дар сохтори осоишгоҳ (Қасри шифокорон, китобхона, толорҳои гуногун, боғи осоишгоҳ, чойхонаи “Сино” (чойхонаҳои дигари осоишгоҳ), ҳавзи осоишгоҳ, табитаи гирду атрофи он фаъолият доранд, татбиқ карда мешавад. Дар зинаҳои поёнӣ, дар доираи ташкилотҳои мушаххаси фароғатӣ вазифаи мудириятиро роҳбари ташкилот - коргардонон, кормандони бахши фарҳанги он, мураббии варзишӣ, ташкилотчиёни сайёҳӣ ва ғайра иҷро мекунанд.
Фаъолияти ҳаваскорӣ табиатан дорои имкониятҳои худтанзимкунӣ мебошад. Аслан, он дар шароити муътадили хориҷӣ ва дохилӣ метавонад бе тасҳеҳи махсус низ пурмаҳсул рушд ёбад. Вале дар амал ин қабил ҳолатҳои ормонӣ кам ба назар мерасанд. Бояд дар назар дошт, ки фаъолияти фароғатӣ, ки ба таври стихиявӣ пайдо мешавад, ҳеҷ гоҳ худро пурра ва ҳамаҷониба ҳамчун омили фарҳангӣ татбиқ карда наметавонад. Маҳз аз ҳамин сабаб таъсири муайяни ташкилӣпедагогӣ зарур мебошад. Фаровардаҳои он аз бисёр ҷиҳат - чигунагии вазъи танзими хориҷӣ ва худтанзимкунии раванди баррасишаванда, вобаста аст.
Талаботи асосӣ барои танзими соҳаи ҳаваскорӣ таъмини робитаи баръакс мебошад. Менеҷери фароғат бояд хуб донад, ки амалиётҳои ташкилӣ-педагогии ў ба чи меоранд, вай бояд характери тағйиротҳои воқеии дар соҳаи машғулиятҳои фароғатӣ ба амал омадаро таҳлил намояд, тағйиротҳои дар пеш бударо низ ҳис кунад. Донистани технологияи ташхиси объекти мушоҳидашаванда, ки он аз дониши тағйиротҳои иҷтимоию фарҳангӣ, маҳорати ошкор намудани нишондиҳандаҳои ин аломатҳо, чен кардани онҳо, динамикаи равандҳои омўхташаванда, таҳлили натиҷаҳои ба дастомада ва хулосабарорӣ оид ба танзими оянда аҳамияти аввалиндараҷа доранд [2, с.67].
Аҳамияти фарҳангии фаъолият дар муҳити осоишгоҳ аз бисёр ҷиҳат бо диққатҷалбкунанда будани он вобаста аст. Муҳимаш он аст, ки ҳар як иштирокчии фаъолият мавқеи хоси худро дошта бошад ва дар раванди кор хостаҳояшро дар амал татбиқ карда тавонад. Дар ин маврид характери амалиёт аҳамияти калон дорад. Агар шахс дар мақоми субъекти фаъол афтода бошад, дар ин маврид ў ногузир иштирокчии коркард ва баъд донандаи меъёрҳои муносибат мегардад. Бояд қайд намуд, ки одамон ба ин қабил меъёрҳо бо эҳтироми махсус менигаранд. Дар натиҷа, таҷрибаи мусбати ҳамкории иҷтимоӣ аз худ карда мешавад. Тадриҷан дар ин замина афкори устувори ҷамъиятӣ ва одатҳои хуб пайдо мешавад.
Ташкили хуби фаъолияти ҳаваскорӣ дар муҳити осоишгоҳ имкон медиҳад, ки ба мақсадҳои ислоҳи муносибатҳои шакл гирифтаистода ва ё ташаккулёфтаи шахс истифода шавад. Дар ин кор якчанд роҳ вуҷуд доранд: ба системаи фаъолият ворид намудани навъҳое, ки ба шахси алоҳида имконияти хуб баромад карданро фароҳам оварад;ҷобаҷогузории махсуси ашхос дар раванди фаъолият, ки барои ташаккули муносибатҳои нав ва устуворгардонии муносибатҳои пешинаи шахсияти интихобшаванда – ҳамкорӣ, рафоқат, дўстӣ ҳидоят намояд; тавассути афкори умум ҳидоят кардани баҳодиҳӣ ба фаъолият ва одоби ҳар як муштарӣ.
Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки муваффақият ва камбудиҳои ҳар як шахс дастраси умум гардонида шавад. Ин бошад, албатта, дар мақоми шахсии одамон тағйиротҳои муносибро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳояти кор таъсири гурўҳро ба шахс муайян месозад.
Асоси менеҷменти иҷтимоию фарҳангии имрўзаро чи дар сатҳи мудирият ва чи дар сатҳи созмондиҳӣ технологияи ҳавасмандкунӣ ташкил медиҳад. Дар асоси таҷрибаи имрўза метавон якчанд гурўҳи омилҳоро ҷудо намуд, ки онҳоро мудир ҳангоми ба навъҳои гуногуни фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ ҷалб кардани одамон, истифода мебаранд. Дар ин ҷода гурўҳи омилҳое, ки асоси онро кўшиши татбиқи неруҳои эҷодкор ва маҳорати ў ташкил медиҳанд, мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Барои раванди фаъолияти фарҳангӣ-эҷодӣ эътибори баланди ҳадаф, ки аз худи фаъолият бармеояд, хос мебошад. Иҷрогарӣ ва эҷодкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо ҷолибияти хос фарқ мекунанд, одамон аз ин машғулиятҳо ҳамеша кайфияти зиёд мебардоранд. Дар ин маврид талаботи нишон додани худ дар назди тамошобинон ва ноил гаштан ба дастгирии онҳо, эътироф шудан ва сазовори ҳурмати эҳтироми омма гаштан низ аҳамияти калон дорад. Ниҳоят омилҳои касбиро низ набояд аз назар дур кард. Ин махсусан барои ҷавонон, ки мехоҳанд дар зиндагӣ мақоме дошта бошанд, хос мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳими менеҷменти иҷтимоию фарҳангӣ на танҳо таъмини робитаҳои дохилӣ, балки хориҷии он низ мебошад. Дар шароити фароғатӣ дар сурати мавҷуд будани сохтори тараққикардаи беруна имконоти фарҳангии фаъолияти ҳаваскорӣ ба маротиб меафзояд. Ин ҷо сухан дар бораи равобити осоишгоҳ бо муҳити иҷтимоии наздик ва аз доираи фароғатӣ берун баромадани фаъолияти ҳаваскорӣ меравад [3, с.90].
Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳаваскорие, ки баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои шахсият равона карда шудааст, дар шароитҳои муайян арзиши мустақил пайдо мекунад ва худ метавонад ба ниёз табдил ёбад. Дар ин маврид фаъолияти мудир ҳамчун раванди ҷоринамоӣ ва ташкили навъҳои фаъолияти фарҳангӣ иҷрои масъулиятҳои ниҳоят муҳими иҷтимоӣ ва иҷтимоию педагогиро дар назар дорад. Маҳз дар ҳамин ҷо шаклҳои устувори рафтори ҳаррўза – одатҳо ташаккул меёбанд. Ин бошад дар навбати худ дар такомули сохтори вақти холӣ саҳми арзанда гузошта, фароғатро бо мазмуни иҷтимоӣ бою ғанӣ гардонида, рушди фарҳангии шахсиятро ҳидоят менамояд.
Лозим ба ёдоврист, ки дар фаъолияти сардухтури собиқ – Мирзо Олимов кулли корҳои ишорагардида амалӣ мегаштанд. Дар осоишгоҳи “Зумрад” гурўҳҳои мусиқӣ-бадеӣ мунтазам фаъолият мекарданд. Ин ҷо на танҳо мусиқи менавохтанду рўҳияи мизоҷонро шод мекарданд, балки мусиқӣ ҳам эҷод мегардид. Амаки Мирзоқурбон худ ташкилотчӣ ва иҷрокунандаи чунин фаъолиятҳо буданд. Ҳамзамон дар чойхонаи “Сино” вазъи фарҳангӣ хеле ба дараҷаи олӣ роҳандозӣ гардида буд, сурудҳои мақомӣ мавқеи бештареро доро буданд. Маҳфилҳо мунтазам баргузор мегардиданд. Дар чойхонаи амаки Шамол низ ҳамзамон маҳфили рақсу бозӣ, аскиягўӣ роҳандозӣ гардида буд. Чойхонаҳо бо тамоми компонентҳои шарқӣ ороста ва пироста гардида буданд, ки табъи миозоҷонро шоду сурур мебахшид. Мирзо Олимов худ мерақсиданд, аския мегуфтанд ва ҳамаро муттаҳид мекарданд Таҷрибаи ишон худ як зиндагии фарҳангӣ буд ва бештари фаъолиятҳои фароғатиро бевосита худашон роҳандозӣ ва тарроҳи мекарданд, ки мизоҷон бояд бо табъи болида ва бо як ҷаҳон тасаввури хуб баргарданд ва боз битавонанд зудтар бооянд. Равобити Мирзо Олимов бо мизоҷон ва бо кормандони осоишгоҳ омўзанда буд. Дар ташкил ва рушди боғи осоишгоҳ нақши муҳим доштанд. Кулли дарахтонро хуб мешинохтанд ва ҳар яке аз онҳоро навозиш мекарданду менавохтанд. Ҳар як ходиму корманди осоишгоҳро дўст дошта, ба онҳо ба тариқи эҳтиром, дастуроти оқилона ва маслиҳатҳои муфид медоданд, худ дар кору зиндагӣ соҳибназар ва ҳамеша дар андешаи ободу зебо гардидани осоишгоҳ буданд. Китобхонаи осоишгоҳ ҷой ва макони фаъол буд, ҳама китобу рўзнома мутолиа мекарданд ва дар атрофи рўйдодҳои наву тоза суҳбатҳо ва мафҳилҳо меоростанд. Бо ташаббуси ишон шоиру нависандагон даъват мешуд, ки мавқеъ ва манзалати фарҳангии осоишгоҳро дучанд мегардонид [5].
Фароғати калонсолон дар муҳити осоишгоҳ
Мувофиқи маълумоти СММ дар соли 2001 синну соли ҳар сокини даҳум 60 ва аз он болотар буд. Мувофиқи таснифоти ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ одамони 60 то 74 сола бо гурўҳи калонсолон, 75 то 89 сола ба гурўҳи пиронсолон, 90 ва аз он боло ба гурўҳи дарозумрон дохил мешаванд. Иттилоъшиносон ин давраҳои ҳаёти одамиро «синну соли сеюм» номидаанд, демографҳо бошанд мафҳуми «сеюм» (60-75 сол) ва «чорум» (аз 75 боло)-ро ворид кардаанд. Аз рўи меъёрҳои байналмилалӣ аҳолии Русия ҳанўз аз охири солҳои 60, вақте ки саҳми русиягиҳо дар синни 65 сол ва аз он боло аз 7% зиёд гашт, «пиронсол» ҳисоб мешуд. Ҳоло дар мамлакати мо синни 12% -и шаҳрвандон аз 65 сол боло мебошад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон одамони калонсол ба гурўҳи аҳолии камбағалтарини (қашшоқ) аҳолӣ дохил мешаванд. Проблемаи асосии қашшоқон инҳоанд: хавфи нотавон шудан, хавотирӣ аз қисмати хешу ақрабо, наздикон, аз даст рафтани мақоми пешина, душвориҳои моддӣ, бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ва эҳсоси рўҳӣ, кандашавии робита бо дўстон ва ҳамкорон, зиддияти байни наслҳо, танҳоӣ.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамони калонсол қариб ҳамеша дар ҳолати эҳсосии руҳӣ умр ба сар мебаранд. Онҳо дар ватани худ, ки бо дастони худ сохтаанд, муҳоҷири муваққатӣ мебошанд. Куҳансолон аз мавқеи иҷтимоӣ- фарҳангии худ маҳрум шудаанд. Ивазшавии мақоми иҷтимоӣ тағйиротҳои нолозимро пеш овард. Нақшҳои иҷтимоӣ аз байн рафта, робитаҳо ва доираи муошират маҳдуд гардид, андозаи даромад кам шуда истодааст. Ҳамаи ин бидуни шак ба ихтисори равобити фарҳангӣ ва поён рафтани фаъолнокии фарҳангӣ оварда мерасонад. Имрўз бисёр бознишастагоро танҳо кор эмин нигоҳ медорад, вале на ҳамаи онҳо бо сабабҳои гуногун аз ҳуқуқи кор кардан истифода карда метавонанд. Зарурати ҳифзи иҷтимоии калонсолон пеш омадааст. Дар ҳифзи иҷтимоии калонсолон клубҳои муошират, марказҳои фароғат, клубҳо аз рўи шавқу завқ, академияи эҷодиёти халқӣ, театрҳои худфаъолиятӣ ва ансамблҳо, махфилҳо ва иттиҳодияҳои ҳаваскорӣ, устохонаҳои оилавии эҷодкорӣ бояд мақоми муҳимтаринро ишғол намоянд.
Фароғати амалӣ боварии инсонро ба худаш устувор мегардонад, ўро рўҳбаланд месозад, ба ҳамкории муваффақиятноки ў бо муҳити атроф ва табиат мусоидат менамояд. Ин махсусан барои пиронсолон муҳим аст. Пажўҳишҳо нишон медиҳанд, ки муоширати фарҳангӣ ва манфиатҳои фарҳангиро дар пиронсолӣ шарти муҳимми зиндагии фаъолона ҳисоб мекунанд. Фаъолгардии онҳо дар арафаи бознишастагӣ метавонад барномаи фарҳангии вақти холиро дар пиронсолӣ муайян созад.
Пиронсолон аз анъанаҳои халқӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, таҷрибаи бадеӣ ва хиради зиндагӣ бархўрдоранд. Аз ин рў, дар барқарор намудани фарҳанги рўҳӣ дар муҳити осоишгоҳҳо, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ташкили фароғат, ҷалби фаъолонаи куҳансолон ва ташкили ҳамкории онҳо бо ҷавонон аз вазифаҳои муҳимтарини давр ба ҳисоб меравад. Истифодаи таҷрибаи зиндагииин гурўҳи аҳолӣ натиҷаҳои хуб медиҳад. Ҳангоми ташкили фаъолияти фароғатӣ дар байни кўҳансолон онро бояд дар назар дошт, ки намояндагони ин гурўҳи иҷтимоӣ дорои фаъолнокии баланди иҷтимоӣ мебошанд, онҳо мехоҳанд сухан гўянд, қарор қабул кунанд, амал намоянд, аз таҷрибаи худ нақл кунанд. Ин фаъолнокӣ агар, аз як тараф, мақоми пешинаи аз дастрафтаро нишон диҳад, аз тарафи дигар, душвориҳои мутобиқшавиро ба талаботҳои замони нав таъкид менамояд. Куҳансолон бо ин фаъолнокии худ мехоҳанд, ки аз нав ба ҷамъият лозим будани худро нишон диҳанд. Вақти дар осоишгоҳ будан куҳансолон омодаанд, ки дар ҳамагуна навъҳои фаъолияти фароғатӣ иштирок намоянд. Ба ташкилотчии фароғат онҳоро аз паси худ бурдани шарт нест. Вай бояд ба ташаббуси калонсолон ҳамроҳ шавад, имкониятҳои эҷодӣ ва қобилияти одамонро мақсаднок истифода барад, ба ташаббус фаъолнокӣ ва худфаъолиятии онҳо такя намояд.
Куҳансолон дар тарзи гузаронидани фароғат ба ду гурўҳи ба ҳам зид ҷудомешаванд:
- гурўҳи дар кори ҷамъиятӣ ва шаклҳои иҷтимоии гузаронидани он серталаб.
Барои ин гурўҳ ин фаъолият вазифаҳои ҷуброниро адо мекунад, имкон медиҳад, ки ҳангоми ивазкунии нақшҳои иҷтимоӣ иззати нафси ў нигоҳ дошта шавад.
- ба аксари нафақагирон шаклҳои ғайрифаъоли гузаронидани фароғат (хо-
ниш, телевизор) хос мебошад.
Намояндагони ин гурўҳро талаботи мушаххаси эътирофнамоӣ, дастгирии дигарон, тасдиқи ақидаҳо ва принсипҳои пешина ба ҳам муттаҳид месозад. Проблемаи асосии ин гурўҳ - ивазкунии мақоми иҷтимоӣ мебошад, ки аксари он тағйиротҳо нолозиманд.
Набудани шароит барои фаъолнокӣ, истироҳат ва муоширати ҳаррўза, махсусан барои онҳое, ки дар шароити биноҳои навбунёд, шаҳри калон зиндагӣ мекунанд ва макони сукунати худро дер иваз кардаанд, зиёд ҳис карда мешавад. Зиддияти байни куҳансолон ва ҷавонон дар номувофиқатии арзишҳо, идеалҳо, принсипҳои ҳаётӣ зоҳир мегарданд. Фаромўш шудани решаҳои миллӣ- фарҳангӣ ва анъанаҳо бошад ба он овардааст, ки ҷавонон имрўз нисбат ба куҳансолон муносибати манфӣ доранд, онҳоро ҳурмату эҳтиром намекунанд. Аз байн рафтани эҳтироми калонсолон, ки намояндаи анъанаҳои пешина мебошанд, аз ҷамъият берун кардани онҳо дар одам ҳисси беҳимоягии иҷтимоӣ, танҳоӣ ва нолозимиро ба вуҷуд меорад. Руҳафтодагӣ, маъюсӣ ва нобоварӣ ба оянда, доим дар интизори тағйиротҳои нохуш будан ин гурўҳи иҷтимоиро маргиналӣ мегардонад. Ба ақидаи мутахассисон ин қабил одамон аз дигарон бо номуайянии мақоми иҷтимоӣ ва норозигӣ аз ҳаёт фарқ мекунанд.
Мақсад ва вазифаҳои барномаи фароғатӣ барои куҳансолон дар муҳити осоишгоҳ: сину сол, вақте ки одам пир мешавад аз нақше ки ҷомеа мебозад, вобаст аст. Ба ақидаи ҷомаешиносони Ғарб пирӣ вақте мерасад, ки агар ҷомеа одамро рад кунад.
Варзишии касбӣ метавонад дар 25-солагӣ пир шавад, нависанда ва дирижери оркестр (Гюго, Пикассо, Микеланҷело, Марвинский, Илья Глазунов ва диг.), дар 80-солагӣ дар авҷи эҷодӣ буданд. Бинобар ин барномаҳои фароғатӣ бояд пириро ба одам ҳамчун давраи зуҳуроти неруҳо ва қобилияти истеъдод, мутобиқшавӣ ба нақшҳои нави иҷтимоӣ, услуб ва тарзи зиндагӣ тасвир намуда, барои пайдоиши донишҳои нав, маҳорат, малака, таҷрибаи зиндагии пиронсолон шароитҳои хубро муҳайё созад.
Вазифаҳои асосии барномаҳои фароғатӣ:
- дастгирӣ намудани мақоми инсон дар ҷомае;
- нигоҳ доштани ҳаҷм ва сифати нақшҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои фаъолнокӣ ба воситаи иловакунӣ ё ҷуброни фаъолнокии меҳнатии пиронсолон бо навъҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоию фароғатӣ дар соҳаи фароғат;
-мустаҳкам намудани робитаҳои иҷтимоӣ ва байни ҳамдигарӣ, дастгирии ҳисси иҷтимоӣ ва иштирок ба зиндагӣ ва корҳои коллективи меҳнатӣ, ноҳия, шаҳр, мамлакат;
-инкишофи шавқу ҳавасҳои нав ва азхудкунии навъҳои нави фаъолияти иҷтимоӣ, ки фароғати будҷетиро пурра намуда, дар пайдо кардани дўстони нав, васеъ намудани доираи назар, нав кардани фаъолияти меҳнатӣ, мутобиқ шудан ба ҷаҳони тағйирёбанда, ба нақшҳои нави иҷтимоӣ имкон медиҳад;
-муҳайё сохтани шароит барои қонеъгардонӣ ва худифодакунӣ, эътироф, муошират, ҳурмату эҳтироми бошандагони муҳит, талабот ба ҳифзи психологӣ, табодули таҷриба, мустаҳкамкунии сиҳатии ҷисмонӣ ва руҳӣ.
Барномаҳои фароғатӣ дар муҳити осоишгоҳ барои бисёр куҳансолон бояд як шакли хоси барқароркунии гузаштаи онҳо бошад. Зеро ҳаёти гузашта барои онҳо новобаста аз баҳои таърих аз мавқеи имрўза арзиши махсус дорад.
Бо назардошти проблемаҳои зиндагии куҳансолон ва имкониятҳои фаъолияти фароғати барои онҳо барномаҳои зеринро пешниҳод кардан мумкин аст:
Барномаи «Тандурустӣ». Қисми маърифатпарварии барномаи мазкур метавонад дар худ силсилаи лексияҳо, вохўриҳо дар мавзўъҳои хўроки серғизо ва меъёри тановули он, пешгирии бемориҳо, табъи хира, машваратҳои ҳуқуқӣ ва ҳивзи саломатиро фаро гирад.
Ин барномаҳо бояд доир ба тарбияи ҷисмонӣ-тандурустӣ, самти махсус дошта бошанд. Чунончи:
«Ҳаракат ва саломатӣ». Барнома ташкили ҳаракатҳои гурўҳии мунтазам бо истифодаи ҷузъиёти рақс, варзишро дар назар дорад. Ҳаракат узвҳои баданро ба ҷунбиш меорад, ҳиссиёти ўро беҳтар намуда, ҳаяҷонро кам мегардонад. Одам худро озод ҳис мекунад, робитаҳои ў ба аъзоёни гурўҳ барқарор мегарданд.
«Ҳунар ва сиҳатӣ» - ташкили гурўҳҳои баҳсу мунозира. Дар ин гурўҳ ҳамагуна навъ ва жанрҳои санъат метавонад мавзўи баҳс гардад. Санъат дар ин гурўҳ мақсади асосӣ нест. Вай воситаи ташаккули дунёи ботинии шахс, баланд бардоштани маданияти психикӣ-рўҳии инсон мебошад.Масалан, аъзоёни гурўҳ дар рўи қоғаз фикру мулоҳизаҳо, эҳсосот, ҳис ва хоҳишҳои худро тасвир мекунанд.
Ҳар кас диди ботинии худро ифода мекунад. Баъд онро дар гурўҳ муҳокимаву таҳлил намуда, аҳамияти тамсилии (рамзии) образҳоро кашф менамоянд. Чунин тарзи муносибат нисбат ба санъат имкон медиҳад, ки ҳатто одамони аз санъати тасвири дур низ кайфияте пайдо кунанд.
«Як рўз берун аз шаҳр» - ин барнома талаб мекунад, ки куҳансолон дар машқҳои варзишӣ фаъолона иштирок кунанд. Барнома ба куҳансолон имкони бо табиат ва рафиқон вохўрдан, муошират кардан ва истироҳати чандинкарата ва пайдо намудани дўстони навро медиҳад. Номгўи тахминии машғулиятҳо чунин аст:
- шиноварӣ, велосипедронӣ, наққошӣ, хўрок додан ба паррандаҳо ва мушоҳидаи онҳо, гулханафрўзӣ, рақсҳо, суруди умумӣ, бозиҳои фикрӣ (викторинаҳо, озмунҳо, баҳсҳо), бозиҳо, аксбардорӣ, тамошои мавзеъҳои таърихӣ, нақлҳо аз таърих ва ғ.
Барномаи «Ҳунар» - ҷалб кардани мизоҷон бо машғулиятҳои худфаъолияти бадеӣ, гуруҳҳои варзишгарон, раққосон ва иттиҳодияҳои косибони халқӣ, маҳфилҳои наққошӣ, бофандагӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар доираи барномаи мазкур метавон самти мустақил ба номи «Фароғати фаъол» (ташкили озмунҳо «Кани бобоҷон», афсонагўӣ, зарбулмасалгўӣ, иҷрои дубайтиҳо, сурудҳои маҳаллӣ, намоиши бозичаҳои гуногунро ташкил кард.
Барномаи «Таърихи зинда» - ташкили намоиши расмҳои қадим, шеърҳо,шабҳои адабӣ бо баёни хотираҳо оид ба ҳаёти бадеӣ ва анъанаҳои наслҳои пешин, давраҳои таърихӣ мебошад.
Дар Ғарб дар кор бо куҳансолон аксар вақт бо одамони алоҳида, усули «Саргармидармонӣ» («Терапияи рекреация») [5, с.45] паҳн шудааст. Яке аз воситаҳои чунин муолиҷа барои ҳар як кас метавонад муроҷиат ба давраикўдакӣ, наврасӣ дар иҳотаи предметҳои муайян, ки бо эҳтиёт нигоҳ дошта шудаанд, бошад. Ин қабил предметҳо дар бисёр маврид нақши талисманро мебозанд, онҳо ҳамчун мероси оила аз насл ба насл дода мешаванд. Ба ақидаи олимон рамзи ин қабил предметҳо барои куҳансолон ва оромии равонии онҳо аҳамияти калон дорад [1, с.78]. Дар ин масъала таҷрибаи зиндагии пиронсолон дар шароити оддӣ ва дар муҳити осоишгоҳ ҷолиб мебошад. Муқаррар шудааст, ки куҳансолоне, ки дар шароити «орзую умед ва хотираҳои худ» зиндагӣ доранд, нисбатан фаъол мебошанд. Баъзе предметҳо «аз ҳаёти гузашта» барои куҳансолон воситаи муошират мебошанд. Дар осорхонаи осоишгоҳ барои тамошо ва суҳбат асбобу анҷом ва расму тасвирҳое гузошта шудаанд, ки онҳо барои пиронсолон мавзўи нақлу ривоятгўӣ мебошанд. Онҳо ба ҳамдигарфаҳмию боварӣ ва эътиқод ва ҳамкории пиронсолон мусоидат менамояд.
Ташкили фаъолияти фароғатии куҳансолонро дар муҳити осоишгоҳ дарҳамкорӣ бо мақомоти ҷамъиятию маъмурӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондан муҳим мебошад. Такомули руҳии куҳансолон шарти асосии эҷодкории онҳо мебошад.
Хулоса :
1. Ба эътибор нагирифтани вижагиҳои осоишгоҳ ташаккули муштаариёни гуногунро ба бор меоварад, ки он ба баъзе хусусиятҳои синнусолӣ, кўдакон, хонавода, калонсолон, пиронсолон ва ғайра барои муолиҷа ва фароғат мушкилиҳо эҷод мекунад;
2. Зиддият дар риоя накардани ҳифзи саломатӣ, муқаррароти пизишкӣ ва фароғатӣ низ яке аз дигар мушкилот ба ҳисоб меравад;
3. Ҳамоҳангӣ ва ба навъи фаъолиятҳои фароғатӣ мутобиқ набудани ниёзҳои муштариён дар муҳити фароғатгоҳ зарур аст;
4. Имконотҳои моддӣ дар сатҳи ниёзҳои имрўз ҷавобгўй нестанд.
Муаллиф С. Сулаймонӣ
Адабиёт :
1. Олимов, М. Кохи дилафрўз. - Хуҷанд: Хуросон, 2003. - 85 с.
2. Стрельцов, Ю. А. - Культурология досуга [2003, DjVu, RUS]
3. Сулаймонӣ, С. Педагогикаи фароғат.-Душанбе: Ирфон, 2014.-321 с.
4. Сулаймонӣ, С. Педагогикаи фарҳанг.-Душанбе: Ирфон, 2013.-421 с.
5. Экспресс-анамез: Панорама культурной жизни зарубежных стран // Культура в современном мире. - 1998. - Вып. 2.